МОДАР – ИН ОФТОБИ ҲАЁТ


МОДАР – ИН ОФТОБИ ҲАЁТ

Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,

Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.

   На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,

Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан!

          Ҳар сол, ба маҳзи омадани баҳори нозанин ва шукуфтани гулбаргаҳои атрогин, мо ҷашни зебои 8-уми март, Рӯзи байналмилалии занон, ки дар кишварамон ба унвони Рӯзи модар маъруф аст, таҷлил менамоем. Ин рӯз фурсатест барои қадрдонӣ аз заҳматҳои бепоён, меҳрубонии бекарон ва фидокориҳои бузурги модарон – онҳое, ки чароғи хонадон, сарчашмаи зиндагӣ ва оғози ҳама хубиҳоянд.

         Вожаи "Модар" аз азал барои ҳар як инсон муқаддастарину азизтарин аст. Модар асосгузори ҳаёти ҳар инсон аст, ки бо шири сафедаш ҷони мо мепарварад, бо аллаҳои ширинаш ба гӯшамон нахустин бор суруди зиндагӣ месарояд ва бо меҳри бепоёнаш моро дар оғӯши гарми худ ба воя мерасонад. Модар шахсест, ки ҳамеша, дар ҳама ҳолат, дар шодиву ғам, дар хушиву нохушӣ, дар тангиву фарохӣ дар канори мост, моро дастгирӣ мекунад, ба мо маслиҳатҳои хуб медиҳад ва барои хушбахтии мо ҷони худро фидо мекунад.

          Модар на танҳо ба фарзандони худ, балки ба ҳамсар, ба хонавода ва ба ҷомеа низ меҳрубон ва ғамхор аст. Ӯ бо дастони пурҳунараш хонаро обод мекунад, бо суханони ширинаш дилҳоро шод мегардонад ва бо дуоҳои некаш ба зиндагии мо баракат мебахшад. Модар рамзи садоқат, вафодорӣ, меҳнатдӯстӣ ва хоксорӣ аст. Ӯ ҳамеша дар талоши он аст, ки фарзандонаш соҳиби одобу ахлоқи ҳамида бошанд, илму дониш омӯзанд, ҳунар ёд гиранд ва дар ҷомеа мавқеи шоиста пайдо кунанд. 

         Имрӯзҳо занон дар ҷомеаи мо нақши муҳим доранд. Онҳо на танҳо дар тарбияи фарзандон ва ободии хонадон, балки дар пешрафти илму фарҳанг, иқтисодиёт ва сиёсат низ саҳми арзанда мегузоранд. Занон-модарони мо имрӯзҳо дар баробари мардон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд ва бо фатҳи қуллаҳои баланди соҳаҳои гуногун исбот мекунанд, ки онҳо низ метавонанд дар рушду тараққиёти ҷомеа саҳмгузор бошанд.

         Модар – ин офтоби ҳаёт, чашмаи меҳр, сарчашмаи илҳом ва рамзи ҳама хубиҳост. Қарзи фарзандии ҳар шахс ин эҳтирому қадршиносӣ аз ин олиҳаи нотакрори рӯзгор аст. На танҳо фақат 8- уми март, балки биёед ҳамеша қадри модарони худро бидонем, онҳоро дӯст дорем, эҳтиром кунем ва бо рафтору кирдори неки худ ба онҳо хушбахтӣ ва шодмонӣ бубахшем. Зеро ба қавли шоир:

Замину осмон аз модарон аст,

Ҳаёти ҷовидон аз модарон аст.

Ҷаҳон бе модарон рӯзе надорад,

Ҳама рӯзи ҷаҳон аз модарон аст.

     Дар охир, ҳамаи модарони азиз, бонувони гиромӣ ва духтарони меҳрубонро бо фарорасии Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, барояшон тансиҳатии поянда, хушбахтии ҷовидона, рӯзгори ободу осуда орзу менамоем!

   

Ризоева О.А. -мудири кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ба номи профессор Бердиев Н.Б.


07.03.2025 337

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php