АКСИЯИ “ТОЗАГӢ ДАР МУАССИСА”
Ба хотири пешвоз гирифтани соли нави таҳсил, таҷлили сазовор аз 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳамин васила иҷро намудани дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми августи соли 2024 дар МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” аксияи “Тозагӣ дар муассиса” бо иштироки васеи кормандони бахши хоҷагидорӣ ва омӯзгорон баргузор карда шуд.
Дар баробари тозаю озода намудани гирду атроф, кӯчаҳо ва роҳравҳои пиёдагард даруни биноҳои таълимӣ-аудиторияҳо, лабораторияҳо, утоқҳои корӣ низ тозаю озода карда шуд.
Чунин иқдоми нек дар дигар сохторҳои Донишгоҳ- Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ, МТИК “Фарматсия” ва Маркази ташхисию табобатӣ низ бо маром ҷараён гирифт.
Қобили зикр аст, ки масъалаи тозаю озода намудани гирду атроф, гулкорию сарсабзгардонӣ ва ҳамсоли инҳо чандсолаҳо дар Донишгоҳ ба ҳукми анъана даромада, пайваста роҳандозӣ карда мешавад. Масъалаи мазкур зери таваҷҷуҳи роҳбарияти Донишгоҳ қарор дошта, минбаъд низ густариш дода мешавад.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ
ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ