АБУАЛӢ ИБНИ СИНО - ПАЙВАНДГАРИ ХИМИЯ БО ТИБ
Абуалӣ ибни Сино ҳамчун ҳаким ба илми химия аз нигоҳи тиб наздик шудааст. Яке аз хизматҳои асосии Абуалӣ ибни Сино дар илми химия ин истифодаи моддаҳои химиявӣ дар тайёр намудани маводи доруворӣ мебошад. Илми химия ба тараққиёти тиб ёрии калон мерасонад, ки ба ин ҳеҷ кас шубҳа надорад. Абуалӣ ибни Синоро кашшофи карболен (хосияти адсорбсионии ангишт) ҳисоб кардан мумкин аст, зеро ӯ дар асарҳояш хосияти ҷаббандагӣ доштани ангишти чӯбро нишон дода буд. Ба одамоне, ки даҳондард мешуданд, милкашон варам мекард ё худ даҳонашон буй мекард хоида партофтани ангишти чубро тавсия медод. Маълум аст, ки дар ин маврид ангишти чуб моддаҳои заҳри даҳону дандонро ҷаббида мегирад ва даҳон тоза мешавад. Ҳамин хосияти адсорбсионии ангиштро ба ҳисоб гирифта онро ҳамчун моддаи ҷаббанда (адсорбент) дар ниқоби зидди газӣ (противогаз) дар ҷанги дуюми ҷаҳон истифода бурда ҳазорҳо одамонро аз марг наҷот додаанд.
Абуалӣ ибни Сино дар ҷилди панҷуми асари худ “Алқонун” ҳангоми таҳқиқ кардани моддаҳо ба об аҳамияти махсус додааст. Ӯ обро ҳамчун офаранда, вайронкугнанда ва ҳалкунандаи ҳамаи дигар ҷисмҳо ҳисобидааст. Дар мавридҳои алоҳида ҳалшавии ягон моддаро дар об аз як шакл ба шакли дигар мубаддалшавӣ меномад. Азбаски дар об металлҳои гуногун ба андозае ҳал мешаванд, Сино ба обҳои минералӣ диққати махсус додааст. Масалан ӯ зикр мекунад, ки агар дар обҳои минералӣ миқдори муайяни тилло ва нуқра ҳал шуда бошад, чунин обҳо ба организм таъсири хуб мерасонанд. Инчунин вай дар бораи оби муқаттар, (дистилатсионӣ) яъне оби бо усули буғронӣ тозакардашуда, ки хосияти хуби ҳалкунандагӣ дорад, маълумот додааст. Абуалӣ ибни Сино ҳангоми тайёр кардани доруҳо аз оби муқаттар истифода мебурд. Вай дар бораи тарзи тайёр кардани оби муқаттар, фарқи он аз оби муқаррарӣ ва хосиятҳои он маълумоти муфид додааст.
Абуалӣ ибни Сино намакҳои баъзе металлҳои вазнинро ҳамчун дорувор тавсия менамуд. Ӯ усулҳои тайёр кардани намаки ош (хлориди натрий) ва сулема (хлориди симоб)-ро ошкор сохтааст. Вай вобаста ба тасаввуроти ҳамонвақта дар бораи дигар металлҳо аз он ҷумла: оҳан, мис, қурғошим, қалъагӣ ва нуқра маълумот медиҳад. Сино мис ва пайвастҳои онро барои тайёр кардани марҳамҳо ба мақсади муолиҷаи бемориҳои чашм ва пуст истифода мебурд. Мавсуф зикр мекунад, миси беҳтарин миси Кипр ба ҳисоб рафта ранги зард ё сурх дорад. Инчунин дар бораи оҳан сухан ронда менависад, ки агар оҳани зангзадаро дар сирко ҳал карда ҷӯшонед, ва маҳсули онро полоида гиред барои бемории шуш даво аст. Яъне, Сино атсетати оҳанро ҳамчун маводи доруворӣ тавсия намудааст. Аз нуқтаи назари вай нуқра хосияти хушккунӣ дошта агар нуқраро бо дигар доруҳо омехта карда ба ҷароҳат бандем, дар ҷои ҷароҳат фасод ҷамъ намешавад. Дар бораи симоб , бухоршавии симоб, заҳрнокии симоб ва тарзи истифодаи он барои муолиҷаи бемориҳои гуногуни пуст маслиҳатҳои муфид додааст. Доир ба пайвастшавии сулфур бо дигар металлҳо, истифодаи пайвастҳои сулфур ҳамчун доруворӣ маълумот пешниҳод кардааст. Олим бештар ба хосиятҳо, ҳосил кардан ва истифодаи ҳафт металли (тилло, нуқра , мис, оҳан, симоб, қурғошим ва қалъагӣ) дар ҳамон замон машҳургашта бештар аҳамият медод ва тиллоро дар ҷои аввал мегузошт. Вай аз ҳамаи илмҳои замони худ бохабар буд ва бо ҳодисаҳои табиат бо чашми хирад менигарист. Дар таҳқиқотҳои илмии худ нисбат ба ҳамаи ҳаммаслаконаш пеш рафта буд. Масалан вай ақидаи алхимиявии табдилёбии металли ғайриаслӣ ба металли химиявӣ, ҳосил кардани металли қиматбаҳоро, ки бисёр алхимикҳо ба он боварӣ доштанд, қобили қабул намеҳисобид. Умуман инкишофи илми химия дар асри миёна ба номи файласуф, табиатшинос, табиб ва адиби бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино марбут буда дар китоби “Алқонун” вай инкишофи илми химия ва ҳамаи маълумотҳои замони худро ҷамъбаст карда фикру мулоҳизаҳои хешро баён сохтааст.
Хулоса ба тасвиб расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб” боз як иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳае мебошад, ки сарчашмаи асосии пешрафти устувори давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Қиматзода Р.С. – мудирии кафедраи
химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ