ҶАШНИ МЕҲРГОН

ҶАШНИ МЕҲРГОН

Ҷашнвораи Меҳргон аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми форсу тоҷик - ҷашни дӯстӣ ва хайрхоҳии байни мардум мебошад. Ин ҷашн дар рӯзи 16-уми моҳи Меҳр баргузор мешавад ва онро Рӯзи Меҳра мегӯянд.Он дар таърих бо номи Митракона ё Митра ном бурда мешавад ва таърихи 4 ҳазорсола дорад.

Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.

 

Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд. Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.

 

Ин ид бо рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҷорӣ шудани тақвими кишоварзӣ пайдо шуда, аслан ҷашни ҷамъоварии ҳосили деҳқон мебошад, ки дар оғози мавсими тирамоҳ таҷлил гардида, аз санаи 23 – юми сентябр то санаи 22 – юми октябр давом мекунад. Дар ин рӯзҳо деҳқонон ба ҷамъоварии ғалла шурӯъ менамоянд. Тибқи ривоятҳои қадимӣ, дар ин рӯз Шоҳ Фаридун Заҳҳокро шикаст дода, ӯро дар кӯҳи Дамованд зиндонӣ мекунад. Одамон ба ҳамдигар мактуб навишта, якдигарро табрик мекарданд ва тухфаҳо медоданд. Панҷ рӯзи аввал ҷашни мардумӣ буда, Меҳргони омма ё хурд номида мешуд, рӯзи шашум ҷашни расмӣ сар шуда аз ҷониби подшоҳ бо дарбориёнаш ҷашн гирифта мешуд ва онро Меҳргони булғур меномиданд.

 

Дар замони Сосониён ҷашни Меҳргон хеле бошукӯҳ ва ботантана ҷашн гирифта мешуд. Таҷлили Меҳргон ба Наврӯз шабоҳат дорад. Мардум хонаву дарҳои худро тоза карда, либосҳои беҳтарини худро ба бар мекарданд, худро оро дода, ба ҷашнвора мерафтанд. Умуман, он рӯз ҳама бо ҳамдигар хеле меҳрубон буданд. Дар байни деҳқонони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон иди ҳосилот барин анъанаҳои нав пайдо шуданд. Истиқлолият ба ҷашни Меҳргон ҳаёти нав бахшид.

 

Аз рӯйи андеша ва эътиқоди ниёгони мо, Меҳргон дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар он тавозуни кайҳонӣ, баробарии шабу рӯз мавҷуд буда, ба ҳамин далел ин моҳро моҳи Меҳр номидаанд. Ниҳоят, эҳёи ҷашни миллии Меҳргон саривақтӣ буда имконият медиҳад, ки таҷлили он он аз насл ба насл гузарад.


Кафедраи акушерӣ ва гинекологии №1


20.10.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php