ҶАВОНӢ - НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ “БАЗМИ ҶАВОНӢ” ДАР ФАЗОИ ИСТИҚЛОЛУ САРФАРОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

ҶАВОНӢ - НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ “БАЗМИ ҶАВОНӢ” ДАР ФАЗОИ ИСТИҚЛОЛУ САРФАРОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар доираи чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси раёсати Донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Базми ҷавонӣ” дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Рӯдакӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ҳузури васеи устодону донишҷӯён, кормандони соҳаҳои гуногун, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷавонони фаъоли кишвар доир шуда, ба як маҳфили воқеии дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ватандӯстиву худшиносӣ ва тараннуми сиёсати ҷавонпарваронаи давлат табдил ёфт.

Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, саҳми Донишгоҳро дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи мутахассисони соҳибкасб ва ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагиву маърифатӣ баланд арзёбӣ карданд. Қайд гардид, ки баргузории чунин маҳфилҳои фарҳангӣ дар таҳкими ҷаҳонбинии ҷавонон, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва густариши фазои дӯстиву ҳамдигарэҳтиромӣ нақши муассир дорад.

Қисмати муҳими чорабинӣ намоиши дастовардҳои Донишгоҳ ба ҳисоб мерафт. Дар гӯшаҳои махсус дастовардҳои илмиву таълимӣ, корҳои эҷодии донишҷӯён, ихтирооту навовариҳо ва муваффақиятҳои варзишиву фарҳангии донишгоҳ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Меҳмонон аз сатҳи омодагӣ ва фаъолияти гуногунҷабҳаи донишҷӯён изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулон барои фароҳам овардани муҳити созандаи таълиму тарбия баҳои баланд доданд.

Ба чорабинӣ фазои тантанавӣ ва шукӯҳи бештарро барномаи консертии дастаи ҳунарии “Шифо” таҳти унвони “Суруди ҷавонӣ” бахшид. Ҳунармандони ҷавон бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона, таронаҳои дилнишин ва рақсу саҳначаҳои ҷолиб хотири иштирокдоронро болида гардонида, фазои идонаро рангоранг намуданд. Сурудҳои тараннумгари Ватан, истиқлол, дӯстӣ ва ҷавонӣ аз ҷониби ҳозирин самимона истиқбол гирифта шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барои ҳамкориҳои судманд, саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ Донишгоҳ бо Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

Баргузории чорабинии “Базми ҷавонӣ” бори дигар собит сохт, ки ҷавонони кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа баҳри таҳкими давлатдорӣ, рушди илму фарҳанг ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳисси баланди масъулият қадамҳои устувор мегузоранд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


21.05.2026

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php