ҚАҲРАМОНОНИ ХАЛҚИ ТОҶИК - ВАСИЛАИ ШИНОХТИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

ҚАҲРАМОНОНИ ХАЛҚИ ТОҶИК - ВАСИЛАИ ШИНОХТИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

22 сентябри соли 2026 дар кафедраи бемориҳои дарунии №3-и Донишгоҳ бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси адабӣ ва фарҳангии халқи тоҷик маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони «Қаҳрамонони Тоҷикистон» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур ба ҳаёт ва фаъолияти ду чеҳраи барҷастаи адабиёти тоҷик -Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода бахшида шуда, дар он кормандони кафедра, ординаторони клиникӣ, интернҳо, донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ аз гурӯҳҳои 43 то 58 ва донишҷӯёни курси 5-уми факултети тибби профилактикӣ аз гурӯҳҳои 3 ва 4 иштирок намуданд.

Дар ҷараёни маҳфил иштирокдорон бо маълумоти таърихию фарҳангӣ ва маводи марбут ба ҳаёту фаъолияти Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода, аз ҷумла маълумоти пешниҳодшуда аз осорхонаҳои ба номи ин адибони бузург, шинос гардиданд.

Донишҷӯёни курси 5-уми факултети тибби профилактикӣ аз гурӯҳҳои 3 ва 4 дар бораи зиндагӣ, фаъолияти ҷамъиятӣ ва эҷодии Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода маърӯзаҳо пешниҳод намуда, доир ба осори адабӣ, ашъор ва нақши онҳо дар рушди адабиёти муосири тоҷик маълумоти муфассал ироа карданд.

Зимни баррасии осори ин ду адиби маъруф таъкид гардид, ки Садриддин Айнӣ ҳамчун асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири сулҳпарвар дар ташаккули худшиносии миллӣ, рушди фарҳанги тоҷик ва муаррифии таъриху тамаддуни миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштаанд.

Маҳфили фарҳангӣ дар фазои озоду самимӣ баргузор гардида, бо саволу ҷавоб, баҳсу мунозира ва мубодилаи афкор миёни иштирокдорон идома ёфт. Иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти адибон андешаҳои худро баён намуда, ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои пурмазмун ироа карданд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ дар баланд бардоштани маърифати адабӣ, эҳсоси худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллат, бахусус дар байни ҷавонону донишҷӯён, аҳаммияти муҳим дорад.

Маҳфили мазкур бо ташаббуси кафедраи бемориҳои дарунии №3 дар доираи чорабиниҳои фарҳангиву маърифатии донишгоҳ баргузор гардида, барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва шинохти бештар аз мероси гаронбаҳои адабии халқи тоҷик заминаи мусоид фароҳам овард.

Кафедраи бемориҳои дарунии №3


23.09.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php