АҲМАДИ ДОНИШ - МУТАФАККИР ВА МАОРИФПАРВАРИ БАРҶАСТАИ ТОҶИК: ҲАЁТ ВА ЭҶОДИЁТ

 АҲМАДИ ДОНИШ - МУТАФАККИР ВА МАОРИФПАРВАРИ БАРҶАСТАИ ТОҶИК: ҲАЁТ ВА ЭҶОДИЁТ

3 октябри соли 2026 дар кафедраи забонҳои хориҷӣ мини-конференсия бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти мутафаккир, маорифпарвар ва нависандаи барҷастаи тоҷик Аҳмади Дониш бо доир намудани намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. 

Дар чорабинӣ донишҷӯён ва кураторони 5 гурӯҳи кураторӣ -40, 41, 42, 45 ва 46 фаъолона иштирок намуданд. Ҳадафи асосии мини-конференсия васеъ намудани дониши донишҷӯён оид ба ҳаёт, фаъолияти илмию маърифатӣ ва мероси адабии Аҳмади Дониш, инчунин бедор намудани шавқу рағбати ҷавонон ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои маънавии миллӣ буд.

Дар рафти чорабинӣ кураторони гурӯҳҳо бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, оид ба зиндагӣ ва фаъолияти ҷамъиятӣ, осори адабӣ ва мероси маънавии Аҳмади Дониш маълумоти ҷолиб пешниҳод карданд. Дар баромадҳо ба андешаҳои маорифпарваронаи ӯ, талошҳояш барои рушди илму маориф, тарбияи ахлоқии инсон ва такмили ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Донишҷӯён низ дар кори мини-конференсия фаъолона иштирок намуда, бо маърӯза ва гузоришҳои омоданамудаи худ оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Аҳмади Дониш, осори адабӣ, ғояҳои маорифпарварӣ ва аҳамияти мероси ӯ барои насли имрӯза баромад карданд.

Дар доираи чорабинӣ миёни донишҷӯён ва омӯзгорон мубодилаи афкор сурат гирифт. Иштирокчиён таъкид намуданд, ки омӯзиши мероси Аҳмади Дониш барои баланд бардоштани шавқу рағбати ҷавонон ба таърих ва фарҳанги халқи тоҷик, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва ташаккули сифатҳои баланди ахлоқию шаҳрвандӣ аҳамияти муҳим дорад.

Мини-конференсия дар фазои муҳтавоманд, илмӣ ва маърифатӣ баргузор гардида, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати донишҷӯён ва шиносоии амиқтар бо мероси маънавию фарҳангии Аҳмади Дониш мусоидат намуд.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар самти ҳифз, омӯзиш ва тарғиби мероси илмӣ, адабӣ ва фарҳангии намояндагони барҷастаи халқи тоҷик дар байни ҷавонон нақши муҳим дошта, ба таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.

 

Кафедраи забонњои хориҷӣ


03.10.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php