ВАХДАТИ МИЛЛИ ЯКЕ АЗ ПОЯХОИ АСОСИИ ДАВЛАТ

   ВАХДАТИ МИЛЛИ ЯКЕ АЗ ПОЯХОИ АСОСИИ ДАВЛАТ

Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама инъикосгари сулҳу оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва талабгори осоиштагӣ буда, ватандӯст будани ҳар як фардро мусоидат мекунад.. Албатта, ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат, рушду нумуи Тоҷикистони азизамон ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Ваҳдат ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории муосир ба ҳисоб меравад. Мафҳуми ваҳдат, ки аз вожаи арабии “ваҳд” гирифта шудааст, маънои иттиҳоду ягонагӣ, ҳамдилӣ ва ҳамфикриро ифода мекунад. Дар илми ҷомеашиносӣ ва сиёсатшиносӣ, ваҳдат омиле шуморида мешавад, ки суботи иҷтимоӣ, рушди устувори иқтисодию фарҳангӣ ва пойдории давлатро таъмин менамояд.

         Саҳми таърихии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дод. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт. Ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, Конститутсияи (Сарқонуни) нави Тоҷикистонро эҷод кард. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 ба имзо расид. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохт, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст. Инчунин заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд.

   Ба ивази саҳми хеле арзишманд Пешвои миллат дар таъмини сулҳи Тоҷикистон ва таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандонааш дар вусъати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардумон бо унвону нишонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардидааст.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон қайд намуданд, ки «Мову шумо бояд як нуктаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд». Вахдати милли на танхо восилаи сулху ороми, балки пояи асосии рушти устувории давлат махсуб мешавад. Танхо дар шароити вахдату ягонаги метавон ба хадафхои бузурги милли –пешрафти илм, маориф, иктисодиёт ва фарханг- расид. Хар як фарди ватандуст бояд дар нигахдори ва таквияти вахдати милли сахмгузор бошад. Таърих ва тачрибаи талхи гузашта моро водор месозад, ки сулху суботро кадр кунем ва барои фардои дурахшони Ватани азизамон – Точикистон, муттахидона кушиш намоем.

                                                                                 

Зиёдалиева Т.З. -

                                                                                      ссистенти кафедраи нигохдории

                                                                тандурустии чамъияти

                                                                     ва омори тибби бо курси таърихи тиб  


17.06.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php