АСРОРИ ЯК НОМ: АЗ ҲУСАЙН ИБНИ АБДУЛЛО ТО АБУАЛӢ ИБНИ СИНО (ПОСУХ БА САВОЛИ ШОГИРД)
Бисёр хушам меояд, вақте донишҷӯён кунҷковона оид ба масъалаҳои муҳими таърихию илмӣ саволҳо пешниҳод менамоянд. Донишҷӯе савол пешниҳод кард, ки чаро номи аслии Сино-Ҳусайн ибни Абдулло аст ва дар имрӯз аз ин шахсияти бузург, табиб, файласуф ва шоири машҳури форсу тоҷик Абуалӣ ибни Сино ном мебарем?
Вақте номи Абуалӣ ибни Синоро мешунавем, дар зеҳни мо фавран симои як нобиғаи бузурги илм, табиб ва файласуфи ҷаҳонӣ падид меояд. Аммо кам касоне медонанд, ки номи аслии ӯ Ҳусайн ибни Абдулло буд. Пас чаро таърих ӯро бо ин ном не, балки бо номи Абуалӣ ибни Сино мешиносад?
Ин савол натанҳо кунҷковӣ, балки як дарси фарҳангӣ ва таърихист.
Дар фарҳанги шарқӣ, махсусан дар ҷаҳони исломӣ, одатан ба номи шахсӣ шинохта намешуданд. Онҳо аксаран куния (номе, ки бо “Абу” ё “Умм” оғоз мешавад), насаб (пайванд бо падар ё аҷдод) ва баъзан лақаб доштанд. Куния нишони эҳтиром ва мартаба ба ҳисоб мерафт.
“Абуалӣ” маънои “падари Алӣ”-ро дорад. Ҳатто агар шахс фарзанди ба номи Алӣ надошта бошад ҳам, ин гуна куния ҳамчун рамзи эҳтиром истифода мешуд. “Ибни Сино” бошад ба насаби ӯ ишора мекунад, яъне ӯ аз авлоди шахсе бо номи Сино будааст. Устоди зиндаёд, профессор Исҳоқӣ Ю. Б. дар китоби хеш “Ибни Сино и медицинская наука” дар бораи ному насаби ин нобиғаи нотакрор навиштааст, ки “....дар навишти номи Абуалӣ ибни Сино ихтилофи зиёд вуҷуд дорад, то ҳаде, ки беш аз 20 шакли гуногун зикр мешавад. Бо такя ба назари забоншиносони маъруф ва олимони соҳаи таърихи тиб, номи пурраи ӯ Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан Абуалӣ ибни Сино. Дар бораи калимаи “Сино” низ назарҳо мавҷуданд. Гуфта мешавад, ки ин калима на арабӣ асту на туркӣ, балкӣ эҳтимолан тоҷикӣ буда, маънои “сӯрохкунандаи марворид” доштааст. Бештари сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки “Сино” метавонад лақаби ӯ ё падари ӯ бошад. “Сино” ҳамчун номи авлодӣ фаҳмида мешавад. Калимаи “Абуалӣ” бошад, маънои “падари Алӣ”-ро дорад. Яъне, номи “Абуалӣ ибни Сино” маънояш чунин шавад: “Падари Алӣ аз насли Сино”. Дар байни тоҷикон ва эрониён шакли кӯтоҳи “Буалӣ” низ паҳн шудааст. Гуфта мешавад, ки худи Ибни Сино низ дар шеърҳояш ҳамин номро истифода кардааст.”
Профессор Юсуф Нуралиев низ фикри болоиро тақвият дода, бо баъзе дигаргунӣ дар китоби хеш “Медицина эпохи Авиценны” менигорад, ки АБУ АЛӢ-аз калимаи арабии “абу” гирифта шудааст, ки маънояш “падари Алӣ” мебошад. Дар он замон шахсони муътабар ҳақ доштанд, ки лақаби фахрӣ ё кунияи “Абу” (яъне “падар”) гиранд, аммо одатан ин танҳо баъд аз падар шудан дода мешуд”. Қобили зикр аст, ки дар ин ҷо ривоятеро аз олими рус Валерий Воскобойников нишон диҳем, ки ба ин масъала равшанӣ бахшад. Ӯ дар китоби хеш “Ҳакими бузург”, ки фарогири ҳаёту фаъолияти Сино мебошад, чунин менависад: “Кулли осори тарбиявӣ-ахлоқии он давра таълим медоданд, ки “агар худой туо писаре диҳад, аввал номи хуш бар вай неҳ, ки аз ҷумлаи ҳақҳои падарон яке ин аст.... “Писараки ман, албатта соҳиби писар хоҳад шуд! –механдид Абдуллоҳ. Бигузор Ҳусайнҷони ман аз ин бобат ғам нахӯрад. Ман аллакай номи писари ояндаи ӯро Алӣ мондаам.” Вале дар худ андешид: “Ҳа, албатта, ба шарафи халифаи ҳақ Алӣ””[саҳ 7]. Ин ривоят то дараҷае ба ҳақиқат ҳам наздикӣ дорад, чунки манбаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки падари Сино-Абдуллоҳ аз исмоилиёни шаҳри Балх буд, ки баъдтар ба Бухоро кӯчида омад. Акнун ба тартиби зерин номи ӯ сабт гардид: падари Алӣ, Ҳусайни писари Абдуллоҳ, Абдуллоҳи писари Ҳасан, Ҳасани писари Алӣ, Алии писари Сино.
Профессор Ю. Нуралиев илова менамояд, ки “...аммо дар баъзе хонаҳои ашрофӣ чунин оддат вуҷуд дошт, ки ба тифли навзод ҳамзамон ҳам ном ва ҳам куния дода мешуд. Аз ҳамин сабаб, Абдуллоҳ вақте ба писараш номи Ҳусейн дод, ҳамзамон ба ӯ кунияи “Абу Алӣ”-ро низ дода буд. Бо ҳамин тарз, Ҳусейн соҳиби кунияи “Абу Алӣ” гардид.”
Шояд хонанда (шогирд) савол дошта бошад, ки пас чаро “Ҳусайн” кам истифода мешавад?
Ҷавоб оддӣ аст: таърих ҳамеша он номеро нигоҳ медорад, ки бештар маъруф ва таъсиргузор аст. Дар мавриди ин нобиға, маҳз “Абуалӣ ибни Сино” ба як рамзи илм, хирад ва тамаддун табдил ёфт. Ин ном дар китобҳо, осорҳо ва байни олимон паҳн шуд ва номи аслиро тадриҷан пушти сар гузошт.
Ин ҳолат танҳо ба ӯ хос нест. Дар таърих бисёр шахсиятҳо бо куния ё лақабашон машҳур шудаанд, на бо номи таваллуди худ. Яъне, ном танҳо як калима нест, балки як шахсияти таърихӣ мешавад. Ба назари банда агар ӯ танҳо “Ҳусайн” мемонд, шояд мо имрӯз ӯро ба ин андоза намешинохтем.
Адураҳмонзода З. В.-дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ