ҶАВОНОН -ПАРЧАМБАРДОРИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши тантанавии ҷавонону варзишгарон таҳти унвони «Ҷавонон - парчамбардори истиқлол ва давлатдории миллӣ» баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ва омузгорони ҷавони Донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамоиши мазкур бо мақсади гиромидошти арзишҳои Истиқлоли давлатӣ, арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти ҷавонон дар назди Ватан баргузор гардид.
Иштироки фаъолонаи ҷавонони Донишгоҳ дар ин ҳамоиш бозгӯи эҳсоси баланди худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва садоқати онҳо ба арзишҳои давлатдории миллӣ буда, аз таваҷҷуҳу дастгирии пайвастаи роҳбарияти Донишгоҳ ба тарбияи насли ҷавони худогоҳ, ташаббускор ва масъулиятшинос дарак медиҳад.
Зеро ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози кишвар дар ҳифзу таҳкими Истиқлоли давлатӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа ва муаррифии шоистаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим доранд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА ББО ҶОМЕА