СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ: ДИН ВА ҶАҲОНИ МУОСИР
Бо ибтикори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа, шуъбаи тарбия дар якҷоягӣ бо кафедраи тибби оилавӣ барои доираи васеи донишҷӯёни курси 5-уми факултети тиббӣ семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Дин ва ҷаҳони муосир” санаи 13-уми марти соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии тандурустии “Истиқлол” баргузор карда шуд.
Ҳадафи асосии семианри мазкур огоҳ намудани ҷавонон –донишҷӯён аз паёмадҳои манфии ҷаҳони муосир аз қабили хатарҳои терроризму экстремизм ба амнияти ҷаҳон, пайдо гардидани ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва шомилшавии ҷавонон ба онҳо, хурофотишавии ҷомеа ва оқибатҳои нанговари он ба суботи сиёсӣ, пешгирии тамоюли беонапарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, ифротгароӣ ва зиёдаравӣ дар дину ойинҳои мардумӣ ба ҳисоб мерафт.
Муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалилзода Кароматулло Абдухалил зимни суханронии хеш аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки мушкилоти асосии ҷаҳони имрӯза аз номи дини мубини Ислом амалӣ шуда истодааст. Бо баҳонаи “таълимоти дин” имрӯз чандин давлатҳои мусулмоннишин ба хок яксон гардиданд, ҳол он, ки дини Ислом дар ҳар як китобу сарчашмаҳои таърихӣ дини сулҳу дӯстӣ муаррифӣ шудааст. Манфиатҳои геопалитикӣ имрӯз дини Исломро ба сипари сиёсӣ табдил додаанд ва бояд ҳар як сокини соҳибхиради кишвари мо инро дарк карда тавонад, зеро тоҷикон миллати соҳибкитоб буданд ва бояд дар доираи илму маърифат ҳар як пасту баланди ҳаётро таҳлилу муқоиса намоянд.
Сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа Абдураҳмонов З. В., мудири кафедраи тибби оилавӣ Ёдгорова М. Ҷ. ва мутахассиси шуъбаи тарбия Рабиқов Х.М. атрофи масъалаҳои болозикр фикру ақидаҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.
Дар охири кори семинар донишҷӯён ба саволҳои сершумори хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА