АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТҲОИ ПРОФЕССОР ХОЛИҚОВ ТОҶИБОЙ ХОЛИҚОВИЧ

АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТҲОИ ПРОФЕССОР ХОЛИҚОВ ТОҶИБОЙ ХОЛИҚОВИЧ

Дар кафедраи рентгенология ва радиология бахшида ба Рӯзи байналмилалии рентгенологҳо ва радиологҳо, ки ҳамасола 8 ноябр таҷлил мегардад, семинари илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Чорабинӣ ба гиромидошти хотираи доктори илмҳои тиб, профессор Холиқов Тоҷибой Холиқович бахшида шуда, ба 85-солагии зодрӯзи ӯ ихтисос дошт.

Дар семинар мудири кафедра, номзади илмҳои тиб, дотсент Сайфиддинзода М.Б., дотсенти кафедра, саррентгенологи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов В.Ш., омузгори калон Раҳмонов Б.И. ва меҳмони фахрӣ, академик, доктори илмҳои тиб, профессор Мироҷов Ғиёсудин Қутбудинович суханронӣ намуда, аҳамияти ташхиси шуоӣ ва саҳми олимону мутахассисони варзида дар рушди соҳаи радиологияро таъкид карданд.

Дар бахши ёдбуд фаъолияти илмӣ, омузгорӣ ва саҳми арзандаи профессор Холиқов дар рушди рентгенологияи Тоҷикистон, аз ҷумла ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхисӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки таҳти роҳбарии илмии ӯ панҷ рисолаи номзадӣ ҳимоя шуда, шогирдони зиёде ба камол расидаанд. Ҳамчунин, ординатори соли дуюми кафедра Зияева Малика оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмии профессор маъруза пешниҳод намуд.

Дар анҷом навори видеоӣ бахшида ба иди касбии рентгенологҳо ва радиологҳо намоиш дода шуд. Семинар бо арҷгузорӣ ба хотираи олими соҳибмактаб ва таъкиди нақши таҷрибаи наслҳои пешин дар омода намудани мутахассисони ҷавон ҷамъбаст гардид.

Кафедраи рентгенология ва радиология


17.11.2026

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php