ПАРЧАМ - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ
23 ноябри соли 2026 дар кафедраи фармакология бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид.
Чорабиниро мудири кафедра Урунова М.В. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими миллӣ табрик гуфтанд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва сарбаландии мардуми Тоҷикистон мебошад.
Дар идома донишҷӯён оид ба таъриху аҳаммияти Парчами давлатӣ, ҷойгоҳи он дар таҳкими худшиносиву ҳувияти миллӣ ва нақши он дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон маърӯзаҳо ироа намуданд. Ҳамчунин, аз аҳаммияти эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ҳамчун нишонаи садоқат ба Ватан ёдовар шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯён шеърҳо дар васфи Ватан, Истиқлолият ва Парчами давлатӣ қироат намуда, ба ҳамоиш фазои тантанавӣ бахшиданд.
Чорабинӣ дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ҷамъбаст гардид.
Кафедраи фармакология