ҶАВОНОН – САРЧАШМАИ АСОСИИ РУШДИ КИШВАР

ҶАВОНОН – САРЧАШМАИ АСОСИИ РУШДИ КИШВАР

«Ҷавонон ба ҷаҳон бо чашмони қаҳрамонони худ менигаранд».

Вилгелм Швебел

Тоҷикистон расман яке аз «ҷавонтарин » кишварҳо на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми фазои ИДМ ба ҳисоб меравад. Шаҳрвандоне, ки синнашон то 25 сол аст , тақрибан 53% фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, Тоҷикистонро метавон кишвари ҷавонон номид. Ҷавонон манбаи неру, ғоя ва навоварӣ мебошанд. Онҳо технологияҳои навро аз худ мекунанд, стартапҳо таъсис медиҳанд, дар олимпиадаҳои байналмилалӣ пирӯз мешаванд, муҳити зистро ҳифз менамоянд ва дар ташаббусҳои ихтиёрӣ фаъолона иштирок мекунанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятноки рушди кишвар мешуморад. Барномаҳо дар соҳаҳои маориф, шуғли аҳолӣ, соҳибкорӣ ва фарҳанг барои худшиносӣ ва иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам меоранд. Ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ , иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат нақши назаррас доранд. Аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҷавонон қувваи асосии пешбаранда мебошанд, ки ба ислоҳоти васеъи миқёси миллӣ мазмуну муҳтавои нав мебахшанд.

Ҳамасола 23 май дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз рамзи эътирофи нақши ҳалкунандаи насли ҷавон дар рушди кишвар мебошад. Санаи ид ба муносибати солгарди таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Пеш аз ҷашн Ҳафтаи ҷавонон баргузор мегардад, ки дар доираи он чорабиниҳои гуногун бо дастгирии Кумита доир мешаванд. Ба ин чорабиниҳо мусобиқаҳои варзишӣ, озмунҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва шабҳои эҷодӣ дохил мешаванд.

Мувофиқи таснифоти Созмони Милали Муттаҳид, ҷавонон шахсони аз 15 то 24-сола мебошанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷавонони кишвари мо таҳти таваҷҷуҳ ва дастгирии махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, ки сиёсати хирадмандона ва ҳадафмандро ҷиҳати фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон амалӣ менамоянд.Ҷавонон ояндаи давлату миллат буда, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа нақши муҳим доранд. Сиёсати давлатии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирӣ ва ошкор намудани иқтидори насли ҷавон, фароҳам овардани шароит барои таҳсилоти босифат, таъмин бо ҷойи кор, ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон ва дастгирии истеъдодҳо равона шудааст. Ҷавонони Тоҷикистон иштирокчиёни фаъоли ҳаёти ҷамъиятӣ ва навовароне мебошанд, ки дар рушди иқтисодӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ ва боло бурдани обрӯи байналмилалии кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Давлат ба рушди зеҳнии ҷавонон фаъолона сармоягузорӣ мекунад.

Ташаббусҳои асосӣ инҳоянд:

·         Квотаи президентӣ (аз соли 2005), ки тибқи он зиёда аз 5000 донишҷӯ аз минтақаҳои дурдаст таҳсил мекунанд;

·         Барномаи байналмилалии стипендиявии «Дурахшандагон», ки дар доираи он зиёда аз 13 000 донишҷӯ дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд;

·         Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тақрибан 4200 хонанда ва донишҷӯ соҳиби он гардидаанд;

·         Васеъ намудани имкониятҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва малакаҳои рақамӣ.

Ҳамаи ин барои таъмини истиқлолияти кадрӣ ва рушди инноватсионии кишвар заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.

Дар Рӯзи ҷавонон дар шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон чорабиниҳои бошукӯҳ баргузор мегарданд. Дар пойтахти мамлакат ҳамасола роҳпаймоиҳои ҷавонон бо иштироки ҳазорон нафар баргузор мешаванд. Дар ин рӯзҳо дар саросари кишвар консертҳо, шабҳои шеър, мусобиқаҳои варзишӣ, марафонҳо, намоишгоҳҳо, форумҳо ва озмунҳо ташкил карда мешаванд.

Ба гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҷавонони тоҷик бояд фаҳмонида шавад, ки маҳз бар дӯши онҳо сарнавишти минбаъдаи давлат ва миллати тоҷик вогузор шудааст. Кӯшишҳои муштараки ҷавонон бояд ба рушди худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат намоянд.

«Шумо — ҷавононе ҳастед, ки бунёдгари ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва такягоҳи боэътимоди давлату миллат мебошед. Шумо дорои ҳисси баланди миллӣ буда, Ватани азизи худро самимона дӯст медоред, онро содиқона ҳимоя мекунед ва аз он ифтихор доред, ки фарзандони яке аз халқҳои қадимтарин ва тамаддунофари ҷаҳон ҳастед. Ман ба ақлу заковат, зиракӣ, худшиносӣ, ҷасорат, матонат, устуворӣ ва қувваи зеҳниву ҷисмонии шумо — фарзандони даврони истиқлол — эътимоди комил дорам. Бовар дорам, ки шумо анъанаҳои ватандӯстӣ , созандагӣ ва ободкории халқамонро идома дода, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта гардонида, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоред». Эмомалӣ Раҳмон

 

   

                                   Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


19.05.2026

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php