ИДОМАИ ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МОДАР


ИДОМАИ ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МОДАР

Бо ибтикори Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии “Стоматология” бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии бошукӯҳ баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур кафедраҳои факултети стоматологӣ низ фаъолона иштирок намуданд.

Кори чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори Марказ, номзади илмҳои тиб Шарипов Х. ҳусни оғоз ёфт. Роҳбарияти Марказ иштирокдорон ва дар симои эшон тамоми модарону хоҳарони тоҷикро ба ин ҷашни фархунда табрику муборакбод намуда, дар рӯзҳои аввали баҳори нозанин рост омадани Рӯзи модарро ба муҳаббат ва садоқати ин олиҳаи зебоӣ ва сарчашмаи ҳаёти инсоният рабт доданд.

Дар навбати худ мудирони кафедраҳои стоматологияи кӯдакона ва ортодонтия, стоматологияи муолиҷавӣ ва стоматологияи ортопедӣ низ баромад намуда, атрофи Рӯзи Модар фикру ақидаҳои ҷолибро пешниҳод намуданд. Баромади донишҷӯён ба чорабинӣ таровати иловагӣ замм кард.


10.03.2025 263

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php