16 НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16 НОЯБР  РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамасола 16 ноябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин сана аз соли 2016 ба тақвими ҷашнҳои давлатӣ ворид шуда, бо яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихи давлатдории навини тоҷикон пайванд дорад. Маҳз 16 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Барои дарки аҳамияти ин сана бояд ба рӯйдодҳои аввали солҳои навадуми асри гузашта назар афканд. Дар он давраи ҳассос ҷанги шаҳрвандӣ ба зиндагии мардум ва фаъолияти мақомоти давлатӣ таъсири сахт расонд. 

Дар шаҳри Душанбе вазъ ноором буд ва баргузории ҷаласаи Шӯрои Олӣ дар пойтахт душвор гардид. Дар чунин шароит 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб, дар наздикии шаҳри Хуҷанд, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз кард. Иҷлосияи XVI, ки дар таърихи кишвар ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз шинохта мешавад, барои барқарор намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ, ба роҳ мондани муколама ва ба ҳам наздик кардани мавқеи тарафҳо замина гузошт. Яке аз қарорҳои муҳими он интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ буд. Дар иҷлосия масъалаҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва рамзҳои давлатӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Яке аз масъалаҳои доғи он солҳо бозгардондани гурезаҳо ба Ватан буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгашти ҳамватанон, аз ҷумла онҳоеро, ки ба Афғонистон паноҳ бурда буданд, аз вазифаҳои аввалиндараҷа донистанд. Бозгашти гурезаҳо, барқарор кардани манзилҳои харобшуда ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии осоишта ба таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ мусоидат карданд. Хотираи он рӯзҳои душвор то имрӯз дар нақли шоҳидон ва ёддоштҳои таърихӣ зинда аст. Аз ҳамин хотираҳо насли наврас мефаҳмад, ки оромии кишвар барои ҳар як хонавода чӣ арзиш дорад. Соли 1994 дар ҳаёти сиёсию ҳуқуқии Тоҷикистон марҳалаи нав оғоз ёфт. 6 ноябри ҳамон сол Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ҳамон рӯз интихоботи президентӣ баргузор шуд ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Савгандёдкунии 16 ноябр оғози фаъолияти Сарвари давлат дар ин мақоми олии конститутсионӣ буд. Савгандёдкунӣ масъулияти Президентро дар назди халқ ва давлат ифода мекунад. Моддаи 67 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки Президент пеш аз шурӯъ ба иҷрои вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад. Ба муносибати солгарди нахустин савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири арҷгузорӣ ба ин мақоми олии давлатӣ соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардид ва 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, пешбурди раванди сулҳ ва таҳкими давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми бузург гузоштаанд. Сулҳу субот ба кишвар имкон фароҳам овард, ки ба барқарорсозии иқтисодиёт, рушди маорифу фарҳанг ва ободонии шаҳру деҳот рӯ оварад. Дар арсаи байналмилалӣ низ Тоҷикистон бо ташаббусҳои худ дар масъалаҳои об ва рушди устувор мавқеи худро муаррифӣ мекунад. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фурсатест, ки ба рӯйдодҳои таърихии кишвар назар андозем ва заҳмати онҳоеро қадр кунем, ки барои барқарории сулҳ ва ободии Ватан саҳм гузоштаанд. Арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдат дар меҳнати софдилона, тарбияи насли наврас ва масъулияти ҳар яки мо дар назди ҷомеа зоҳир мегардад.

Шоири тоҷик Бозор Собир эҳтироми худро ба нақши Сарвари давлат дар таҳкими ваҳдати миллӣ чунин баён кардааст:

Номи туро нависем, эй Қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!

Кафедраи ташхиси клиники озмоишгоҳӣ


16.11.2026

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php