ҶАБРИ УСТОД БЕҲ ЗИ МЕҲРИ ПАДАР

ҶАБРИ УСТОД БЕҲ ЗИ МЕҲРИ ПАДАР

кафедра Салимзода М.Ҷ. бо иштироки донишҷӯёни курси 3-юми гурӯҳи 6-уми факултети стоматология дар мавзӯи «Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар» соати тарбиявӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ устодони кафедра низ иштирок намуданд.

Зимни соати тарбиявӣ доир ба мақому манзалати омӯзгор, нақши ӯ дар таълиму тарбияи насли ҷавон, аҳаммияти илму дониш ва эҳтирому қадршиносии заҳмати устодон андешаронӣ карда шуд. Донишҷӯён таъкид намуданд, ки омузгор на танҳо сарчашмаи дониш, балки роҳнамо ва тарбиятгари шахсияти инсон буда, бо талабгорӣ ва роҳнамоии худ шогирдонро ба масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва камолоти маънавӣ ҳидоят менамояд.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки мақоли «Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар» ифодагари арзиши тарбиявии сахтгирии омӯзгор ва ғамхории ӯ нисбат ба ояндаи шогирдон мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ зарурати эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мақоми омӯзгор, қадршиносии заҳматҳои ӯ ва ҳифзи анъанаҳои неки устодиву шогирдӣ таъкид карда шуд.

Кафедраи фармакология


17.11.2026

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php