АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ОИД БА МИЗОҶ ВА ХОСИЯТИҲОИ МУОЛИҶАВИИ ГИЁҲИ МАРВ (СУБИНАК - ORIGANUM TYTTANTHUM GONTSCH)

 АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ОИД БА МИЗОҶ  ВА ХОСИЯТИҲОИ МУОЛИҶАВИИ ГИЁҲИ МАРВ (СУБИНАК - ORIGANUM TYTTANTHUM GONTSCH)

Муҳимият. Абуали ибни Сино дар китоби худ «Конуни фит- тиб» (китоби II-юм дар бораи доруҳои соддаи шифобахш) дар бораи мизоҷ ва хосиятҳои шифобахшии гиёҳи марв (субинак) аз нуқтаи назари илмии худ маълумот додааст. Вай растании субинакро марв гуфта эҷод кардааст. Аз рӯи маълумотҳои мутафаккир Абуали ибни Сино (асри Х) ҳамаи намудҳои марв (субинак) паҳнкунандаи бод, латиф ва ҳалкунандаи дамиш ва балғам буда, соддаҳоро андар куҷое набошад, бикшояд. Марвро бо шир андар гуши дарднок бичаконанд. Марв балғамро аз меъда ҳал кунад ва дарди меъда суд бахшида, худи онро қавӣ гардонад. Марв рудаҳоро қавӣ созад ва тухмашро агар бирён кунанд, аз саҷҳ (ссадин в кишках) ва аз эусанториё (дизентерия) нофеъ бошад ва агар бирён накунанд, балғамро ба исҳол оварад.

         Вале Абуалӣ ибни Сино дар бораи марви мушктаромашир (диктамн) Origanum Dictamnus L. чунин менависад: хуни ҳайз ва пашобро бо андозае сахт битозонад, ки ҳатто пешоби хунинро ба вуҷуд оварад. Ошомидан, бухур кардан ва ба зер гирифтани он ҷанинро берун орад. Шароби он хуни нифосро (послеродовую кровь) фурӯ резонад.

Ҳамин тариқ, марв диктамн (субинак) -Origanum Dictamnus L. кашиши мушакҳои бачадонро фаъол намуда, бачапартоиро ба вуҷуд биёрад. Origanum Dictamnus L. ба занҳои ҳомила ва дар марҳилаи ҳомиладорї, беморони рагҳои хунгард, дил ва баландшавии туршии меъда тавсия дода намешавад. Дигар намуд субинакҳо хосияти бачапартоӣ надоранд.

КОКУТИИ ГУЛМАЙДА (Origanum tyttanthum Gontsch) ба забони тоҷикї-субинаки гулмайда, сипарғам, субинак, севинак, ҷамилак, пудинаи куҳӣ, бо лаҳҷаи помирӣ- киравҷ, марв, пухтаивъидъм, ба забони узбекӣ-қоқутӣ, қоқотӣ, кукуҷамилак, яке аз растаниҳои бисерсолаи худруй аз оилаи Лабиата (Labiatae) ба ҳисоб меравад. Кокутии гулмайда дар Тоҷикистон дар ҷойҳои сералаф аз поёноб то қаторкуҳҳои обрав меруяд. Он дар Помиру-Алай ва Тянь-Шан дар пасткуҳҳо (1000 м баландии сатҳи баҳр) ва қисман баландкуҳҳо (3000м) хеле васеъ паҳн шудааст. Масоҳати умумии теппаҳои кокутии гулмайда дар минтақаҳои кӯҳӣва кӯҳии Тоҷикистон беш аз 140 ҳазор гектарро ташкил мекунад, захираи умумии ашёи дар ҳаво хушкшуда 6490 тонна мебошад. Ҳангоми зарурат ду маротиба ҷамоварӣнамудан мумкин аст, чунки дар охири тобистон метавонад дуюмбора шукуфта барои дорухои растанигӣҳамчун ашё истифода шавад]. Ба шароити хоку иқлим бетаъсир будани кокутии гулмайда шукуфта паҳншавии он дар теппаҳои худруй ва ба заминҳои барои хоҷагии қишлоқ номувофиқ дар бисёри ноҳияҳои куҳсори Тоҷикистон муайян кунад. Ин намуди кокутӣба таври вегетативӣва тухми хуб зиёд мешавад, пас аз буридан нисбатан зуд масабзад. Дар ҷумҳурии мо кокутии гулмайда тамоми сол меруяд. Агар ашеи онро дар давраи гулкунӣҷамоварӣнамоем, он метавонад ду маротиба ҳосили пурра диҳад. Аз ин рӯ, агар қоидаҳои маълуми маҳсулоттайеркуни риоя карда шаванд, захираи он хеле зиёд мешавад ва он ба ҳифзу муроғибат эҳтиёҷ дошта ба истифодабарии самараноки намояндаи ин оила (дар қаторкуҳҳои Ҳисор ва Дарвоз) ба миён меояд.

       Навъҳои гуногуни кокутӣ ба қадимтарин маҳсулоти доруворӣва хурокворӣдохил мешавад, ки тӯли ҳазорсолаҳо дар тибби халқии системаҳои гуногуни тиб ва инчунин дар тибби халқии даҳҳо мардуми қадим ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Олимони машҳури тибби форсу тоҷик, ба монанди Сахарбахт (асрҳои YIII-IX), Абу Сахл (асрҳои YIII-IX), Абумансур Муваффақ (асри X), Мухаммад Закария Рази (асри Х), Абуалӣ ибн Сино (асрҳои X-XI), Абурайхон Беруни (асрҳои X-XI), Мухаммад Хусейн Шерази (асри XYII) ва бисёр дигар олимон дар бораи хосиятҳои шифобахшии навъҳои гуногуни кокутӣмаълумот додаанд. Дар адабиёти классикии қадими форс кокутиро марв меномиданд. Аммо нахустин тавсифи “марва хамешабаҳор”-ро дар асарҳои Ибн Сахарбахт (асрҳои YIII-IX) вомехурем ва вожаи “ҳамешабахор” аз вожаи форсӣё тоҷикии “ҳамеша” пайваста, ҳамеша ва “баҳор” – чашмаест, ки ба маънои “ҳамешасабз” омадааст. Ин аз он сабаб аст, ки дар шароити Осиёи Миёна, Эрон ва Афғонистогн кокутии гулмайда 3-4 курак дода пайваста мунтазам месабзад. Дар мавридҳое, ки кокутиро даравида намешавад, қисми болоии заминӣхушк шуда, аз реша пояҳои нав месабзад. Кокутии нав, ки дар тирамоҳ месабзад, ба хунукӣтобовар аст ва ранги сабзи худро дар давраи фасли зимистон нигоҳ медорад. Аз ин рӯ ниёгони мо онро “маври ҳамешасабз” номидаанд. Табибони қадим кокутиро ҳамчун доруи оромкунанда, зидди рагкашї, зидди илтиҳобї, балғамбарор, холеретикӣ(талхарон), ширабарор, дамишшикан, аракбарор, лактогенӣ(зиёд кардани шири модар), зидди хашарот ва ҳамчун маводи дезодорантӣистифода мебурданд. Аз маълумотҳои Ибни Сино (асри Х), ҳамаи навъҳои кокутӣдамишро рафь мекунад, варам ва луобро тунук карда бандҳоро мекушояд. Кокутиро якҷоя бо шир ба гуши дардманд мечаконанд. Он луобро дар меъда ҷаббида, дарди меъдаро рафь мекунад. Тухми кокутиро барои бемориҳои меъдаю руда, бемории дизентерия тавсия меанмоянд. Маълумотҳои пурра оиди миҷоз ва таъсири муолиҷавии ин намуди растанӣдар китоби II-уми Абуали ибни Сино «Қонуни тиб» оварда шудааст.

        Кокутии гулмайда (Origanum tyttahanthum Gontsch) сарфи назар аз истифодаи васеъ дар тибби Шарқи қадим, то нимаи дуюми асри ХХ ба тадқиқоти фармакологӣ қарор нагирифта буд. Дар тибби амалӣкокутии гулмайдаро чун маводи балғамронанда, талхарон, қандпасткунанда ва ғайра истифода мебурданд.

       Кокутии гулмайда яке аз растании шифобахши паҳншуда буда,   растаниҳои перспективии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Захираи табии он дар ҷумҳурии мо аҳамияти саноатӣдорад.

        Кокутии гулмайда табиаташ гарм ва хушк аст, яъне хосияти ишқорӣдорад. Олим ва энсиклопедисти барҷастаи асримиёнагии тоҷик Ибни Сино (980-1037) дар ҳаллои масъалаҳои этиология, патогенез, табобат ва парҳези диабети қанд саҳми босазое гузоштааст. Тибқи назарияи ӯ оид ба диабетогенез дар диабети қанд мизоҷи (табиати) бадан якбора аз миёна (бетараф - Ю.Н. Нуралиев) ба тарафи хунукӣ –туршӣтағйир меёбад. Табиби машҳур Сино тавсия додааст, ки беморонро аз рӯи принсипи “муқобил бо муқобил», яъне бо ёрии доруҳое, ки характери (натура) гарм (ишқорӣ- Ю. Н. Нуралиев) доранд, муолиҷа намудан лозим аст.

        Шайхурраис Сино барои беморони бо вайроншавии синдроми метаболикї, преддиабет, диабети қанд, санги талхадон, санги гурда ва дигар бемориҳо, ки дар патогенези он вайроншавии протсесси мубодила дида мешавад, кокутиро чун маводи доругї, ки миҷози гарму хушк дорад тавсия менамояд.

МАРВ - МАРВ, СУБИНАК

Origanum maru L. Моҳият. Ҳиндуҳо мегуянд, ки марв бар чанд навъ ҷудо карда мешавад: як навъи он хушбӯй аст, ки он “мармохур” бошад ва он гармтару хушктар аст, навъи дигар камбӯйтар буда, онро “самусо” гӯянд ва он гарми нарм аст; навъи саввумро “марви сафед” хонанд, ки он муътадил буда, дорои қувваи хуррамиоваранда аст ва ба гумони ман он навъе, ки дорои хуррамкунанда аст, забони гов аст; навъе, дигарест, ки онро “мармоҳус” хонанд ва он гарми хушк ва латифкунанда бувад; навъе, дигареро “ҳамешабаҳор” номанд, ки он чунонки тавсифкунандаи он гуфтааст, ки сард бувад.

Табъ. Марв андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст ва сипас гуногун бигардад.

Феълҳо ва хосиятҳо. Ҳамаи гунаҳои марв паҳнкунандаи бод, латиф ва ҳалкунандаи дамиш ва балғам буда, соддаҳоро андар куҷое набошад, бикашояд.

Андомҳои сар: Марвро бо шир андар гуши дарднок бичаконанд. Навъи ҳамешбаҳори он аз сардварди гарм ва дигар гунаҳои марв аз сардвардии сард судманданд, лекин атри аз он сохта, хусусан агар онро дар болои шароб бибӯянд, сарддард оварад.

Андомҳои ғизокашӣ .Марв балғамро аз меъда ҳал кунад ва ба дарди меъда суд бахшида, худи онро қавӣ гардонад.

Андомҳои ронанда. Марв рудаҳоро қавӣ созад ва тухмашро агар бирён кунанд, аз саҷҳ ва аз эусанториё нофеъ бошад ва агар бирён накунанд, балғамро ба исҳол оварад.

МАРМОХУР – МАРВХУШ, СУБИНАК

Origanum maru L. Моҳият: Марвхуш маъруф аст. Гули он хоки ранги моил ба сабзӣ ва хушбӯи атрист.

Табъ: Димашқи гуфтааст,ки марвхуш ва марзангӯш гармтару қавитар аст ва он андар дараҷаи севвум гарм ва андар дуввум хушк бувад.

Феълҳо ва хосиятҳо: Марвхуш латиф буда, бодҳоро ҳал кунад ва фурӯ

нишонад ва суддаҳоро андар куҷое набошанд, бикушояд.

Андомҳои сар: Агар онро ан дар шароб афкананд, шароб зуд мастӣ

Оварад ва бӯидандон дар болои шароб сардард падид орад, лекин агар тонро бибӯянд ва агар худро бар бухои оби он бидоранд, ҳамаи бухорҳоро ҳал кунад ва сардарди сардро суд бибахшад. Он андар ин кор дерманаро монад.

Андомҳои ғизокашӣ: Марвхуш меъдаро қавӣ кунад, суддаҳои андомҳои

Андаруниро бикшояд ва рутубати меъдаро бичинад.

Андомҳои ронанда: Марвхуш рӯдаҳоро неруманд бигардонад.

   

МУШКТАРОМАШИЪ – МУШКТАРОМАШИР

Origanum Dictamnus L. Моҳият: Ин шохаҳоест шабеҳ ба шоҳисфарам ва хушки он андар аввали ҷушидан таъми зиёд ва бӯй надорад, сипас талхию тезӣ падид орад. Агар гӯсфанд онро бичарад, аз пистонаш хун ояд. Ин гиёҳ ҷои пудина бигирад,

Балки хеле сз он қавӣ бошад. Мушктаромашир ду синф аст: яке мушктаромашири ростин ва дигаре мушктаромашири нодурусти дуруғгин бувад, ки ин [ба ростин] монандӣ дошта, вале андар [бисёр] ҳолатҳо аз он камқувваттар аст.

Табъ: То ба дараҷаи севвум гарми хушк аст.

Андомҳои сина ва нафаскашӣ: Рутубатҳои часпакро аз сина ва шуш берун кунад.

Андомҳои ғизокашӣ: Шароби он аз тоса ва маниши гаштан судманд аст.

Андомҳои ронанда: Хуни ҳайз ва пешобро бо андозае сахт битозонад, ки ҳатто пешоби хунин оварад.Ошомидан, бухур кардан ва ба зер гирифтани он ҷанинҳоро берун орад. Шароби он хуни нифосро фурӯ резонад.                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                         

Хулоса. Аз таҳлили китоби машҳури Абуалӣ ибни Сино “Қонуни фит-тиб” бармеояд, ки ҳамаи намуди растании шифобахши кокутӣ(субинак) мизоҷи гарм ва хушк, хосияти фаъоли фармакологӣдошта дар тибби муосир васеъ истифода бурда мешавад. Дар Тоҷикистон намуди кокутии оддӣ намеруяд. Кокутии намуди Диктамн боз хосияти абортивӣ(бачапартоӣ) дорад, ки барои занҳои ҳомила тавсия намудан мумкин нест.

 

КАФЕДРАИ ФАРМОКОЛОГИЯ


02.07.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php