ТЕРРОРИЗМ: ХАТАР БА ҶОМЕА ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ


ТЕРРОРИЗМ: ХАТАР БА ҶОМЕА ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Агар мо ба фалсафаи терроризм ва экстремизм назар андозем, мушоҳида мекунем, ки дар маркази ин раванд ҳамеша таҳдид ба инсон ва фарҳанги вай ва ворид кардани фарҳанги бегона ба ҷомеа мебошад. Дар расидан ба ин мақсад, онҳо аз ҳама гуна омилҳо ба монанди террор, ҷанг, хушунат, бадбинӣ ва дигар аломатҳои манфӣ истифода мекунанд. Терроризм ва экстремизм ҳамчун шакли ифротгароӣ ва терорризми маънавӣ ҳатто мақсади аз байн бурдани давлатдории миллиро низ ба миён мегузорад. Аз ин лиҳоз мо бояд фирефтаи ҳар гуна моделҳои давлатдорӣ ва идоракунии бегона нагашта, бо роҳ ва сохтори миллии хеш давлати худро барои ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Дар ҳеҷ маврид набояд ба ворид кардани сохти бегона, ки бо ниқоби дин ва демократия ба кишвари мо ворид мешавад, роҳ дод. Дар ин миён ҳатто кӯшишҳои ноором сохтани авзои кишвар аз тарафи баъзе аз сиёсатмадорон мушоҳида мегардад, ки дар хориҷ аз кишвар сукунат карда, тавассути давлатҳои бегона орзуи ноором кардани ҳаёти осоиштаи мардумро парвариш мекунанд. Онҳо бо роҳҳои таъсиси гуруҳҳои террористӣ, ҷалби ҷавонон ба ин гурӯҳҳо ва амалиётҳои бадкирдори худ, ҳаёти мардумони минтақаҳои гуногуни мусулмоннишинро зери хатар мегузоранд. Дар кадом нуқтаи ҷаҳоне, ки онҳо барои худ шароит пайдо мекунанд, пеш аз ҳама онҳо системаи пойгоҳҳои террористиро таъсис медиҳанд ва ба ҷои иқтисодиёти пешрафта корхонаҳои тавлиди маводи мухаддир ва тиҷорати онро ба роҳ мемонанд. Бо ин роҳҳо гурӯҳҳои ифротгаро мардумро аз кори ҳаррӯзаашон маҳрум мекунанд ва онҳоро барои иштирок дар ҷангҳо ба пойгоҳҳои низомии худ мефиристанд. Маҳз дар ҳамин гуна пойгоҳҳои низомӣ онҳо бо баҳонаи таълими дин амалиётҳои ғайриисониро ба ҷавонон ва ҳатто хурдсолон таълим медиҳанд. Аммо сол аз сол дар ҳар як давлати мусулмон мардум аз мақсадҳои зишти ин гурӯҳҳо ва ҳомиёни онҳо дарак меёбанд ва мубориза бар зидди онҳо торафт пурзӯр шуда истодааст.

Акбарзода Абдулло Акбар-омӯзгори кафедраи тибби ҳарбӣ

 


11.03.2025 217

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php