АКСИЯИ УМУМИҶУМҲУРИЯВИИ «РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ» ДАР МАРКАЗИ ТАШХИСУ ТАБОБАТИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар доираи аксияи мазкур ба 105 нафар аҳолӣ машварат ва муоинаи ройгони тиббӣ пешниҳод гардид. Шаҳрвандон тавонистанд аз хизматрасонии мутахассисони самтҳои гуногун, аз ҷумла муолиҷавӣ, стоматологӣ, урологӣ, эндокринологӣ ва бемориҳои пӯст баҳравар гарданд. Табибони соҳибтаҷрибаи марказ ба муроҷиаткунандагон тавсияҳои муфид оид ба пешгирӣ, ташхиси барвақтӣ ва тарзи дурусти табобати бемориҳо пешниҳод намуданд.
Зимни баргузории ин чорабинӣ ба масъалаҳои тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, ғизои дуруст ва пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Иштирокчиён аз чунин иқдоми иҷтимоӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, онро барои беҳтар намудани сатҳи саломатии ҷомеа муҳим арзёбӣ карданд.
Баргузории чунин аксияҳо дар Маркази ташхису табобати Донишгоҳ нишонаи таваҷҷуҳи роҳбарияти муассиса ба ҳифзи солимии ҷомеа ва иҷрои рисолати инсондӯстонаи касби табибӣ мебошад.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА