ҶАЛАСАИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар ҷаласа аъзои Шурои олимон, роҳбарияти факултет, мудирони кафедраҳо ва шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва ташкилии факултет барои соли таҳсили 2026-2027 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, масъалаҳои тасдиқи нақшаи корӣ ва ҳайати Шурои олимони факултети тиббӣ барои соли таҳсили 2026-2027, омодагии деканат ва кафедраҳо ба соли нави таҳсил, таъминоти донишҷӯён бо адабиёт ва дастурҳои таълимӣ, инчунин таҳлили натиҷаҳои сессияи имтиҳонии тобистона ва имтиҳонҳои аттестатсияи хатм баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон, ҳисоботи директори Маркази омузиши симулятсионӣ оид ба фаъолияти марказ ва масъалаи таҳлили иҷрои сарбории таълимии омузгорон дар кафедраҳои факултет шунида шуданд.
Дар қисмати масъалаҳои гуногун мавзӯъҳои марбут ба тасдиқи рисолаҳои илмӣ, интихоби довталабон ба тариқи озмун ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар анҷоми ҷаласа аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба шахсони масъул ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати онҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.
ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ