АЗ ДИРАФШИ КОВИЁН ТО ЛИВОИ ИСТИҚЛОЛ: ИДОМАИ ЯК ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

АЗ ДИРАФШИ КОВИЁН ТО ЛИВОИ ИСТИҚЛОЛ: ИДОМАИ ЯК ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

Миллати тоҷик дар масири тӯлонии ташаккули таърихии худ соҳиби фарҳанги ғанӣ, тамаддуни куҳан, анъанаҳои давлатдорӣ ва рамзҳои хоси маънавию миллӣ гардидааст. Яке аз чунин рамзҳо парчам мебошад, ки дар тӯли таърих на танҳо ҳамчун нишонаи низомӣ ё шоҳӣ, балки ҳамчун таҷассумгари соҳибихтиёрӣ, муттаҳидӣ ва ҳувияти ҷомеа хизмат кардааст. Аз ин рӯ, омӯзиши таърихи парчамдорӣ барои дарки решаҳои таърихию фарҳангии худшиносии миллӣ аҳаммияти махсус дорад.
Анъанаи истифодаи дирафшу нишонаҳои шоҳӣ дар сарзаминҳои бостонии тоҷикон таърихи қадима дорад. Ҳанӯз дар замони Ҳахоманишиён (550–330 пеш аз милод), тибқи маълумоти муаррихи Юнони қадим Ксенофонт, нишони шоҳии форсҳо тасвири уқоби тиллоӣ бо болҳои кушода будааст, ки бар сипар ҷойгир шуда, ба сари найза насб мегардид. Ҳарчанд ин нишонро бо парчами давлатӣ ба маънои муосир баробар донистан дуруст нест, мавҷудияти он аз қадим будани анъанаи истифодаи рамзҳои шоҳӣ ва низомӣ дар давлатдории бостонӣ шаҳодат медиҳад. Ин анъана дар марҳилаҳои минбаъдаи таърих низ идома ёфта, дар ривоятҳои мардумӣ ва осори адабию таърихӣ таҷассум пайдо кардааст.

Яке аз маъруфтарин намунаҳои он Дирафши Ковиён мебошад. Дар таърихи адабиёт ва фарҳанги ниёгони тоҷикон номи Коваи оҳангар бо мубориза барои адолат, озодӣ ва раҳоӣ аз зулм пайванди ногусастанӣ дорад. Ин достон дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос тасвир шудааст. Тибқи ривоят, дар замони ҳукмронии Заҳҳок мардум гирифтори зулму ситам буданд. Коваи оҳангар, ки аз кушта шудани фарзандонаш ва бедодгарии шоҳ ба танг омада буд, бар зидди ӯ қиём мекунад. Ӯ пешбанди чармии оҳангарии худро аз тан гирифта, ба нӯги найза меовезад ва онро ҳамчун рамзи эътирозу мубориза баланд мебардорад. Мардум гирди ин нишона ҷамъ омада, барои сарнагун кардани Заҳҳок муттаҳид мешаванд.
Пас аз пирӯзии Фаридун пешбанди Кова бо зару зевар, ҷавоҳирот ва тасмаҳои рангоранг оро дода мешавад. Ҳамин рамз дар ривоятҳои баъдӣ бо номи «Дирафши Ковиён» маъруф мегардад. Дар ин қисса пешбанди одии як оҳангар аз доираи ашёи рӯзмарра берун рафта, ба рамзи мубориза бо истибдод, адолатталабӣ ва муттаҳидии мардум табдил меёбад. Аз ҳамин ҷиҳат, достони Кова на танҳо ривояти қаҳрамонӣ, балки бозтоби ормонҳои деринаи инсонҳо барои озодӣ ва зиндагии шоиста мебошад. Дирафши Ковиён дар фарҳанги таърихии тоҷикон ҳамчун рамзи қадимаи мубориза барои озодӣ, муттаҳидӣ ва давлатдорӣ ёд мешавад. Ҷолиби диққат аст, ки ин рамзи таърихӣ имрӯз низ дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфтааст. Ин пайвандро метавон нишонаи эҳтиром ба мероси ниёгон ва бозтоби рамзии робитаи давлатдории муосир бо хотираи таърихии миллат арзёбӣ кард.
Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зарурати муайян намудани рамзҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба миён омад. 24-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ қабул гардид. Ин сана дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақоми махсус дорад ва ҳамасола ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ормонҳои созандаи мардуми кишвар аст. Он моро ба ёди роҳи пуршебуфарози таърих, ба қадр кардани дастоварди истиқлол ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад. Эҳтиром ба Парчам, пеш аз ҳама, эҳтиром ба давлат, миллат ва масъулияти ҳар яки мо дар назди имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз аст. Парчами давлатӣ дар муассисаҳои давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, майдонҳои шаҳрҳо ва чорабиниҳои муҳими миллӣ парафшон мешавад. Аммо ҷойгоҳи аслии он танҳо дар сутунҳо ва майдонҳо нест: Парчам бояд дар қалби ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҷой дошта бошад — ҳамчун рамзи ваҳдат, ифтихор ва садоқат ба Ватан.
Бигзор рангҳои Парчами Тоҷикистон ҳамеша дар осмони Ватани соҳибистиқлоламон парафшон бошанд ва ин рамзи муқаддас дар қалби наслҳои имрӯзаву оянда эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллиро бедор созад. Зеро Парчам танҳо порае аз матоъ нест; он таҷассумгари таърих, истиқлол ва ормони миллат барои ояндаи дурахшон аст.

Имамбердиева М.А. -омузгори калони кафедраи гистология 


25.11.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php