31 НАФАР ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШГОҲ ИХТИЁРАН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ПАЙВАСТАНД: НАМУНАИ ОЛИИ ВАТАНДӮСТӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ
Пас аз анҷоми аттестатсияи хатм, 31 нафар донишҷӯёни Донишгоҳ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва садоқат ба Ватан ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардиданд. Ин иқдоми шоиставу ибратбахш бозгӯи рӯҳияи баланди миллӣ, тарбияи дурусти маънавӣ ва омодагии ҷавонон ба хизмати содиқона ба давлат ва миллат мебошад.
Аз шумораи умумии ҷавонони ихтиёрӣ, 27 нафар аз факултети тиббӣ, 3 нафар аз факултети педиатрӣ ва 1 нафар аз факултети стоматологӣ мебошанд. Ин нишон медиҳад, ки дар байни донишҷӯёни соҳаи тиб ҳисси масъулиятшиносӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва омодагӣ ба адои рисолати шаҳрвандӣ дар сатҳи баланд қарор дорад.
Боиси ифтихор аст, ки ин ҷавонони соҳибкасб танҳо ба иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ маҳдуд нашуда, ҳамзамон маҳорати касбии тиббии худро низ дар сафи артиш нишон медиҳанд. Онҳо бо истифода аз дониш ва таҷрибаи андӯхтаи худ ба сарбозону афсарон кумакҳои аввалияи тиббӣ расонида, дар ҳифзи саломатии ҳайати шахсӣ саҳми арзишманд мегузоранд. Ин омезиши хизмати ҳарбӣ бо фаъолияти башардӯстонаи тиббӣ намунаи равшани ваҳдати касбият ва ватандӯстӣ ба шумор меравад.
Мавриди зикр аст, ки дар ташаккули чунин рӯҳияи баланди ватандӯстона саҳми кафедраи тиббӣ-ҳарбӣ ва ҳамчунин факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ назаррас мебошад. Тавассути баргузории суҳбату вохӯриҳои тарбиявӣ, чорабиниҳои маърифатӣ ва ташвиқоти ҳадафманд, миёни донишҷӯён ҳисси ифтихор аз ҳимояи Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ тақвият ёфтааст.
Иқдоми имсолаи хатмкунандагон бори дигар собит месозад, ки ҷавонони донишгоҳ дар баробари аз худ намудани илму дониш, инчунин худро ҳамчун фарзандони содиқи миллат ва муҳофизони боэътимоди марзу буми кишвар эҳсос менамоянд. Чунин ташаббусҳо дар роҳи тарбияи насли худогоҳу ватандӯст ва таҳкими пояҳои амнияту суботи ҷомеа аҳаммияти бузург доранд.
Ин амали нек ва ибратомӯзи донишҷӯён метавонад барои дигар ҷавонон низ намунаи арзандаи пайравӣ гардида, ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба давлатро боз ҳам таҳким бахшад.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА