35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи беҳдошти муҳити зист бо ташаббус ва роҳбарии мудири кафедра н.и.т., дотсент Шарифзода С.Ф. чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва шинос намудани донишҷӯён бо дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ буд. Дар ҷараёни чорабинӣ мудири кафедра оид ба аҳамияти таърихии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки истиқлолият барои миллати тоҷик неъмати бузург ва заминаи асосии рушди минбаъдаи давлат мебошад. Қайд гардид, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд.
Зимни суҳбат инчунин таъкид шуд, ки ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар ободии Ватан вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Аз ҷумла, ба нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён дар бораи таърихи Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва нақши ҷавонон дар бунёди ояндаи давлат андешаҳои худро баён намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ мудири кафедра ба донишҷӯён барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуда, онҳоро ба донишандӯзӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят намуданд.
Кафедраи беҳдошти муҳити зист