Мероси маънавии тоҷикон

Мероси маънавии тоҷикон

Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” марҳилаи нави рушди ин бахши суннативу судманд фаро расид. Бо ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикон дар рушди фарҳанги миллӣ, ки як ҷузъи фарҳанги ҷаҳонист, нақши босазо гузоштаанд. Мардуми тоҷик аз давраи бостон то ба имрӯз ҳунарҳои зиёдеро доро буданд ва ин суннату анъанаи миллӣ то айёми мо зинда нигоҳ дошта шудааст.

Чӯбтарошӣ ва Кандакорӣ аз ҳунарҳои қадимии Шарқ аст, ки дар Тоҷикистон зиёд рушд кардааст. Ин намуди санъати мардумӣ   дар он минтақаҳое арзи вуҷуд мекунад, ки он ҷо чӯб зиёд аст. Мардуми тоҷик дар ин намуди санъат бештар аз дарахтони бед, чинор, чормағз, зардолу ва тут истифода мекунанд. Ҳунари чӯбтарошӣ- аз тарош ва шакл бахшидан ба чӯб оғоз мешавад. Агар чунин хулоса кунем, ки дар ҳар як хонаводаи мардуми тоҷик нақше аз ин ҳунар ҳаст, мутмаинам, ки иштибоҳ нахоҳад буд. Зеро бистари нахустини тифли тоҷик, ки гаҳвора аст, дар худ нақше аз ҳунари кандакорӣ дорад ва чунин ақида низ ҳаст, ки ин як далели дар муҳити зебоипарастиву ҳунар тарбият кардан аз замони туфулияти мардуми мост.

Наҷҷорӣ ва маъруфтар бо кандакорӣ дар чӯб аз қадимтарин санъати наққошии миллати тоҷик аст, ки таърихи он ба садсолаҳо мерасад ва мероси боқии асрҳои миёна, ки дар қасру кушкҳои Ҳулбук, Панҷакент, Шаҳристон, Тахти сангин, Аҷиннатеппа кашф шуда, далели маъруфияти хеле қадимӣ доштани ин ҳунари миллати тоҷик аст. Аслан ҳунармандони кандакор дар ҳама манотиқи Тоҷикистон ҳастанд ва шурӯъ аз сохтани гаҳвораву асбоби рӯзгор то дар бунёди манзилҳо аз ҳунари кандакории худ ба таври густарда истифода мебаранд. Ва аммо тавлиди асарҳои бузурги ҳунари кандакорӣ бештар дар шимоли Тоҷикистон маъруф аст. Зеро дар ин минтақа теъдоди кандакорон хеле зиёданд ва афроди огаҳ аз рӯзгори сокинони ин минтақа, эҳсос кардаанд, ки бунёди манзили муқаррарии зисти мардуми ба вижа кӯҳистонии минтақа бе чӯб ва кандакорӣ дар он ғайри қобили тасаввур аст. Ва асарҳои бузурги маҳфузи қадимии ин ҳунари волои чӯбкорӣ дар масҷиду манзилҳои мардуми минтақа, ба мисли Ҳавзи Сангин, дарёи Болои Ӯротеппа, масоҷиди Ҷомеъи Хуҷанд ва Сурхи Исфара то ҳанӯз боқист. Дар дигар минтақаҳои кишвар, Бадахшону Хатлон ва Ҳисор низ аз қадим дар ороста сохтани манзил ҳам зиёд аз кандакорӣ дар чӯб истифода мекарданд ва аммо тавре ба назар мерасад шурӯъ аз замони шӯравӣ ин ҳунар ба тадриҷ мақоми худро дар ин манотиқ аз даст медиҳад.

Дар Тоҷикистон мактабҳои башумори таълими наҷҷорӣ ва кандакорӣ дар чӯб фаъол аст ва ҳар сол теъдоде аз ҷавононро воқеан соҳиби теғи кандакорӣ месозад. Аммо мутаассифона, тавре ки худи устозони кандакор ва низ толибилмони даргоҳҳои ин касби қадимӣ мегӯянд, наҷҷорӣ кори сангин ва пурзаҳмат аст ва ҳар нафари интихобкардаи ин пеша чунин заҳматро то интиҳо таҳаммул намекунад.

Аслан, бахши кандакорӣ фаълан дар Тоҷикистон дар заминаи фармоиш рушд мекунад. Зеро ниёзи молии устозони кандакор ба ин мусоидат мекардааст. Ва маъмултарин кори наҷҷорӣ, ки имрӯз аз он кор мегиранд, тасвири асари наққошӣ дар рӯи дарвозаҳост ва зиёд мураккаб кандакорӣ ва эҷод намешавад. Асарҳои бузургтари кандакорӣ дар сақфу сутуни чойхонаву тарабхонаҳо ба назар мерасад, ки онҳо дар бештарин маврид фармоишианд.

Тавре зикр кардем, санъати кандакорӣ ба кулли бахшҳои рӯзгори мардуми тоҷик ворид шудааст ва дар бештарин маврид нақши тарбиятгарии мардумро низ дорад. Ва аслан дар Тоҷикистон масҷиду мадрасеро наметавон тасаввур кард, ки орӣ аз санъати наҷҷорӣ бошад.

Ҳамчунин, санъати кандакорӣ дар Тоҷикистон бо санъати мусиқӣ робитаи хеле қавӣ дорад ва аслан ҳам асбобҳои мусиқи қадимии тоҷик, навъҳои мухталифи он ҳунари дасти кандакорон аст. Чунин тахминҳое низ ҳаст, ки таърихи кашфи кадом як асбоби мусиқӣ, ба монанди дутор, думбра, ситор, ҳатто танбуру карнай низ ба завқи кадом як кандакоре иртибот мегирад. Зеро шояд бастагии зиёди наҷҷор ба санъати мусиқӣ боис шуда, ки асбобе тавлид шавад. Ва низ завқи ҳунари кандакорӣ дар санъати мусиқӣ бахши муҳим дар рушди ҳунари навозандагӣ унвон мешавад.

Эҳё ва таҳкими ҳунармандӣ паҳлуҳои мусбати дигар низ дорад. Бахусус, маҳсули дасти аҳли ҳунар метавонад аз омилҳои калидии афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳон ва меҳмонҳои хориҷӣ ба кишвар ва мардуми мо бошанд. Инчунин, дар ин самт ҷалби ҳарчи бештари духтарон ва занон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ бешубҳа, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар воқеъ, дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, ин иқдом айни муддао аст, зеро ҳифз ва муаррифии осори ниёгон барои ҳар фарди худшиносу ватандӯст ҳам фарзу ҳам суннат мебошад.

 

 

Зуҳра Турсунова, мутахассиси шуъбаи иттилоот ва нашрия


21.02.2019     604

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php