35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: КАФЕДРАИ ХИМИЯИ БИООРГАНИКӢ ВА ФИЗКОЛЛОИДӢ ДАР МАСИРИ РУШДУ ДАСТОВАРДҲОИ НАВ
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус низоми илму маориф ва тандурустӣ, заминаи устувори рушду такомули босуботро фароҳам овард. Дар тули сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар имконият пайдо намуданд, ки фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии худро ба талаботи замони муосир мутобиқ сохта, дар тарбияи мутахассисони баландихтисос ва рушди илм саҳми арзанда гузоранд. Дар ин радиф кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ яке аз воҳидҳои бонуфузи таълимии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, дар солҳои истиқлол бо такя ба сиёсати маорифпарваронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ соли 1970 таъсис ёфта, тайи зиёда аз панҷ даҳсола дар омода намудани мутахассисони соҳаи тиб ва рушди илмҳои бунёдӣ фаъолияти пурсамар дорад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ фаъолияти кафедра мазмуну муҳтавои тоза гирифта, дар баробари такмили сифати таълим, густариши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ба яке аз самтҳои муҳими фаъолияти он табдил ёфтааст. Имрӯз кафедра ҳамчун яке аз марказҳои муҳими омӯзиши фанҳои химиявӣ дар донишгоҳ мавқеи устувор дошта, барои омода намудани табибони соҳибдониш ва рақобатпазир саҳми арзанда мегузорад.
Айни замон дар кафедра 17 нафар омӯзгор фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 3 нафар доктори илм, 7 нафар номзади илм, 3 нафар омӯзгори калон, 2 нафар ассистент ва 2 нафар ассистентони беруна мебошанд. Сатҳи унвондории кафедра имрӯз ба 71,5 фоиз расидааст, ки ин нишондиҳандаи баланд буда, аз иқтидори илмӣ ва касбии ҳайати омӯзгорон шаҳодат медиҳад. Маҳз мавҷудияти чунин неруи илмӣ имкон фароҳам овардааст, ки кафедра ҳамзамон вазифаҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявиро дар сатҳи баланд амалӣ намояд.
Дар замони истиқлол масъалаи баланд бардоштани сифати таълим яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти кафедра ба ҳисоб меравад. Омӯзгорон бо истифода аз технологияҳои муосири таълим, усулҳои интерактивӣ ва воситаҳои рақамӣ машғулиятҳоро баргузор намуда, барои азхудкунии амиқи донишҳои назариявӣ ва амалӣ аз ҷониби донишҷӯён шароити мусоид муҳайё месозанд. Навсозии муҳтавои барномаҳои таълимӣ, мутобиқ намудани онҳо ба талаботи стандартҳои давлатӣ ва ниёзҳои соҳаи тандурустӣ ба беҳтар гардидани сифати омодасозии мутахассисони оянда мусоидат менамояд.
Фаъолияти илмӣ яке аз самтҳои асосии кори кафедра мебошад. Ҳайати профессорону дотсентон пайваста дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти илмии худро муаррифӣ менамоянд. Ҳамасола мақолаҳои илмии омӯзгорони кафедра дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷаллаҳои пойгоҳи илмии РИНТС ба нашр мерасанд. Ин нишондиҳанда аз сатҳи баланди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, рақобатпазирии муҳаққиқон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар фазои илмии байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус ба рушди илм ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод зоҳир мегардад. Кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ низ ин сиёсати созандаро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Боиси ифтихор аст, ки давоми се соли охир донишҷӯёни кафедра таҳти роҳбарии омӯзгорони худ дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» фаъолона иштирок намуда, дар даври ҷамъбастии озмун ҷойҳои аввалро соҳиб гардидаанд. Ин дастовардҳо аз сатҳи баланди омодагии илмии донишҷӯён, маҳорати омӯзгорон ва муҳити созандаи илмии кафедра гувоҳӣ медиҳанд.
Яке аз дастовардҳои муҳими солҳои истиқлол қадршиносии заҳмати омӯзгорон ва олимони кафедра мебошад. Соли 2021 омӯзгори ҷавони кафедра Обидов Ҷамшед сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ гардид, ки ин мукофоти бонуфуз нишонаи эътирофи саҳми ҷавонони соҳибистеъдод дар рушди илм ва маорифи кишвар мебошад. Ҳамчунин профессорони кафедра Ҳоҷибоев Ю. Ҳ. ва Файзилов И. У. бо медали «Сино» сарфароз гардида, омӯзгори калон Шамсиддинова Ш. С. бо медали «Омӯзгори фахрӣ» қадрдонӣ шудааст. Ин мукофотҳо натиҷаи фаъолияти содиқона, саҳми арзанда дар рушди илму маориф ва омода намудани мутахассисони баландихтисос мебошанд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз омилҳои муҳими рушди илму маориф ба ҳисоб меравад. Кафедра дар ин самт низ натиҷаҳои назаррас дорад. Мубодилаи академии омӯзгорон бо донишгоҳҳои тиббӣ ва химиявии Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба таври мунтазам амалӣ гардида, барои табодули таҷриба, такмили ихтисос, роҳандозии таҳқиқоти муштарак ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадами таълимӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Ин ҳамкориҳо ба баланд гардидани сатҳи касбии омӯзгорон ва мутобиқ намудани фаъолияти кафедра ба талаботи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
Дар баробари корҳои таълимию илмӣ, кафедра ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва маърифати сиёсии донишҷӯён низ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Таҳти роҳбарии ҳайати омӯзгорон ҳамасола бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ, Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар санаҳои муҳими таърихӣ чорабиниҳои илмӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи баланд баргузор мегарданд. Ин тадбирҳо дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва тарбияи шаҳрвандони фаъол нақши муҳим доранд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ кафедра тавонист иқтидори кадрӣ ва илмии худро таҳким бахшида, барои рушди устувори низоми таҳсилоти тиббӣ саҳми назаррас гузорад. Муваффақиятҳои омӯзгорону донишҷӯён, афзоиши нуфузи илмии кафедра, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ҳамкориҳои густурда бо муассисаҳои хориҷӣ ва фаъолияти пурсамари тарбиявӣ ҳама аз он шаҳодат медиҳанд, ки кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ имрӯз яке аз воҳидҳои пешсафи донишгоҳ ба шумор меравад.
Таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати омӯзгорону кормандони кафедра имконияти муносибест, то фаъолияти пурмаҳсули худро ҷамъбаст намуда, барои расидан ба ҳадафҳои боз ҳам баландтар неруи тоза бахшанд. Ҳайати кафедра бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ минбаъд низ баҳри рушди илми ватанӣ, баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи мутахассисони соҳибкасб ва саҳмгузорӣ дар пешрафти соҳаи тандурустии мамлакат фаъолияти босамари худро идома хоҳад дод. Бо такя ба сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дастгирии пайвастаи соҳаи илму маориф, кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ минбаъд низ дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва таҳкими дастовардҳои даврони истиқлол саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА