ҒАЙРАТОВА САИДА -НАМУНАИ ОИЛАДОРИИ ШОИСТА

ҒАЙРАТОВА САИДА -НАМУНАИ ОИЛАДОРИИ ШОИСТА

Оила ҳамчун ниҳоди муқаддаси ҷомеа дар тарбияи насли солим, таҳкими арзишҳои миллӣ ва рушди маънавии ҷомеа нақши калидӣ дорад. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими фарҳанги оиладорӣ ва баланд бардоштани мақоми оила таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар ин замина баргузории озмунҳои гуногуни маърифатӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла озмуни “Оилаи беҳтарин”, барои тарғиби зиндагии намунавӣ ва муносибатҳои солими оилавӣ аҳамияти муҳим дорад.

Боиси ифтихор аст, ки профессори кафедраи онкология, доктори илмҳои тиб Ғайратова Саида ҳамроҳ бо ҳамсарашон Ахмедов Ф. дар озмуни шаҳрии “Оилаи беҳтарин” фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ин дастоварди арзанда бозгӯи фарҳанги баланди оиладорӣ, эҳтироми мутақобила, ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббати самимии ин оилаи намунавӣ мебошад. Ғайратова Саида ҳамчун омузгори соҳибтаҷриба ва олими шинохта ҳамеша дар баробари фаъолияти илмӣ ва омузгорӣ ба масъалаҳои тарбияи маънавии ҷавонон, ҳифзи арзишҳои оилавӣ ва тарғиби ахлоқи ҳамида таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Иштирок ва муваффақияти ин оилаи бомаърифат дар чунин озмунҳо намунаи ибрат барои ҷавонон ва ҷомеа буда, нишон медиҳад, ки оилаи солим пояи асосии ҷомеаи пешрафта мебошад.

Раёсати донишгоҳ ҳайати устодону кормандонро бо ин дастоварди шоиста табрик намуда, ба оилаи Ғайратова Саида ва Ахмедов Ф. хушбахтӣ, саодатмандӣ, рӯзгори обод ва дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои нав ба нав орзу менамояд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


25.05.2026 14

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php