АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТҲОИ БИСЁРСОЛАИ ОМУЗГОРИ СОҲИБТАҶРИБА
Дар Донишгоҳ бахшида ба 80-солагии собиқадори соҳаи тандурустӣ, муаллими калони кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона Мамадярова Малика Гиясовна чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш устодону кормандон, ҳамкасбон ва шогирдони муаллима иштирок намуда, аз фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар тарбияи мутахассисони соҳаи тиб ва хизматҳои бисёрсолаи ӯ дар рушди илму маориф ва тандурустии кишвар ёдовар шуданд.
Зимни чорабинӣ аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ ба муносибати ин санаи фархунда ба Малика Гиясовна мукофотпулӣ тақдим гардид.
Дар ҷараёни ҳамоиш раиси Иттифоқи касабаи кормандон Одинаев И.С., роҳбарияти кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона ва профессор Н. М. Хоҷаева суханронӣ намуда, аз фаъолияти бисёрсола, меҳнати софдилона, садоқат ба касб ва саҳми назарраси Малика Гиясовна дар таълиму тарбияи чандин насли табибон ёдоварӣ карданд.
Қайд гардид, ки Малика Гиясовна Мамадярова ҳамчун омузгори соҳибтаҷриба ва инсони фидокор дар миёни ҳамкасбон ва шогирдон соҳиби эҳтирому обрӯи баланд буда, фаъолияти чандинсолаи ӯ барои ҷавонон намунаи ибрат мебошад.
Дар анҷоми чорабинӣ ба соҳибҷашн тансиҳативу саодатмандӣ, умри дароз ва комёбиҳои минбаъда таманно карда шуд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА