ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОНҲО ДАР МУҚОВИМАТ БА АНДЕШАҲОИ ХУРОФӢ

ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОНҲО ДАР МУҚОВИМАТ БА АНДЕШАҲОИ ХУРОФӢ

Дар шароити муосири рушди ҷомеа масъалаи муқовимат ба андешаҳои хурофӣ, таассуб ва дигар зуҳуроти манфии маънавӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва ҷомеа табдил ёфтааст. Дар ин раванд ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа, қишри фаъолу ташаббускор ва ояндасози миллат масъулияти вижа доранд. Зеро маҳз ҷавонон дар марҳилаи ташаккули ҷаҳонбинӣ қарор дошта, метавонанд бо дониш, маърифат ва мавқеи фаъоли шаҳрвандии худ садди роҳи паҳншавии афкори хурофӣ гарданд.

Падидаи хурофот дар ҳама давру замон яке аз омилҳои асосии суст гардидани тафаккури илмӣ ва рушди иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Он инсонро аз дарки воқеияти зиндагӣ, арзёбии мантиқии ҳодисаҳо ва қабули қарорҳои дуруст дур месозад. Барои ҷавонон, ки бояд неруи созандаи ҷомеа бошанд, таъсири чунин андешаҳо махсусан хатарнок аст, зеро метавонад ба шаклгирии шахсияти онҳо таъсири манфӣ расонад ва онҳоро аз роҳи дониш, ихтироъкорӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ боздорад.

Масъулияти асосии ҷавонон дар муқовимат ба андешаҳои хурофӣ аз баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати сиёсиву иҷтимоӣ оғоз мегардад. Ҷавони донишманд ва соҳибтафаккур ҳеҷ гоҳ ба ҳар гуна суханони беасос, овозаҳо ва даъвоҳои ғайриилмӣ дода намешавад. Ӯ пеш аз қабули ҳар андеша онро таҳлил мекунад, ба манбаъҳои боэътимод такя менамояд ва аз нигоҳи ақлу мантиқ арзёбӣ месозад. Аз ин рӯ, рушди тафаккури интиқодӣ, омузиши илмҳои муосир ва истифодаи дастовардҳои технологияҳои иттилоотӣ барои ҷавонон ҳамчун сипари маънавӣ бар зидди хурофот хизмат мекунад.

Самти муҳими дигар ин таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳувияти шаҳрвандӣ мебошад. Андешаҳои хурофӣ бештар дар муҳите реша мегиранд, ки инсон аз таърихи худ, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои давлатдорӣ дур мондааст. Ҷавоне, ки ба мероси фарҳангии халқи худ арҷ мегузорад, аз саҳми аҷдод дар тамаддуни башарӣ огоҳ аст ва арзиши истиқлолу ваҳдати миллиро дарк мекунад, ҳаргиз ба таъсири андешаҳои бегона ва хурофӣ дода намешавад. Аз ин ҷост, ки баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ яке аз воситаҳои муассири муқовимат ба ин падида мебошад.

Имрӯз фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдони асосии муборизаи идеологӣ табдил ёфтаанд. Дар баробари паҳн намудани дониш ва иттилооти муфид, дар онҳо маводи зиёди беасос, овозаҳо ва ғояҳои хурофӣ низ ҷой доранд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд саводи баланди иттилоотӣ дошта бошанд, манбаъҳои хабарро бодиққат интихоб намоянд ва аз паҳн кардани маълумоти носанҷида худдорӣ кунанд. Масъулияти шаҳрвандии ҷавонон тақозо мекунад, ки онҳо на танҳо худ аз таъсири чунин андешаҳо эмин бошанд, балки барои огоҳсозии дигарон низ саҳм гузоранд.

Дар муассисаҳои таълимӣ ва муҳити донишгоҳӣ нақши ҷавонон боз ҳам муҳимтар аст. Донишҷӯён ва хонандагон метавонанд тавассути иштироки фаъол дар маҳфилҳои илмӣ, конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ муҳити солими маънавиро таҳким бахшанд. Мубодилаи афкор, баҳсҳои илмӣ ва таҳлили масъалаҳои рӯз дар байни ҷавонон имконият фароҳам меорад, ки онҳо нисбат ба ҳар гуна андешаҳои ғайриилмӣ мавқеи устувор дошта бошанд.

Масъулияти ҷавонон танҳо ба худмуҳофизат аз хурофот маҳдуд намешавад. Онҳо бояд ҳамчун ташаббускори тарғиби маърифат, илмомӯзӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа баромад намоянд. Ҷавоне, ки дорои мавқеи устувори сиёсӣ ва фарҳангии солим аст, метавонад дар оила, байни дӯстону ҳамсолон ва ҷомеа ҳамчун намунаи шахсияти огоҳ хизмат кунад. Тарғиби китобхонӣ, эҳтиром ба қонун, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва омӯзиши дастовардҳои илмӣ аз ҷумлаи масъулиятҳои муҳими ҷавонон дар ин самт мебошанд.

Аз диди сиёсӣ, муқовимат ба андешаҳои хурофӣ бо ҳифзи суботи ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва амнияти маънавии давлат пайванди мустақим дорад. Ҳар андешае, ки ҷавононро аз роҳи илм, меҳнат ва созандагӣ дур месозад, метавонад ба рушди ҷомеа монеа гардад. Аз ин лиҳоз, ҷавонон бояд бо дарки масъулияти баланди худ дар назди миллат ва давлат барои ҳифзи фазои солими фикрӣ саҳми арзанда гузоранд.

Ҳамин тавр, ҷавонон имрӯз дар сафи пеши мубориза бо андешаҳои хурофӣ қарор доранд. Муваффақияти ин мубориза аз сатҳи дониш, маърифат, худшиносӣ ва фаъолнокии иҷтимоии онҳо вобаста аст. Ҷомеае, ки ҷавононаш дорои тафаккури илмӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ мебошанд, метавонад бар ҳар гуна таҳдидҳои маънавӣ ва идеологӣ ғолиб ояд. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонони огоҳу масъулиятшинос заминаи асосии пешрафти устувори ҷомеа ва ояндаи дурахшони давлат мебошад.



 

Маллаев Т. Ҷ.-муовини декани факултети педиатрӣ


09.04.2026 59

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php