35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: МАСИРИ РУШД ВА ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШГОҲ

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: МАСИРИ РУШД ВА ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШГОҲ

35 соли Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик на танҳо як марҳилаи таърихӣ, балки оғози давраи сифатан нави давлатсозӣ, эҳёи миллӣ ва таҳкими пояҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлолият имкон фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлатӣ роҳи мустақили рушди худро муайян намояд. Дар ин раванд, бо талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдорӣ таҳким ёфта, фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувор таъмин гардид. Маҳз ҳамин фазои орому созанда буд, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илму маориф ва тандурустӣ, ба марҳилаи нави рушд ворид шуданд.

Соҳаи таҳсилоти олӣ, бахусус таҳсилоти тиббӣ, дар шароити истиқлолият мавқеи калидӣ пайдо кард, зеро саломатии ҷомеа ва омодасозии кадрҳои баландихтисос яке аз омилҳои асосии рушди давлат маҳсуб меёбад. Дар ҳамин замина, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳамчун яке аз муассисаҳои пешбари илмӣ-таълимии кишвар тавонист бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи истиқлол ба сатҳи сифатан нав барояд ва ба як маркази муосири омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ табдил ёбад.

Баракати истиқлол пеш аз ҳама дар ислоҳоти амиқи низоми таълимии донишгоҳ таҷассум ёфт. Таҷдиди куллии барномаҳои таълимӣ ва мутобиқсозии онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ имкон дод, ки сатҳи таҳсилот ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардад. Ихтисосҳои калидӣ, аз ҷумла кори табобат, педиатрия, стоматология, фарматсия ва ташкили ҳифзи солимии ҷомеа бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ такмил дода шуданд. Ворид намудани усулҳои муосири таълим, аз қабили омузиши интерактивӣ, технологияҳои рақамӣ ва моделҳои нави клиникӣ, раванди таълимро ба сатҳи рақобатпазир баровард.

Дар баробари ин, барои таъмини шаффофият ва адолати арзёбии дониш, низоми муосири имтиҳонгирӣ ва баҳодиҳӣ ҷорӣ карда шуд. Ташкили Маркази ягонаи тестӣ, ки баъдан ба Маркази аккредитатсия ва аттестатсияи муҳассилин табдил ёфт, имконият фароҳам овард, ки сифати дониш ба таври объективӣ арзёбӣ гардад. Ин иқдом ҳамчун як марҳилаи муҳим дар самти баланд бардоштани сифати таълим ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба низоми таҳсилоти тиббӣ арзёбӣ мешавад.

Рушди илми тиббӣ низ дар давраи истиқлолият бо суръати нав ба роҳ монда шуд. Таъсиси озмоишгоҳи кишти ҳуҷайраҳои бунёдӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири ҳуҷайрадармонӣ нишонаи гузариш ба тибби инноватсионӣ мебошад. Ин иқдомҳо имконият фароҳам оварданд, ки тадқиқоти фундаменталӣ ва амалӣ дар сатҳи баланд анҷом дода шуда, натиҷаҳои онҳо дар амалияи тиббӣ татбиқ гарданд. Ҳамзамон, тавсеаи ҳамкориҳо бо муассисаҳои табобатии дохил ва хориҷи кишвар ба баланд гардидани сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат намуд.

Яке аз самтҳои муҳимми рушди донишгоҳ дар давраи истиқлолият пайвастани илм ба истеҳсолот мебошад. Таъсиси парки технологӣ - Маркази илмӣ, таълимӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» заминаи рушди фарматсияи миллӣ ва истеҳсоли доруҳои ватаниро гузошт. Бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон истеҳсоли доруҳои табиӣ ба роҳ монда шуда, ин раванд ба таъмини амнияти доруворӣ ва рушди иқтисоди миллӣ мусоидат намуд.

Дар баробари рушди илм ва таълим, инфрасохтори донишгоҳ низ ба таври назаррас такмил ёфт. Бунёди биноҳои нави таълимӣ, аз ҷумла ба истифода додани бинои муосири 10-ошёна, нишондиҳандаи равшани таваҷҷуҳи давлат ба рушди соҳаи маориф мебошад. Иншооти муосир бо таҷҳизоти пешрафта таъмин гардида, барои донишҷӯён ва омузгорон шароити мусоиди таҳсил ва фаъолияти илмиро фароҳам овард.

Дар самти фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ донишгоҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар солҳои охир шумораи лоиҳаҳои илмӣ ба таври бесобиқа афзоиш ёфта, даҳҳо лоиҳаҳои давлатӣ ва грантӣ амалӣ шуданд. Танҳо дар як давраи кӯтоҳ шумораи онҳо аз 15 то ба 35 адад расонида шуд. Дар доираи ин лоиҳаҳо таҳқиқоти муҳимми илмӣ анҷом дода шуда, натиҷаҳои онҳо дар соҳаи тандурустӣ татбиқ гардиданд. Ҳамзамон, садҳо мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи миллӣ ва байналмилалӣ ба нашр расида, нуфузи илмии донишгоҳро боло бурданд.

Таъсиси Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ ҳамчун маркази таҳқиқоти фундаменталӣ қадами муҳим дар рушди илм ба ҳисоб меравад. Ин муассиса имконият фароҳам овард, ки тадқиқоти амиқи илмӣ дар самтҳои афзалиятноки тибби муосир ба роҳ монда шаванд. Ворид гардидани маҷаллаи илмии «Паёми Сино» ба пойгоҳи байналмилалии Scopus бошад, далели эътирофи байналмилалии дастовардҳои илмии донишгоҳ мебошад.

Дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ низ донишгоҳ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Имрӯз он бо даҳҳо муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои гуногун ҳамкорӣ дошта, барномаҳои мубодилаи академӣ, конференсияҳо ва симпозиумҳои байналмилалиро амалӣ менамояд. Афзоиши шумораи донишҷӯёни хориҷӣ ва васеъ гардидани ҷуғрофияи онҳо нишон медиҳад, ки донишгоҳ ба як маркази ҷолиби таҳсил барои ҷавонони кишварҳои гуногун табдил ёфтааст.

Фаъолияти донишҷӯён дар давраи истиқлолият мазмуни нав касб намуд. Иштироки фаъолонаи онҳо дар олимпиадаҳо, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва ба даст овардани ҷойҳои намоён далели сатҳи баланди омодасозии онҳо мебошад. Ғолибияти донишҷӯён дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ», «Илм фурӯғи маърифат» ва дигар чорабиниҳо нишон медиҳад, ки донишгоҳ на танҳо мутахассис, балки шахсиятҳои ҳамаҷонибаро тарбия менамояд.

Ҳамзамон, дар самти тарбияи маънавию ватандӯстии ҷавонон корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Баргузории садҳо чорабиниҳои фарҳангӣ, илмӣ ва варзишӣ ба рушди ҷаҳонбинӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат намуд. Ин раванд ба ташаккули насли наве замина гузошт, ки дорои дониши муосир ва эҳсоси баланди масъулият дар назди ҷомеа мебошад.

Нақши ҳайати профессорону омузгорон дар рушди донишгоҳ бениҳоят бузург аст. Онҳо на танҳо дар таълим, балки дар ташхису табобати беморон низ саҳми арзанда гузошта, ба даҳҳо ҳазор нафар хизматрасонии тиббӣ расонидаанд. Ин ҳамгироии илм ва амалия ба баланд гардидани сифати хизматрасонии тиббӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ мусоидат намуд.

Дар маҷмуъ, дастовардҳои донишгоҳ дар давраи истиқлолият нишон медиҳанд, ки ин муассисаи бонуфуз тавонистааст бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи истиқлол ба як маркази пешрафтаи илмиву таълимӣ табдил ёбад. Имрӯз он ҳамчун мактаби бузурги омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ низ эътироф гардидааст.

Бо такя ба таҷрибаи ғании солҳои истиқлол ва бо дарназардошти ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла ворид шудан ба рейтингҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, донишгоҳ дар оянда низ метавонад мавқеи худро боз ҳам таҳким бахшад. Бешубҳа, баракати истиқлол ҳамчун неруи созанда ва роҳнамои асосӣ минбаъд низ рушди устувори ин муассисаи илмиву таълимиро таъмин хоҳад кард.

Муҳиддин Н. Д.-д.и.т., профессор, ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”


20.04.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php