АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН - АРҶГУЗОРӢ БА МЕҲНАТИ ПУРШАРАФ

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН - АРҶГУЗОРӢ БА МЕҲНАТИ ПУРШАРАФ

Дар доираи тадбирҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи собиқадорони соҳаи тандурустӣ, тибқи супориши ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва мусоидати Иттифоқи касабаи кормандон (кумаки якдаъфаинаи молиявӣ) аёдати собиқадорони соҳа ба роҳ монда шуд.

Дар доираи ин ташаббуси неку инсонпарварона муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ-маъмурӣ Гулмаҳмадзода З. Г., декани факултети фарматсевтӣ Сафарзода Р.Ш., сардори шуъбаи тарбия Асламова Г.К., аз як қатор олимону собиқадорони соҳаи тиб аёдат ба амал оварда, онҳоро ба муносибати ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи роҳбарияти Донишгоҳ самимона табрик намуданд.

Зимни суҳбат бо собиқадорон таъкид гардид, ки саҳми онҳо дар рушду пешрафти соҳаи тандурустӣ, таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос ва ташаккули мактаби илмии тибби кишвар назаррас буда, таҷрибаи бой ва фаъолияти пурмасъулияти онҳо барои насли имрӯзаи мутахассисон мактаби ибрат ва сабақи зиндагӣ мебошад.

Намояндагони роҳбарияти Донишгоҳ ба собиқадорон саломатии бардавом, умри дароз, рӯзгори осуда ва хушбахтии хонаводагӣ орзу намуда, аз номи роҳбарияти Донишгоҳ туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулии идона тақдим карданд.

Собиқадорон аз таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи роҳбарияти Донишгоҳ изҳори сипос намуда, ба роҳбарият барои чунин иқдоми нек ва эҳтироми арзандаи аҳли илму маориф ва тандурустӣ арзи миннатдорӣ карданд.

Аёдати собиқадорон дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бозгӯи эҳтироми самимӣ ба шахсоне мебошад, ки умри худро ба рушди илму маориф, тандурустӣ ва тарбияи насли нави мутахассисон бахшидаанд. Чунин иқдомҳои хайрхоҳона барои таҳкими пайванди наслҳо, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва баланд бардоштани эҳсоси эҳтиром ба меҳнати содиқонаи собиқадорон аҳамияти муҳим доранд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


2
1
12.09.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php