АҲАМИЯТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР ТАШАККУЛИ ҶАҲОНБИНИИ ҶАВОНОН
Дар шароити ҷаҳонишавии босуръат ва рушди бемайлони технологияҳои муосир, нақши технологияҳои рақамӣ дар ҳаёти ҷавонон ба яке аз омилҳои асосии ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифати сиёсӣ, фарҳангӣ ва касбии онҳо табдил ёфтааст. Имрӯз ҷавонон маҳз тавассути воситаҳои рақамӣ ба ммонанди компютер, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ, платформаҳои таълимӣ ва зеҳни сунъӣ ҷаҳонро мешиносанд, дониш меандӯзанд, таҳлил мекунанд ва мавқеи шаҳрвандии худро шакл медиҳанд. Аз ин рӯ, масъалаи аҳамияти технологияҳои рақамӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон на танҳо як масъалаи фаннӣ, балки масъалаи муҳими стратегӣ, тарбиявӣ ва миллӣ мебошад.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид намуданд: «Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025–2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд». Ин иқтибос нишон медиҳад, ки давлат ба рушди технологияҳои рақамӣ ҳамчун заминаи ташаккули ҷомеаи донишбунёд ва пешрафти сармояи инсонӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Дар ин замина ҷавонон ҳамчун неруи асосии ҷомеа бояд аз имкониятҳои рақамӣ на танҳо барои фароғат, балки барои рушди тафаккур, худшиносӣ ва худтакмилдиҳӣ истифода баранд.
Аз нигоҳи таҳлилӣ, технологияҳои рақамӣ пеш аз ҳама ҷаҳонбинии илмии ҷавононро васеъ менамоянд. Дар гузашта дастрасӣ ба манбаъҳои дониш маҳдуд буд, аммо имрӯз донишҷӯ метавонад дар чанд сония ба китобхонаҳои электронӣ, маҷаллаҳои илмӣ, пойгоҳҳои маълумотӣ ва курсҳои байналмилалӣ дастрасӣ пайдо кунад. Ин раванд тафаккури таҳлилӣ, қобилияти муқоиса ва хулосабарории ҷавононро тақвият медиҳад. Ҷавоне, ки ба технологияҳои рақамӣ дуруст муносибат мекунад, ҷаҳонро на аз рӯйи овоза, балки аз рӯйи далел, таҳлил ва манбаи боэътимод меомузад.
Ҷанбаи муҳими дигар ин ташаккули ҷаҳонбинии шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мебошад. Имрӯз фазои рақамӣ барои ҷавонон имконият фароҳам меорад, ки аз равандҳои дохилӣ ва байналмилалӣ огоҳ бошанд, суханрониҳо ва паёмҳои роҳбарияти давлатро мустақим пайгирӣ намоянд, мавқеи худро дар доираи қонун иброз доранд ва дар муҳокимаҳои ҷамъиятӣ фаъол бошанд. Ин раванд ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар зеҳни ҷавонон таҳким мебахшад.
Дар Паёми Президенти мамлакат махсус зикр шудааст, ки «Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст». Агар ин андеша аз дидгоҳи ташаккули ҷаҳонбинӣ таҳлил карда шавад, бармеояд, ки ҷавонон бояд ба ояндаи касбии худ аз нуқтаи назари рақамисозии ҷомеа нигоҳ кунанд. Имрӯз ҳар мутахассиси ҷавон новобаста аз он ки дар соҳаи тиб, иқтисод, омузгорӣ ё муҳандисӣ фаъолият мекунад бояд саводи рақамӣ дошта бошад. Зеро ҷаҳонбинии ҷавони муосир дигар танҳо бо дониши анъанавӣ маҳдуд намешавад, он бояд ба талаботи иқтисоди рақамӣ ва бозори меҳнати асри XXI мутобиқ бошад.
Ҳамчун масъули техникии компютерҳои донишгоҳ, метавон бо итминон гуфт, ки муҳити рақамии муассисаи олӣ дар ташаккули шахсияти донишҷӯ нақши калидӣ дорад. Маҳз шабакаҳои дохилӣ, синфхонаҳои компютерӣ, платформаҳои таҳсилоти фосилавӣ, китобхонаҳои электронӣ ва воситаҳои муосири пешниҳоди маълумот шароит фароҳам меоранд, ки донишҷӯён бо усулҳои нави омузиш ошно шаванд. Ин муҳит дар онҳо фарҳанги кор бо маълумот, масъулияти рақамӣ, ҳифзи амнияти иттилоотӣ ва одоби муоширати электронӣ ба вуҷуд меорад, ки ҳамаи ин ҷузъи муҳимми ҷаҳонбинии муосир аст.
Дар баробари ин, технологияҳои рақамӣ ба рушди ҷаҳонбинии фарҳангии ҷавонон низ таъсири амиқ мерасонанд. Тавассути фазои рақамӣ онҳо метавонанд бо мероси таърихиву фарҳангии миллат, осори классикон, дастовардҳои илмиву фарҳангии ҷаҳонӣ ва таҷрибаи кишварҳои пешрафта шинос шаванд. Агар ин раванд дуруст роҳнамоӣ шавад, он ба таҳкими ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ мусоидат мекунад.
Аммо бояд таъкид намуд, ки технологияҳои рақамӣ танҳо дар сурате ба ташаккули ҷаҳонбинии солими ҷавонон мусоидат мекунанд, ки истифодаи онҳо мақсаднок, таҳлилӣ ва бо фарҳанги баланди иттилоотӣ сурат гирад. Дар акси ҳол, иттилооти бардурӯғ, таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ва муҳтавои ғайриахлоқӣ метавонад ба тафаккури ҷавонон таъсири носолим расонад. Аз ин рӯ, вазифаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, бахусус сохторҳои техникӣ, аз он иборат аст, ки донишҷӯёнро ба истифодаи оқилона, бехатар ва мақсадноки технологияҳои рақамӣ ҳидоят намоянд.
Бар асоси далелҳои болозикр хулоса кардан мумкин аст, ки технологияҳои рақамӣ имрӯз ба яке аз абзорҳои муассири ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон мубаддал гардидаанд. Онҳо доираи маърифат, сатҳи таҳлил, ҷаҳонфаҳмӣ, худшиносӣ ва омодагии касбии ҷавононро ба маротиб боло мебаранд. Паёмҳои Президенти мамлакат низ ба таври равшан нишон медиҳанд, ки рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия омили муҳими пешрафти давлат ва сармояи инсонӣ мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як ҷавон, бахусус донишҷӯ, аз худ кардани технологияҳои рақамӣ ва истифодаи онҳо дар роҳи донишандӯзӣ, худшиносии миллӣ ва хизмат ба Ватан мебошад.
Сафарзода Б. Г.- мутахассиси Маркази хизматрасонии техникӣ