ҚАДРШИНОСИИ СОБИҚАДОРОН - ЭҲТИРОМ БА МЕРОСИ МЕҲНАТӢ
Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти Донишгоҳ, инчунин бо мусоидати Иттифоқҳои касабаи кормандони донишгоҳ, аёдат ва қадршиносии собиқадорони меҳнат идома дорад.
19 сентябри соли 2026 муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ Аҳрориён З. А. аз собиқадори меҳнат, доктори илмҳои тиб, профессори кафедраи беҳдошт ва экология Бобоев Абдунаим аёдат ба амал овард.
Зимни мулоқот профессор Бобоев Абдунаим ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта шуда, ба ӯ барои хизматҳои арзанда дар рушди илми тиб, фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи наслҳои ҷавони мутахассисони соҳаи тандурустӣ эҳтирому сипос баён гардид.
Дар идомаи аёдат ба собиқадори меҳнат мукофотпулӣ тақдим карда шуд. Таъкид гардид, ки эҳтиром ва дастгирии собиқадорон, ки солҳои умри худро ба рушди соҳаи маорифу тандурустӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос бахшидаанд, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
Дар навбати худ, профессор Бобоев Абдунаим барои таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти донишгоҳ ва Иттифоқҳои касабаи кормандон изҳори сипос намуда, ба фаъолияти минбаъдаи ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ барору комёбӣ орзу кард.
Аёдати собиқадорони меҳнат дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизматҳои шоистаи онҳо ва идомаи суннати неки қадршиносии аҳли илму маориф ва тандурустӣ ба роҳ монда шудааст.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА