ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ

Санаи 18 ноябри соли 2026, ҷаласаи навбатии Шурои олимони факултети тиббӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои Шурои олимон, роҳбарияти факултет, мудирони кафедраҳо ва шахсони масъул иштирок намуданд.

Ҷаласа тибқи рӯзномаи тасдиқшуда баргузор шуда, масъалаҳои муҳими таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии факултет мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар оғози ҷаласа раиси Шурои олимони факултети тиббӣ Саидзода Б.И. оиди интизом ва давомоти донишҷӯён сухан намуд ва инчунин муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аҳрориён З.А. ҷиҳати одобу ахлоқ, интизом ва риояи қоидаҳои дохили донишгоҳӣ маъруза ироа намуд. Баъдан ахбор оид ба тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҶТ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва тандурустӣ, ҳамзамон ахбор доир ба дарсҳои кураторӣ дар кафедраҳои факултет мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Баъдан ҳисоботҳо оид ба фаъолияти таълимию-методӣ, тарбиявӣ ва илмии кафедраҳои биология бо асосҳои генетика, физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ, гистология, биохимия, физиологияи нормалӣ, фанҳои ҷомеашиносӣ ва забонҳои хориҷӣ вобаста ба баланд бардоштани сифати таҳсилот пешниҳод гардиданд.

Дар қисмати масъалаҳои гуногун тасдиқи мавзӯъҳои рисолаҳои илмӣ, масъалаҳои таълимӣ, инчунин масъалаҳои шомил нашудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва даст назадан ба корупсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷом аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба шахсони масъул ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати онҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.

САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ


20.11.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php