ҶАЛАСАИ НАХУСТИНИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ ДАР СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ БАРГУЗОР ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАХУСТИНИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ ДАР СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ҷаласаи нахустини Раёсати Донишгоҳ дар соли нави таҳсили 2026-2027 баргузор гардид.

Пеш аз оғози ҷаласа ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, иштирокдорони ҷаласаро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози соли нави таҳсил самимона табрику муборакбод намуданд. Ректори Донишгоҳ таъкид карданд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик ҳамчун неъмати бузурги миллӣ заминаи мусоиди рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла илму маориф ва тандурустиро фароҳам овардааст. Дар ин замина, аҳли Донишгоҳро зарур аст, ки бо фаъолияти созанда ва масъулияти баланди касбӣ дар таҳкими дастовардҳои соҳа саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар идомаи маросими тантанавӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва оғози соли нави таҳсил як қатор олимону омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳ барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва илм бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ба як қатор кормандони Донишгоҳ нишони соҳавии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишони «Аълочии Иттифоқҳои касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон» дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

Қадрдонии олимону омӯзгорон дар оғози соли нави таҳсил ифодагари арҷгузорӣ ба заҳмати содиқонаи аҳли илму маориф ва ҳавасмандсозии онҳо барои фаъолияти минбаъдаи самаранок мебошад.

Сипас, масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Раёсати Донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба ташкили дурусти раванди таълиму тарбия, фаъолияти сохторҳои донишгоҳӣ, иҷрои вазифаҳои дар назди масъулин гузошташуда ва омодагиҳо ба соли нави таҳсил мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни ҷаласа ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини сохторҳои дахлдорро вазифадор намуданд. Таъкид гардид, ки чорабиниҳои бахшида ба ин ҷашни муҳими миллӣ бояд бо иштироки васеи устодону кормандон ва донишҷӯён, дар сатҳи баланди омодагӣ ва мутобиқ ба арзишҳои миллӣ баргузор карда шаванд.

Ҷаласаи нахустини Раёсати Донишгоҳ дар соли нави таҳсил бо муайян намудани вазифаҳои минбаъда ва дастуру супоришҳои мушаххас ба масъулин анҷом ёфт.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


12
11
10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
26.08.2026 8

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php