ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ҶОНИБИ ТОҶИКИСТОН ДАР СММ
Дар Маркази ташхису табобати Донишгоҳ бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027-2036» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Марказ, омӯзгорон, ординаторони клиникӣ ва кормандони соҳаи тандурустӣ иштирок намуда, доир ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ, саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва нақши Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии сулҳофарин маърӯзаҳо ироа гардиданд.
Зимни баромадҳо таъкид шуд, ки қабули қатъномаи мазкур аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид боз як дастоварди муҳими дипломатияи тоҷик ба шумор рафта, эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин иқдом барои таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамгироии байналмилалӣ дар миёни наслҳои оянда заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки ҳифзи Ваҳдати миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва сулҳпарварӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, ҷомеаи тиббии мамлакат низ дар ин самт саҳми арзандаи худро мегузорад.
Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён аз сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат ҷонибдорӣ намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид карданд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА