ВОХӮРИ БО ДОНИШҶӮДУХТАРОН ДАР ХОБГОҲИ №2

ВОХӮРИ БО ДОНИШҶӮДУХТАРОН ДАР ХОБГОҲИ №2

Санаи 16.11.2026 дар хобгоҳи №2 вохурии муовинони декани факултети тиббӣ бо донишҷӯдухтарон баргузор гардид.

Зимни навбатдорӣ дар хобгоҳ аввалиндараҷа аз шароит буду боши донишҷўдухтарон шиносоӣ пайдо намуда, диққати ҷиддӣ ба ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва бехатарӣ аз сухтор равона карда шуд. Инчунин, муовини декани факултети тиббӣ Маъсумаи А. бо ҳамаи донишҷудухтарон дар толори хониш вохурӣ баргузор намуда, дар мавзўи “16-ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуд, аз саҳми беандозаи Пешвои Муаззами Миллат Муҳтарам Эмомали Раҳмон ба халқи тоҷик ёдрас намуд. Инчунин оиди ҷашни дар пеш истода, Рӯзи Парчами Миллӣ маълумоти мухтасар пешниҳод намуда зикр кард, ки ин ҷашни муҳими сиёсиро дар сатҳи баланд бояд таҷлил намуд. Баъдан ҳамагонро бо ин рӯзҳои пуршукуҳ табрику муборак бод намуд.

Дар рафти вохурӣ дар якчанд масъалаҳои дигари мубрами рӯз, аз қабили муқовимат бо коррупсия, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистӣ ва риояи интизомӣ намунавӣ баромад ироа намуд. Дар раванди вохӯрӣ барои беҳтар ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ, риояи қатъии дастурамали либосҳои тавсиявӣ, риояи қоидаҳои буду бош дар хобгоҳҳо, роҳ надодан ба тақлиди фарҳанги бегона ва ифротгароӣ дастуру ҳидоятҳои муфид дода шуд. Дар фарҷоми вохурӣ аз ҷониби донишҷӯён саволҳои зарурӣ пешниҳод гашт, ки аз ҷониби муовинони декан посух дода шуд.

САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ


17.11.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php