ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ФАЗОИ ФАРҲАНГУ СУРУД

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ФАЗОИ ФАРҲАНГУ СУРУД

1 августи соли 2026 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Рӯдаки ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо мақсади таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ доир шуда, сокинону меҳмонони пойтахтро ба ҳам овард.

Дар доираи барнома дастаи ҳунарии «Шифо»-и Донишгоҳ бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, оҳангҳои дилнишини миллӣ ва рақсҳои ҷолиб табъи иштирокдоронро болида гардонид. Ҳунармандони даста бо маҳорати баланди иҷро ва барномаи рангини консертӣ дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, муҳаббат ба Ватан, сулҳу ваҳдат ва арзишҳои миллиро васф намуда, фазои идонаро боз ҳам шукуҳмандтар сохтанд.

Иштирокчиён баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиро дар роҳи баланд бардоштани маърифати миллӣ, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Чорабинии фарҳангии Донишгоҳ бо суруду мусиқии дилангез, рақсҳои ҷаззоб ва эҳсоси баланди ифтихор аз Ватани соҳибистиқлол анҷом ёфта, туҳфаи арзандаи аҳли Донишгоҳ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Чорабнии идона аз ҷониби аҳли санъати Донишгоҳ то ҷашни Истиқлол идома дода мешавад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


04.08.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php