ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳ бо ташаббуси Ҷамъияти илмии донишҷӯён бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ донишҷӯён дар мавзуи таъриху ташаккули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаҳои таърихию ҳуқуқии қабули он, моҳияти рамзии рангҳо ва нақши парчам дар ташаккули худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои давлатдории миллӣ маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.

Иштирокчиён таъкид карданд, ки Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси давлатдорӣ таҷассумгари соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти сиёсӣ, ҳувияти миллӣ ва ягонагии мардуми Тоҷикистон буда, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба он нишонаи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, доир ба зарурати баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, тарбияи насли ояндасоз дар рӯҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ-маърифатӣ барои тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ, рушди тафаккури таҳлилӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими худшиносии миллии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


18.11.2026

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php