35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА АРҶГУЗОРӢ БА АҲЛИ ИЛМ

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА АРҶГУЗОРӢ БА АҲЛИ ИЛМ

Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ бо профессори кафедра, академик Додхоева М.Ф. мулоқоти самимӣ ва хотирмон баргузор намуд. Дар вохӯрӣ саҳми арзандаи ин олими шинохта дар рушди илми тиб, фаъолияти кафедра ва омода намудани мутахассисони ҷавон таъкид гардида, ба муносибати ҷашни фархундаи миллӣ ба эшон табрикоти самимӣ ва орзуҳои нек иброз карда шуданд.

Зимни мулоқот хизматҳои бисёрсолаи М.Ф. Додхоева дар соҳаи илму маориф ва тандурустӣ махсус таъкид гардид. Фаъолияти пурсамар ва хизматҳои шоистаи ӯ борҳо бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадрдонӣ шудаанд. Аз ҷумла, соли 2004 бо медали «Барои хизмати шоиста», соли 2013 бо унвони «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» ва соли 2014 бо унвони «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст. Ҳамчунин, соли 2021 ӯ ғолиби озмуни «ТОП-100 занони муваффақи Тоҷикистон» гардидааст.

Дар фарҷоми мулоқот ба академик М.Ф. Додхоева саломатии бардавом, умри дароз, саодати рӯзгор ва комёбиҳои минбаъда дар фаъолияти илмӣ-педагогӣ орзу карда шуд.


15.09.2026

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php