Ҷойи ӯ дар дилҳост...


Ҷойи ӯ дар дилҳост...

         27-уми августи соли равон, доктори илми тиб, профессори кафедраи бемориҳои кӯдакони №1-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Аминов Ҳусейн Ҷумъаевич аз ҷаҳон даргузашт.

        Аминов Ҳусейн 2-юми октябри соли 1946 дар ноҳияи Қизилтеппаи вилояти Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Доктори илми тиб (2006), профессор (2012). Хатмкардаи ИДТТ (1969) буд. Духтури минтақавии бемориҳои кӯдакони дармонгоҳи кӯдаконаи ш. Қӯрғонтеппа (1969-1971), духтури кӯдакон ва сардухтури беморхонаи минтақавии ш. Ваҳдат (1971-1974), ординатори клиникии кафедраи педиатрияи факултавии ИДТТ (1974-1976), духтури бригадаи эҳёгарии кӯдакони Бунгоҳи ёрии таъҷилии тиббии ш.Душанбе (1976-1978), ассистент, муаллими калон, дотсент ва иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи бемориҳои кӯдакони №1-и ДДТТ (1978-2003),сардори шуъбаи ташкили хадамоти тиббии модар ва кӯдаки Вазорати тандурустии ҶТ (2003-2006), мудири кафедраи бемориҳои кӯдакони №1-и ДДТТ (2007-2008) ва профессори ҳамин кафедра фаъолияти меҳнатии худро идома додааст.

         Оид ба масъалаи масунияти мутобиқатӣ дар сохтори бемориҳо ва фавти кӯдакон дар шароити номусоиди экологӣ, қиёси клиникию бактериологии уфунат дар кӯдакони хурдсоли Тоҷикистон, хусусиятҳои давраи аввали мутобиқат дар кӯдаконе, ки аз модарони гирифтори нефропатия таваллуд ёфтаанд таҳқиқот анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 60 асару мақолаи илмист.

         Дар тамоми давраи фаъолияти худ Аминов Ҳусейн Ҷумъаевич корҳои муолиҷавию ташхисӣ, таълиму тарбияи донишҷӯён ва илмию татқиқотиро бо муваффақиятҳои назаррас иҷро намуда, дар тараққиёти соҳаи илми тоҷик саҳми арзандае гузоштааст.

         Роҳбарияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба аҳли хонавода, наздикону пайвандон ва ҳамкорону шогирдони донишманди фарзона, устод Аминов Ҳусейн Ҷумъаевич изҳори ҳамдардӣ намуда, барояшон аз даргоҳи Худованди мутаол сабри ҷамил хоҳон аст.

   Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,

    Шамъ агар хомӯш гардад доғи маҳфил мешавад.

                                                  

                                 Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


30.08.2021 293

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php