35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: МАРКАЗИ ТАЪЛИМӢ, ИЛМӢ ВА ИСТЕҲСОЛИИ «ФАРМАТСИЯ» ДАР МАСИРИ РУШД ВА ИННОВАТСИЯ

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: МАРКАЗИ ТАЪЛИМӢ, ИЛМӢ ВА ИСТЕҲСОЛИИ «ФАРМАТСИЯ» ДАР МАСИРИ РУШД ВА ИННОВАТСИЯ

Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз сохторҳои муҳими таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии соҳаи фарматсия табдил ёфта, дар омодасозии мутахассисони баландихтисос, рушди таҳқиқоти илмӣ, истеҳсоли маводҳои доруворӣ ва татбиқи технологияҳои муосир саҳми арзишманд мегузорад. Имрӯз, дар остонаи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои марказ бозгӯи онанд, ки фазои мусоиди илм ва маориф, ки дар замони соҳибистиқлолӣ фароҳам оварда шудааст, барои рушди соҳаи фарматсия имкониятҳои васеъ муҳайё намудааст.

Дар замони Истиқлоли давлатӣ сиёсати пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи тандурустӣ, фармасевтика ва таълими тиббӣ заминаҳои устувореро барои пешрафти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ фароҳам овард. Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» низ аз ҳамин имкониятҳо самаранок истифода намуда, фаъолияти худро дар самтҳои таълим, илм, истеҳсолот ва ҳамкориҳои байналмилалӣ пайваста густариш медиҳад.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти марказ истеҳсоли маводҳои доруворӣ мебошад. Дар назди марказ шуъбаи истеҳсоли маводҳои доруворӣ фаъолият дошта, дар он бо риояи талаботи технологӣ ва меъёрҳои амалкунанда маводҳои гуногуни доруворӣ омода карда мешаванд. Танҳо дар давоми соли гузашта дар шуъбаи мазкур 1813 адад маҳсулоти доруворӣ, аз ҷумла маҳлули спиртии кислотаи борӣ 3-фоиза (25 мл), маҳлули спиртии левомитсетин 0,25-фоиза (25 мл), маҳлули спиртии дибазол ва инчунин 3000 адад ғилофаки желатинии равғани сиёҳдонаи «Эжит» истеҳсол гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо аз рушди иқтидори истеҳсолии марказ ва саҳми он дар таъмини фаъолияти таълимӣ ва амалии соҳаи фарматсия шаҳодат медиҳанд.

Истеҳсоли чунин маводҳо на танҳо барои фаъолияти таълимии донишҷӯён аҳаммияти калон дорад, балки барои такмили малакаҳои амалии омӯзгорону донишҷӯён низ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар ҷараёни истеҳсол донишҷӯён имконият пайдо мекунанд, ки бо тамоми марҳилаҳои омодасозии маводҳои доруворӣ, назорати сифати онҳо ва талаботи технологияи истеҳсол аз наздик шинос шаванд. Ин омил дар тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир нақши муассир дорад.

Самти дигари фаъолияти марказ ба омӯзиш ва истифодаи растаниҳои шифобахш равона гардидааст. Тоҷикистон аз лиҳози гуногунии олами наботот яке аз кишварҳои дорои захираҳои бойи гиёҳҳои доруворӣ ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти ин имконият, дар марказ мунтазам семинару тренингҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо масъалаҳои марбут ба омӯзиши хусусиятҳои табобатии растаниҳои шифобахш, усулҳои дурусти ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркарди технологӣ ва истифодаи онҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар чунин чорабиниҳо донишҷӯён, омӯзгорон ва дигар хоҳишмандон иштирок намуда, донишҳои назариявӣ ва амалии худро такмил медиҳанд.

Ин семинарҳо барои баланд бардоштани маърифати касбӣ, тарғиби истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии кишвар ва рушди истеҳсоли маҳсулоти фитотерапевтӣ аҳаммияти калон доранд. Дар шароити рушди босуръати саноати дорусозӣ таваҷҷуҳ ба истифодаи ашёи хоми ватанӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад ва марказ дар ин самт фаъолияти назаррасро ба роҳ мондааст.

Ҳамзамон, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ низ аҳаммияти махсус медиҳад. Кормандони марказ дар доираи барномаҳои мубодилаи академӣ ва ҳамкориҳои илмӣ мунтазам дар чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок намуда, таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳониро меомӯзанд. Иштироки онҳо дар барномаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон барои такмили донишҳои касбӣ, рушди корҳои илмӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи муосири таълимӣ аҳаммияти калон дорад.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ ба кормандони марказ имконият медиҳанд, ки бо дастовардҳои навтарини соҳаи фарматсия, технологияҳои истеҳсоли маводҳои доруворӣ, усулҳои муосири таҳқиқот ва таҷрибаи пешрафтаи муассисаҳои хориҷӣ шинос шуда, онҳоро дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ татбиқ намоянд. Инчунин чунин ҳамкориҳо барои рушди иқтидори илмии марказ ва таҳкими мавқеи байналмилалии донишгоҳ мусоидат мекунанд.

Дар баробари ин, марказ узви Ассотсиатсияи рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Узвият дар ин сохтори касбӣ барои рушди низоми муосири рақамгузорӣ, беҳтар намудани идоракунии иттилоот, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти истеҳсолӣ ба талаботи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии иқтисодиёт чунин ҳамгироӣ аҳаммияти махсус касб намуда, имкониятҳои нави рушди фаъолияти илмӣ ва истеҳсолиро фароҳам месозад.

Дар солҳои охир марказ дар баробари фаъолияти таълимӣ ва истеҳсолӣ ба баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Иштирок дар конференсияҳо, форумҳои илмӣ, семинарҳои байналмилалӣ ва барномаҳои такмили ихтисос имконият медиҳад, ки донишу малакаи омӯзгорону мутахассисон мутобиқ ба талаботи замони муосир такмил ёбад. Ин омил дар навбати худ ба сифати таълим, рушди корҳои илмӣ ва баланд гардидани самаранокии фаъолияти марказ таъсири мусбат мерасонад.

Дастовардҳои Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» натиҷаи сиёсати созандаву хирадмандонаи давлат дар самти рушди илму маориф, тандурустӣ ва технологияҳои нав мебошад. Дар фазои орому босуботи кишвар имконият фароҳам омадааст, ки муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи ҷаҳони муосир ба роҳ монда, барои пешрафти соҳаи тандурустӣ саҳми арзанда гузоранд.

Бо истиқбол аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон коллективи Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» фаъолияти худро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ идома дода, ҷиҳати рушди минбаъдаи илм, таҳкими заминаҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон, истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ талош хоҳад варзид. Боварӣ ҳаст, ки марказ минбаъд низ ҳамчун яке аз сохторҳои пешқадами донишгоҳ дар татбиқи дастовардҳои илмӣ, омодасозии кадрҳои соҳибкасб ва рушди фарматсияи миллӣ нақши муассиру арзишманди худро боз ҳам таҳким хоҳад бахшид.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


07.07.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php