ҶАВОНОН НЕРУИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ

ҶАВОНОН  НЕРУИ  ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ

Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад.Ҷавонон ояндасози   имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд.Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунанд.Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зурӯ бозӯи худТоҷикистонро бба ҷаҳониён муаррифӣ намуда парчамбардори меҳан мешаванд.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чуноне, ки дар ҳар баромадҳояшон борҳо таъкид менамоян, ки бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташакул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо бо шуғл таъмин намудани ин қишри фаъоли ҷомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавонон, моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.

Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.

 

Ҳасанов Ф.Ҷ.-мудири кафедраи беҳдошт ва экология


05.05.2026 19

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php