ҚАҲРАМОНИИ ФАРЗАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ (1941-1945)

ҚАҲРАМОНИИ ФАРЗАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ (1941-1945)

Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) яке аз фоҷиабортарин давраҳои таърихи асри ХХ ба ҳисоб меравад. Ин ҷанг сарнавишти миллионҳо инсонро тағйир дода, ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла халқи тоҷикро ба имтиҳони сахти таърихӣ рӯ ба рӯ кард. Тоҷикистон, сарфи назар аз дур будан аз хатти мустақими ҷанг, ба як ҷузъи фаъоли муборизаи умумимиллӣ табдил ёфт. Фарзонафарзандонаш – аз деҳқон то олим, аз адиб то сарбози қаторӣ ҳам дар майдони ҷанг ва ҳам дар ақибгоҳ ҷоннисорӣ намуданд.

Роҳбарии умумии Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои ҷанг ба ӯҳдаи Иосиф Виссарионович Сталин буд. Вай дар сиёсати ҳарбӣ ва иқтисодии он давра нақши ҳалкунанда дар муттаҳидсозии қувваҳо ва ташкили муқовимати умумӣ бар зидди фашизм бозид. Ҳарчанд фаъоляти Сталин дар таърих баҳсбарангез арзёбӣ мешавад, аммо дар солҳои ҷанг нақши ӯ ҳамчун роҳбари давлат дар пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ раднопазир аст.

Бо оғози ҷанг ҳазорон нафар ҷавонони тоҷик ихтиёран ё бо даъвати ҳарбӣ ба сафи Артиши Сурх пайвастанд. Тибқи маълумоти таърихӣ, зиёда аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷанг сафарбар карда шуданд, ки барои ҷумҳурие бо аҳолии он давра ин хеле зиёд буд. Онҳо дар муҳорибаҳои калидӣ – аз ҳимояи Маскав то муҳосираи Ленинград, аз Сталинград то озодсозии кишварҳои Аврупо иштирок доштанд. Зиёда аз 92 ҳазор нафар дар майдонҳои ҷанг ҳалок гардида, ҷони худро фидои озодӣ ва сулҳи наслҳои оянда карданд. Ба нишони қадрдонӣ ва эътирофи далерӣ, 54 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор бо ордену медалҳо сарфароз гардонида шуданд.

Номи қаҳрамонони тоҷик чун Саидқул Турдиев, Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев Эргаш Шарипов ва дигарон то имрӯз рамзи шуҷоат ва ифтихори миллӣ мебошанд.

Ҳамзамон, қаҳрамонии фарзандони Тоҷикистон дар соҳаи маънавӣ низ зоҳир мегардид. Шоиру нависандагон бо қалами худ рӯҳи ҷанговаронро қавӣ нигоҳ дошта, эҳсоси ватандӯстиро тақвият мебахшиданд. Яке аз намояндагони барҷастаи ин соҳа Розия Озод мебошад – шоираи ватандӯст ва модари арбоби бузурги давлатӣ ва таърихшинос Бобоҷон Ғафуров. Эҷодиёти ӯ дар солҳои ҷанг ба тарбияи рӯҳи ватандорӣ, устуворӣ ва умед нигаронида шуда буд. Яке аз шеърҳои маъруфи ин маҷмӯа – «Хайр, модарҷон!» - симои сарбози ватандӯстро офарида, иродаи қавии ӯро барои ҳифзи Ватан нишон медиҳад:

 

         Хайр, модарҷон! Бирафтам ман ба ин ҷанги калон,

                                                                                                                                                       Ғам махӯр, ҳастанд бо ман сад ҳазорон дӯстон!

Мекунам ғайрат барои ҳифзи ин зебо-Ватан,

       Мезанам шамшери тоҷикӣ ба фарқи душманон.


Ин шеър танҳо видоъ нест, балки савганди ватандорист. Каломи модарона ва рӯҳи қаҳрамонона дар он ба таври равшан эҳсос мегардад. Эҷодиёти Розия Озод далели он аст, ки қаҳрамонии Тоҷикистон аз оила ва фарҳанг оғоз меёфт. Нависандаи ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ маҷмӯи ҳикояҳои худро таҳти унвони «Интиқоми тоҷикон» офарида, таҷрибаи ҷангӣ ва далерии сарбозонро ба адабиёт ворид намуд. Устод Садриддин Айнӣ бо мақолаҳои публитсистии худ нақши разилонаи фашизмро фош намуда, ҳисси ватандӯстӣ ва омодагии мардумро ба дифоъ аз Ватан бедор мекард. Ҷанг на танҳо майдони набард буд, балки ҷабҳаи маънавӣ ва илмӣ низ аҳамияти бузург дошт. Кормандони илмӣ захираҳои моддӣ ва маънавии ҷумҳуриро ба иҷрои вазифаҳои мудофиа, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, рушди чорводорӣ ва дигар ниёзҳои фронт равона карданд. Ин амал нишон медиҳад, ки пирӯзӣ танҳо бо силоҳ набуд, балки натиҷаи ҳамоҳангӣ ва иродаи ҷамъиятӣ буд.

Ба корҳои муҳандисӣ ва таъминот низ аҳамияти зиёд дода мешуд. Баталиёни муҳандисӣ, ки дар аэродроми Ленинобод ташкил ёфта буданд, дар сохтмони пулҳо, роҳҳо ва аэродромҳо саҳми беназир гузоштанд. Тоҷикистон дар ақибгоҳ низ саҳми бузург гузошт. Занону пиронсолон ва наврасон дар колхозу совхозҳо шабонарӯзӣ меҳнат карда, артишро бо ғизо, пахта, либос ва ашёи зарурӣ таъмин менамуданд.

Қаҳрамонии фарзандони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ на танҳо саҳифаи пурифтихори таърихи халқи тоҷик, балки намунаи олии садоқат, матонат ва ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҷасорат ва заҳмати фарзандони Тоҷикистон дар майдони набард ва ақибгоҳ, дар илм ва адабиёт, имрӯз низ барои наслҳои оянда омӯзиш ва ибрат мебошад.

Ҳамчунин, ҳамин ҳиммат ва фидокорӣ моро водор мекунад, ки ҳар сол 9-уми майро ҳамчун «Иди Зафар» бо шукургузорӣ, ифтихор ва эҳтироми аҳли иштирокчиёни ҷанг таҷлил намоем. Ин рӯз рамзи сулҳу оромӣ, дӯстӣ ва иттиҳоди халқҳо буда, садоқат ва ҷасоратро ёдоварӣ мекунад.

               «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!!!»

 

Шукурова Д.А.-профессори фахрии кафедраи гистология


02.05.2026 7

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php