АРҶГУЗОРӢ БА ҚАҲРАМОНӢ ВА ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР КАФЕДРАИ РЕНТГЕНОЛОГИЯ ВА РАДИОЛОГИЯ

АРҶГУЗОРӢ БА ҚАҲРАМОНӢ ВА ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР КАФЕДРАИ РЕНТГЕНОЛОГИЯ ВА РАДИОЛОГИЯ

Санаи 7-уми майи соли ҷорӣ дар кафедраи рентгенология ва радиология чорабинии фарҳангиву тарбиявӣ бахшида ба 81-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо иштироки васеи донишҷӯён, ординаторони клиникӣ ва ҳайати омузгорони кафедра баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҳамоиш баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои иштирокчиёни ҷанг ва эҳтиром ба собиқадорони меҳнату маориф арзёбӣ гардид.

Дар чорабинӣ Собиқадори меҳнат, Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, дотсент Мухторова Гавҳар Аброровна ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок намуда, суханронии пурмуҳтаво анҷом доданд. Зикр гардид, ки ин омузгори варзида шоҳиди даврони душвори ҷанг буда, ҳамзамон ҳамсари иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Нуриддинов Атоулло ва фарзанди иштирокчии ҷанг Мухторов Аброр мебошанд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз низ анъанаҳои неки ин оилаи намунавӣ идома дошта, фарзанди ягонаи онҳо Нуриддинов Ҷаҳонгир Атоуллоевич ҳамчун омузгор дар ҳамин кафедра фаъолияти педагогӣ дорад. Ин пайванди наслҳо нишонаи эҳтиром ба таърих, садоқат ба касб ва идомаи рисолати маърифатпарварӣ мебошад.

Зимни суханронии худ Мухторова Гавҳар Аброровна ба роҳбарияти кафедра, бахусус ба олимаи ҷавон, ташаббускор ва табиби ҳозиқ Сайфуддинзода Мунфиза Бурҳон барои ташкилу баргузории чунин чорабинии муҳиму тарбиявӣ изҳори сипос намуданд. Мавсуф таъкид карданд, ки новобаста аз самти ихтисос, тарбияи маънавии ҷавонон, эҳтиром ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи муҳими ҳар муассисаи таълимӣ ба шумор меравад.

Меҳмони фахрӣ инчунин аз корнамоии шавҳар, падар ва ду нафар тағоҳои худ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуда, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва эҳтиром ба таърихи миллат даъват намуданд. Суханронии самимӣ ва пурмазмуни эшон дар руҳияи иштирокчиён таъсири амиқ гузошт.

Дар фарҷоми чорабинӣ омузгорони кафедра низ суханронӣ намуда, ба меҳмони гиромӣ барои хизматҳои шоиста ва саҳми арзандаашон дар рушди илму маориф туҳфаи хотиравӣ тақдим карданд.

Бояд таъкид намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар баробари гиромидошти таърихи миллат, барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ нақши муҳим дорад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


08.05.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php