Давраи палеолит ва ёдгориҳои он дар Тоҷикистон

Давраи палеолит ва ёдгориҳои он дар Тоҷикистон

Ба ифтихори 5500 солагии САРАЗМ

Замони пайдоиши нахустин одамонро дар сарзамини Осиёи Миёна ба таври яқин муайян кардан хеле душвор аст, зеро осори аз ҳама қадимаи ҳаёти онҳо боқӣ намондааст. Ба гумони баъзе олимон, гeё Осиёи Миёна дар дохили минтақаи одамшавии маймун воқеъ гардида будааст. Ҳарчанд ин ақида маъмул ва мақбули умум маҳсуб ёфта наметавонад, бо вуҷуди ин кашфи қадимтарин ёдгориҳои ҳаёти одамиро дар ин сарзамин набояд берун аз имкон донист.

Соли 1953 А.П. Окладников дар рeди Унарчаи наздики дарёи Норини Қирғизистон аз девораи регии суфаи қадимаи плейстотсени миёна қайроқи калони дасти инсон расидаро, ки як тарафи он ба теғи дарози барҷастаи камонӣ монанд аст, пайдо намуд. Чунин олат дар илми бостоншиносӣ бо номи чоппер – олати қайроқсанг машҳур аст. Пас аз чанд соли бозёфти ин олати қадима дар маҳалҳои мухталифи Осиёи Миёна боз даҳ макони он кашф гардид. Ин гуна олат дар бисёр ноҳияҳои Олами Куҳан ба хубӣ маълум буда, қадимтарин маданияти инсонӣ – маданияти қайроқсангро тавсиф менамояд.

Таҳлили типологӣ нишон медиҳад, ки олати қайроқсанги Осиёи Миёна бо маданияти ба истилоҳ суонии давраи палеолити Ҳиндустон хеле шабоҳат дорад. Аз ин чунин бармеояд, ки ин ду кишвар дар давраи палеолити поин як роҳи умумии таърихиро тай кардааст. Чунон ки аз мадракҳои геологӣ маълум мешавад, аҳли маданияти қайроқсанг дар давраи пиряхҳои нахуст ва яхбандии рис, яъне дар давраи плейстотсени миёна, беш аз 200 ҳазор сол қабл аз ин зиндагӣ ба сар бурдаанд. Он вақтҳо чунин ҳайвонот, аз қабили xинсҳои қадимаи фил, асп, мамонт ва бизонҳои шохдароз, намудҳои гуногуни каркадан вуxуд доштаанд. Аз рeи баъзе далелҳо, одам дар он замон хеле кам будааст.

Олати навъи дигар дастколаҳои сангӣ, ки барои палеолити поини Европа бисёр характернок аст, фақат дар қисмати ғарби мамлакат – дар Туркманистон пайдо гардид.

Баъзе олимон изҳори шубҳа мекарданд, ки Осиёи Миёна ин қадар барвақт маскани одам шуда будааст, зеро нишонаҳои зиндагии инсон дар ин маҳал аввало, ки хеле кам, дар баъзе xойҳо, алоҳида-алоҳида ёфт мешуданд ва сонӣ, аслан дар қабатҳои аз ҳама болоии заминҳои соҳили дарёҳо ба назар мерасиданд. Вале инак соли 1973 дар мағзи зардхоки Қаротоғи Ёвон ва сипас, дар ҳафт xои xануби Тоxикистон дар мағзи хокҳое, ки дар чуқурии 50–65 метр воқеъ мебошанд, олоти сангӣ ба даст омад. Ҳафриёти ду бошишгоҳ – бошишгоҳи Қаротоғи 1 ва Лоҳутӣ-1 нишон дод, ки дар ин xо нишонаҳои бошишгоҳи нав, осори маданияти то ба ҳол номаълуме ҳастанд, ки он «маданияти Қаротоғ» ном гирифт. Таърихи ин қабати археологӣ 200–150 ҳазор сол аст, ки инро бо мадракоти геологӣ муайян карда, баъд бо усули термолюминистсенсия аниқ намуданд. Маданияти Қаротоғ аз xиҳати тавсифоти худ ба маданияти қайроқсанг мансуб аст ва аз маданияти суонии нимxазираи ҳиндустон, ки дар боло номбар шуда буд, ягон фарқи казоӣ надорад. Баъди ин кашфиёт xои шубҳа нест, ки дар Тоxикистон ва Осиёи Миёна сараввал тоифаҳое маскун шуданд, ки ба давраҳои маданияти қайроқсанг тааллуқ доштанд.

Бошишгоҳ - маскани доимӣ ё  муаққатии одамони асри санг. Бошишгоҳҳо ҳам ҷои зист ва ҳам маҳалли тайёркунии олоти меҳнати инсон буданд.

Қароргоҳ – дар археологияи асри санг истилоҳест барои ифодаи мафҳуми макони одамони ибтидоӣ, ки аз худ унсурҳои маданияти моддӣ (олоти меҳнат, яроқ, иқоматгоҳ ва ғ.) боқӣ гузоштанд. Қароргоҳи калони давраи неолитро одатан бошишгоҳ меноманд. Ду хели қароргоҳ мавҷуд аст: кушод ва мағоравӣ.

Нуклеус (лот. nғcleғs - гулӯла) – пораи санги ҷақмоқ ё навъи дигари санг, ки аз он олоти сангӣ тайёр карда мешуд. Барои давраҳои палеолит, мезолит, неолит ва энеолит хос аст.

Нӯгтез – олоти сангии давраи палеолит аст. Нӯгтезро аз саҳфаҳои секунҷа дар шакли кӯтоҳ ва паҳн тайёр мекарданд. Нӯги нӯгтез одатан секунҷа буд. Нӯгтез ҳамчун корд барои коркарди чӯб, шикори ҳайвонот ва ғайра истифода мешуд.

Санги ҷақмоқ, ҷақмоқсанг – минералест, ки аз дуоксиди силитсии кристалӣ ва аморфӣ таркиб ёфтааст. Бинобар қираҳои тез доштани санги ҷақмоқро аз асри санг то асри оҳан барои тайёр кардани олоти сангӣ истифода мебурданд.

Тарошкорд – олоти сангиест, ки дар давраи палеолит паҳн шуда буд. Тарошкорд асосан хоси маданияти мустие буда, дар давраҳои аввал ва охири палеолит низ вомехӯрад. Тарошкорд санги ростқирае буда, қирраҳои рост ё барҷастаи он вазифаи теғро адо мекарданд. Тарошкорд барои тарошидан ва буридани пӯсти ҳайвоноту дарахтон истифода бурда мешуд. Баъзеи тарошкордҳо эҳтимол, дастаи чӯбин низ дошта бошанд.

Устохона (дар археология)  - дар археологияи асри санг маҳалли омода намудани олоти сангӣ ва партовҳои истеҳсолотро гӯянд. Дар устохона ҳамчун қароргоҳи муваққатӣ одамон коркарди ибтидоии олоти санги (нуклеусҳо, парахсангҳо, пластилинҳо ва ғ.)-ро анҷом медоданд. Ду навъи устохонаҳои асри санг мавҷуд аст: қароргоҳ ва устохона. Дар Тоҷикистон дар деҳаи Моғиён, ноҳияҳои паҳншавии маданияти Ҳисор, аз ҷумла дар соҳилҳои обанбори Норак устохонаҳои зиёде ёфт шудаанд.

Микролит – (юн. «микрос» - хурд, сағир, «литос» - санг) – олотҳои меҳнатии аз пораҳои хурди санг тайёр карда шуда.

Осори палеолити миёна. Дар Осиёи Миёна аз марҳилаи баъди ҳаёти башари аввалия – палеолити миёна ёдгориҳои фаровон боқӣ мондааст. Ин замони нашъунамои маданияти мусте, замони мавxудияти неандерталҳо буд, ки дар ҳудуди палеолити миёна ва боло аз онҳо инсони навъи имрeза ташаккул ёфтааст.

Дар ин давр қувваҳои истеҳсолкунандаи xамъият нисбат ба давраи палеолити поин тезтар ба дигаргунӣ рe ниҳоданд: техникаи тайёр кардани олот зудтар такмил ёфт, шакли олатҳо нав ва вазифаи онҳо гуногун гардид. Одамон натанҳо нигоҳ доштани оташ, балки гирондани онро ёд гирифтанд. Навтарин усулҳои статистикӣ имкон медиҳад, ки дар ноҳияҳои мухталиф, аз xумла дар Осиёи Миёна чанд маҳалли маскуни асрисангии миёна, ки мумкин аст мавxудияти ягон иттиҳодияи калони xамоатиро инъикос гардонанд, ошкор карда шавад.

Масканҳои саркушода ва ғори мустйе дар бисёр xойҳои Осиёи Миёна, чи дар қисмҳои кeҳсор ва чи дар дашту воҳаҳо ёфт шуданд. Чунончи, ин қабил иқоматгоҳҳо дар Туркманистон – дар нимxазираи Красноводск ва Кeпетдоғи Марказӣ, ғорҳои қадима дар Ӯзбекистон – дар наздикии Тошканд ва Самарқанд, масканҳои саркушодаи зиёд дар Тоxикистон – дар Фарғонаи ғарбӣ, ноҳияи Ӯротеппа, водиҳои Ҳисор ва Вахш, ноҳияи Данғара ва ниҳоят, дар солҳои охир осори маданияти мустйе дар Қирғизистони шимолӣ низ кашф гардиданд.

Мағоки Тешиктош дар Иттифоқи Советӣ ва хориxа шeҳрати зиёд пайдо намуд. Вай дар наздикии шаҳри Тирмиз, дар воҳаи Тургондарё, дар кeҳсори Бойсун воқеъ гардидааст. Дар ин мағок панx табақаи маскун, ки неандерталҳои чандин бор ба манзили кeҳнаи худ бозгашт намуда боқӣ гузоштаанд, мушоҳида шудааст. Аз ин xо қариб 3 ҳазор маснуоти сангӣ пайдо гардид, ки 339-тои он олоти комия мебошад. Дар байни онҳо ду навъи олоти хеле маъмул – корд ва белчаи сангӣ мавxуд аст. Корд ҳамчун олоти бурранда ва силоҳи шикорӣ хизмат мекард. Белчаро барои сохту пардохти дарахт, пeст истифода менамуданд. Олатҳои дигар хеле каманд. Сайди асосии шикорчиёни тешиктошӣ бузи кeҳии сибирӣ буд, ки дар кeҳистони Осиёи Миёна бисёр дучор меомад. Ғайр аз ин гавазн, хирс, паланг ва дигар ҳайвонҳои хурдтарро низ шикор мекарданд.

Тасодуфан пайдо шудани ҷасади одами аҳди мустйе – писарбачаи 8–9-сола воқеаи дорои аҳамияти xаҳонӣ гардид. Аз вақти ин бозёфт наздик чил сол гузашта бошад ҳам, бостоншиносон ба ёфтани дигар косаи сари одами неандертал муваффақ нашудаанд, ҳарчанд ки ҳоло дар мамлакати мо даҳҳо макони мустеӣ маълум аст. Дар гирди xасад (косаи сар ва баъзе устухонҳои скелети писарбача) шохҳои бузи кeҳӣ ба шакли ҳалқа гузошта шудаанд, ки аз ин метавон бо нияти муайян ба хок супурда шудани онро тахмин кард.

Коллексияи олоти сангии Тешиктош бо осори дигар мағораҳо пурратар гардид. Аз байни онҳо мағоки ба қарибӣ ёфташудаи Обираҳматро, ки дар масофаи 100 км дуртар аз Тошканд воқеъ аст, ном бурдан мумкин аст. Материалҳои ҳафриёти ин ёдгории хеле xолиб ҳанeз муфассалан интишор наёфтааст. Аз ин мағок бештар аз 30 ҳазор маснуоти давраи мустйе пайдо шуд.

Дар водии Сирдарё, дар байни Хуҷанд ва Навкати Қайроққум бисёр материалҳои муҳим ба даст расид. Олоти ду марҳилаи давраи мустйе дар ин ноҳия бо бақияи суфаҳои қадимаи Сирдарё алоқаманд аст. Ин олатҳо дар регҳои обшустаи суфаҳо xамъ шудаанд. Дар ин xо ҳам ба мисли Тешиктош аксари олотро белча ва кордҳои сангӣ ташкил мекунанд, фақат фарқ дар ин аст, ки онҳо на аз оҳаксанги чахмоқии зудшикан, балки аз санги сахти сумоқ (порфирит) сохта шудаанд.

Ҳамаи ин ёдгориҳо мутааллиқи маданияти ба «истилоҳ леваллуаю мустйе» буда, бо ёдгориҳои давраи мустйеи шарқи Наздик шабоҳат доранд.

Вале дар ҷануби Тоҷикистон якчанд ёдгориҳои давраи мустйе пайдо шуданд, ки тамоман хусусияти дигар дошта, бо тамаддуни ҳиндустон ва соири кишварҳои дар xанубу ғарби Тоҷикистон воқеъгардида наздиканд. Калонтарин маҳалли ин навъи осори қадима Қаробeра, воқеъ дар водии Вахш (наздики Xилликeл) аз xониби В.А. Ранов тадқиқ шудааст. Вай аз силсилаи дунгиҳои на он қадар баланди регӣ иборат аст, ки рeи онҳоро ба ғафсии ду метр сангрезаҳо пeшидаанд. Маснуоти қадима маҳз аз байни ҳамин сангрезаҳо ёфт шудаанд. Ҷолиби диққат аст, ки дар ин маҳал дар қатори олоти муқаррарии мустйе маснуоти махсуси сангӣ – олоти ҳақиқии қайроқсанг – чоппер ва чоппинг низ пайдо гардид, ки бо ҳамин қабил маснуоти давраҳои баъдинаи маданияти Суои ҳиндустон бисёр монанд аст.

Ҳафриёти майдончаи назди ғори Оғзикичики райони Данғара барои тадқиқи маданияти мустйе материали фаровон дод. Аз ин xо даҳҳо олатҳои гуногуни сангӣ, аз xумла, белчаву кордҳои гуногун ба даст омад, ки хеле хуб сохта шудаанд. Инчунин бисёр устухони ҳайвон низ ёфт шуд, ки неандерталиҳо сайд карда будаанд. Дар қатори устухони ҳайвонҳои маълуме, ки то ба ҳол вуxуд доранд, устухони карки дарозпашм ва асп барин ҳайвонҳое низ ёфт шуданд, ки то ба рeзҳои мо омада нарасидаанд.

Қисми болоии табақаи маскуни (табақаи археологии) ин xо дар xои дигар вонамехeрад ва иборат аз пораҳои ба лой часпидаи резаи устухони сангпуштҳои даштиву дигар ҳайвонҳо мебошад. Аксари устухонпораҳо сeхтагианд ва ин далолат мекунад, ки мардуми Оғзикичик дар ҳамон давраҳо асосан гeшти сангпуштро истеъмол мекардаанд.

Ба ин тариқа, аз давраи мустйе сар карда, дар маданияти асри сангии Осиёи Миёна мушобиҳати ду минтақаи бузурги палеолит – Осиёи шарқӣ ва Миёнаро метавон мушоҳида намуд. Чунин наздикии маданиятҳоро дертар, дар давраи неолит ҳам дидан мумкин аст. Мутобиқи мадракҳои навтарин, синни осори асосии давраи мустйе дар Осиёи Миёна 50–40 ҳазор сол мебошад.

Маданияти Ашел - маданияти археологии палеолити қадим, давоми маданияти шелл аст. Аз номи ёдгориҳои мавзеи Сент-Ашёл (шимоли Фаронса) гирифта шудааст. Дар тамоми Африка, Аврупои Ҷанубӣ ва Осиё паҳн шудааст. Маданияти ашел 400-100 ҳазор сол муқаддам мавҷуд буд. Ба ин маданият теша, табарҳои оддии сангӣ инчунин нуклеусҳо хосанд. Боқимондаҳои устухони одамони давраи Ашел, ки ба питекантроп шабоҳат доранд, аз Алҷазоир ва Марокаш, боқимондаҳои устухони одамони давраи Ашели неандершакл дар Англия ёфт шуданд. Одамони маданияти Ашел дар ғорҳо ва берун аз он зиндагӣ карда, аз оташ истифода мебурданд. Бо шикор ва ҷамъоварии меваҷоту решаҳо машғул буданд.

Маданияти Мустие – маданияти палеолити қадим, ки баъди маданияти Ашел инкишоф ёфта, ба маданияти палеолити давраҳои охир иваз шудааст. Охири солҳои 60-ӯми асри ХХ археологи франсавӣ Г.Мортиле дар ғори Ле-Мустие ҷанубу ғарбии Франсия воқеъгашта кашф кардааст. Дар Аврупо, шимоли Африка, Шарқи Наздик ва Осиёи Миёна паҳн буд. Маданияти мустие ҳазорсолаҳои 100-80 то м. ба вуҷуд омадааст. Барои маданияти мустие усули аз санг тайёр кардани нуклеусҳо хос аст, ки аз онҳо тарошкорд, ашёҳои нӯгтез, пармаю кордҳо месохтанд, устухонро кам истифода мебурданд. Баъзе нишонаҳои маданияти мустие фақат дар як маҳал дида мешаванд. Маданияти мустиеро неандарталиҳо паҳн кардаанд.

Маданияти Қаротоғ - маданияти археологии давраи палеолити поён, ки на фақат дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Миёна қадимтарин ба шумор меравад. Солҳои 1973-1977 кашф ва тадқиқ шуд. Аз қароргоҳи Қаротоғ-1 ном гирифта, дар самти шарқии ҷарии Орғайдара, 1,5 км шимолу шарқтари собиқ деҳаи Ӯтоған воқеъ аст. Масофати умумии ҳафриёти қароргоҳи Қаротоғ-1 ба 124 м.м. баробар аст. Нишонаҳои муайяни қабати археологӣ ба назар мерасанд. Бозёфтҳои маданияти Қаротоғ шаҳодат медиҳанд, ки барои тайёр намудани олот қайроқсангҳои дарёии ҷинси вулқонӣ ва метаморфӣ истифода шудаанд. Олоти бештар паҳншудаи сангӣ чоппер мебошад, ки теғи секунҷа дорад. Қароргоҳи дигари маданияти Қаротоғ – Лоҳути-1 дар соҳили рости дарёи Обимазор, муқобили қишлоқи ҳамном вокеъ аст. Масофати умумии ҳафриёт – 216 м.м. дар ин ҷо олоти сангӣ бештар ёфт шудаанд. Олоти сангии қароргоҳи Лоҳути-1 нисбат ба олоти қароргоҳи Қаротоғ-1 суфтатар ва мукаммалтаранд. Олоти дандонадор ва новашакл низ дучор мешаванд. Маданияти палеолити поёни Қаротоғ бо баъзе хусусиятҳояш ба маданияти соани Покистон ва шимолу ғарбии Ҳиндустон наздик аст.

Қаробӯра, қароргоҳи палеолитӣ - ёдгории археологии мансуб ба маданияти мустиеи давраи палеолити асри санг. Ёдгорӣ дар соҳили чапи дарёи Вахш, 37 км ҷанубу ғарби ш. Қӯрғонтеппа воқеъ аст. Солҳои 1957-1964 бостоншиноси тоҷик В.А.Ранов кашф ва тадқиқ намуд. Олати палеолитӣ дар самти шимоли теппаҳо дар суфачаҳои қадимаи водиҳо дучор мешаванд. Суфачаҳо аз давраи геологии плейстосени боло боқӣ мондаанд. Аз 9 маҳал дар тӯли 2,5 км ҳамагӣ 8000 олат (чоппер, чоппинг, нуклеус ва ғ.) ҷамъ оварда шудааст. Бозёфтҳои Қаробӯра мувофиқи шакл ва усули тайёр кардан ба маданияти соани Покистон ва шимолу ғарби Ҳиндустон андаке монанд буда, аз рӯи такмил ҳамчун олати маданияти мустие фарқ мекунанд. Аз ин сабаб бозёфтҳои Қаробӯраро чун ягона шакли мустақили мустиеи соании дарваи мустиеи Осиёи Миёна чудо кардан ва шартан ба ҳазораҳои 70-50 то милод нисбат додан мумкин аст.

Хуҷӣ - қароргоҳи палеолитии давраи мустиеи мансуб ҳазораҳои 50-30 то милод, ки 40 км ғарбтар аз Душанбе, дар қатортеппаҳои пеши нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор (1200 м аз сатҳи баҳр) воқеъ аст. Соли 1978 бостоншинос В.А.Ранов кашф ва тадқиқ намуд. Қабати маскуни Хуҷиро қабати 30-метраи зардхок пӯшидааст. Дар Хуҷӣ бештар аз 7642 олоти сангӣ ба даст омадааст. Фона яке аз олоти хоси қароргоҳ буда, навъҳои гуногуни он - секунҷа, нӯктез борик ва ғ. ёфт шудаанд. 14%-и бозёфт аз олоти меҳнат иборат аст. Аз Хуҷӣ устухони буз ва ғурм, гавазн, асп, сангпушт, хирс, гург ёфтанд. Аз рӯи нишонаҳояш қароргоҳ ба леваллуа (навъҳои мустиеи маданияти мустиеи Осиёи Миёна) нисбат дорад. Ошкор гардидани Хуҷӣ саҳифаи навест дар таърихи бостоншиносии тоҷик.Осори палеолити боло. Тахминан 40–35 ҳазор сол пеш ташаккули навъи имрeзаи башар Homo sapiens сурат мегирад. Дар ин давра асбобу олоти сангӣ босуръат такмил меёбад. Ба ивази се-чор намуди асосии олатҳои замони мустйе асбобу абзорҳои гуногуни сангӣ ба вуxуд меоянд. Бо такмили асбобу олот ҳаxми онҳо хурдтар ва василаҳои шикор низ беҳтар мегардад.

Дар давраи палеолити боло ташаккули қабилаҳо шурeъ мешавад: қавми модарӣ, ки аз гурeҳи экзогамии одамони бо риштаҳои хешӣ ва умумияти насаби модарӣ баҳампайваста фароҳам омада буданд, дар ҳамин давра ба дараxаи рушду такомули худ мерасад.

Палеолити болои Осиёи Миёна кам тадқиқ шудааст. Зоҳиран, баръакси давраи мустйе, шароити табиӣ на дар ҳамаи ноҳияҳои Осиёи Миёна барои зиндагонии одамони он давр мусоид буд.

Муҳимтарин ёдгории палеолити боло қароргоҳи Самарқанд мебошад, ки дар даруни худи шаҳр воқеъ гардидааст. Дар байни ҳазорон маснуоти аз се табақаи маскунӣ бадастомада абзорҳои мухталиф, аз қабили белча, корд, асбобҳои тарошанда, буранда ва ғайра мавxуданд. Соли 1964 аз ин xо xоғи одами палеолити боло ёфт шуд. Сардори ҳафриёт Д.Н. Лев чунин тахмин дорад, ки одамони ин қароргоҳ дар манзилҳои аз гил ва қамиш сохташуда мезистаанд. Ғанимати шикори онҳо асосан асп, хар, гови ваҳшӣ, шутур, оҳуи даштӣ, гeсфанди ваҳшӣ ва гавазн будааст.

Дигар ёдгории палеолити боло маҳаллест, ки бо номи «Хоxағор» машҳур буда, дар водии хурди силсилакeҳи Туркистон, дар наздикии деҳаи Чоркeҳ воқеъ аст. Ин ёдгорӣ ба охири палеолити боло тааллуқ дорад; эҳтимол меравад, ки одамон дар ин xо 15–12 ҳазор сол пеш аз ин, яъне дар аҳди кунунии геологӣ зиндагонӣ кардаанд. Табақаи маскуни ин xо маҳфуз намондааст, олатҳои аз санги чахмоқ сохташударо сел рeфта бурдааст. Вале ин ёдгорӣ аз xиҳати фаровонии анвои олоти чахмоқсанг, ки бо шакл ва сохту пардохти худ аз олоти бошишгоҳи Самарқанд фарқ мекунад, xолиби диққат аст.

Солҳои 1969–1970 дар бошишгоҳи Шуғнов, ки дар болооби Яхсу воқеъ аст, чанд табақаи маскунӣ кашф шуд. Дар ин маҳал дар мағзи зардхоки xарии панxоҳметраи соҳили дарё дар вусъати калони майдон 4 табақаи маскуни палеолити боло кофта шуд. Синни табақаи қадимтарин, мувофиқи мадракоти геологию археологӣ 35–30 ҳазор сол ва синни табақаи навтарин, мувофиқи усули радиокарбонии муайян кардани сана, 1050 сол мебошад. Аз ду табақаи аз ҳама боло бештар аз ҳама олоти меҳнат ёфта шуд. Табақаҳои маскуни бошишгоҳи Шуғнов чунон xойгир шудаанд, ки xиҳати стратиграфии онҳо возеҳ ба назар мерасад ва ин ба археологҳо имкон медиҳад, ки инкишофи тадриxии маданияти палеолити болои Тоxикистонро равшан тасаввур намоянд.

Ба мадракҳои дигар низ истинод намуда, мумкин аст гуфт, ки дар Осиёи Миёнаи аҳди палеолити боло ду анъанаи техникӣ мавxудияти худро давом медод, ки яке бо палеолити Осиёи шарқӣ ва Сибир (қароргоҳи Самарқанд) ва дигаре бо палеолити Осиёи Пеш (Хоxағор) алоқаманд буд.

Ориняк, яке аз давраҳои палеолити боло. Мафҳуми "ориньяк" аз ғори Ориняк (ҷануби-ғарбии Фаронса) гирифта шуда, навигарии муҳимтарини ин давра аз устухон тайёр кардани шумораи бисёри олотҳои меҳнат ва сохтани истиқоматгоҳҳои доимии зимистонаи ҷамоавӣ буд. Дар ин давра бори аввал хусусиятҳои палеолити баъдина дар коркарди санг (нуклеуси призмашакл) зоҳир мешавад, ки он баъдан дар давраи солютре ба дараҷаи инкишофи баландтар мерасад

Солютре, яке аз давраҳои палеолити баъдина. Маданияти солютре аз номи истгоҳи Солютре (Фаронса, музофоти Сона ва Луара) гирифтааст. Дар ин давра коркарди санг (нуклеуси призмашакл) ба дараҷаи инкишофи баландтар мерасад. Паҳншавии тирҳои найза ва мукаммалии теғи кордҳо, ки бо маҳорати хеле баланд омода мешуданд, аз тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда щаҳодат медиҳанд. Хусусан шаклҳои гуногуни тирҳо вомехӯранд, ки махсус барои шикори ҳайвонҳои гуногун ва паррандаҳо тайёр шудаанд.

Олоти давраи тошеллию олдуваӣ дағал ва соддаю номукаммал буда, бештар қайроқсангист. Тақрибан 1 млн. сол муққадам олоти универсалӣ- исканаи дастӣ хеле маъмул гашт. Қадимтарин олоти палеолитӣ чопперу чоппингҳо, исканаи дастӣ, тарошаҳо, чақмоқсангӣ сохта буданд (аз Тоҷикистони ҷанубӣ, Қаротоғ-1, Лоҳутӣ –1, Хонақоҳ 1-3 ба даст омадаанд). Давраи гузариш аз палеолити поён ба палеолити миёна 100-40 ҳазор сол то милод ба вуқӯъ пайвастааст. Дар палеолити миёна шикор равнақ ёфта, одамон роҳҳои гуногуни ҳосил намудани оташро ёд гирифтанд. Акнун онҳо дар мағораҳо зиндагӣ мекарданд, сабабаш- ҳуҷуми пирьях буд. Иқлим сард шуд ва одамон маҷбур шуданд, ки истгоҳҳои пӯшида, яъне мағораҳоро ҷои истиқомат интихоб кунанд. Бо кӯмаки оташ дар ҷойҳои кушод маскан мегирифтанд ва гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ мекарданд. Сохти қабилавӣ ва нишонахои тақсими меҳнат байни зану мард фарқ намекардаанд. Дар охири ҳамин давра бошад, маросими дафн пайдо шуд. Ин давраро мустие низ меномиданд. Дар Осиёи Марказӣ мағораҳои Тешиктош, Амонқӯтан, Оби Раҳмат, Кӯлбулоқ, Кӯтурбулоқ, (Ӯзбекистон), Оғзикичик, қароргоҳҳои Ҷарқӯтан, Ҳӯҷӣ (Тоҷикистон), Саломатбулоқ (Кирғизистон) ва ғайра кашф гардидаанд. Дар давраи мустие олоти меҳнат (тарошакорд, корд, дарафшин ва ғайра) ҳаҷман хурд ва нафистар гардид.

Палеолити боло аз 40 то 10 ҳазор сол то милод давом кардааст. Дар ин давра иқлими қисми зиёди сатҳи замин, аз он ҷумла, Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон хушк гардид. Ҳайвоноти ба иклими хунук мутобиқгашта (каркадонҳои сермӯй, аспҳои ёбоӣ ва ғайра) пайдо шуданд. Палеолити боло дараҷаи олии асри санг буда, олоти беҳтарин маҳз дар ҳамин давра ба вуҷуд омад.

Кароргоҳҳои наздикии кӯли Комсомоли Самарқанд ва Шуғнов (водии Яхсу) ба палеолити боло мансубанд. Асбобҳои рӯзгори ёфташудаи ин давра (сӯзан, шаст, дарафш, парма, пайкон, найза ва ғайра) аз устухон ва шохи ҳайвон сохта шудаанд.

Давраи дигари палеолит ашел буда, дар ин давра ду олоти нави сангини нӯгтез (остроконечник) ва тарошаҳои сангин (скребло) пайдо шуд. Нӯгтеза барои куштани ҳайвон, тарошаҳои сангин барои кандани пӯсти ҳайвон, тароши чӯб низ барои пӯстканӣ истифода бурда мешуд. Вазифаи муҳимро исканаҳои дастӣ (рубилаҳо) иҷро мекард. Қисми кории онҳо тез буда, онҳо барои буридани дарахт, кофтани решаҳо ва ғайра мисли табар истифода мешуданд. Онҳо бодомшакл ва ҳаҷмашон то 20 см буданд. Дар кӯҳҳои Тяншон, ҷанубии Қазоқистон, наздикии Тошканд олотҳои давраи ашелӣ ёфт шудаанд, ки онҳо чопперҳо мебошанд. Дар давраи мустие хунукиҳои сахт мешавад. Дар таърихи замин якчанд яхбандӣ - Гюнс, Миндел, Рис, Вюрм шудааст. Давраи мустие ба яхбандии Миндел рост меояд.

2. Давраи палеолити миёна ба маданияти давраи мустие рост меояд, ки вай аз 100 то 40 ҳазор сол пеш давом кардааст. Дар давраи мустие дар соҳаи усули олотсозӣ навигарии бузурге ба амал омад. Аввал нуклеусҳо шакли диск доштанд (сангпораи доирашакле, ки барои ҳаво додан дар варзиши сабук ба кор бурда мешуд).

Аз давраи ориняк сар карда боз гулӯлаи дигари аҳромшакл пайдо мешавад, ки аз онҳо пораи санги чақмоқ ё навъи санг ки аз он олот тайёр карда мешуд, кашф карданд, ки барои давраҳои палеолит, мезолит ва неолит хос аст. Тарошаҳои сангиро туфайли кӯфтан тез мекарданд ва сайқал медоданд, ки онро дар бостоншиносӣ ретуш меномиданд. Масканҳои саркушода ва ғорҳои мустие дар ҳудуди Осиёи Марказӣ низ ёфт шудаанд. Чунончӣ, дар Туркманистон дар нимҷазираи Красноводск ва Купедоғи Марказӣ, дар Ӯзбекистон наздикии Тошканд ва Самарқанд, дар Тоҷикистон - дар Истаравшан, водиҳои Ҳисору Вахш, ноҳияҳои Данғара ёфт шудаанд. Дар наздикии Тирмиз дар кӯҳҳои Бойсун- ғори машҳури Тешиктош кашф шудааст. Вай аз якчанд қабатҳои маскунӣ иборат аст, ки аз он 3 ҳазор маснуоти сангӣ ёфт шудааст (мисоли корд, сангтароша ва ғайра). Дар он замонҳо корд вазифаи буридан ва силоҳи шикор, сангтароша вазифаи пардозӣ дарахт ва пeстро иҷро мекард. Тешиктошиён асосан оҳуи сайгакро, ки дар кӯҳистони Осиёи Марказӣ бисёр буд ва ҳамчунин гавазн, хирс, паланг ва ҳайвони хурдро шикор мекарданд. Академик А.П. Окладников дар Тешиктош ҷасади писарбачаи 8-9 сола пайдо кард, ки бозёфт дороӣ аҳамияти ҷаҳонӣ аст. Косаи сари писарбача қариб ба 100 порча тақсим шуда буд. Аз тарафи олими машҳур М.М. Герасимов ин порчаҳо ҷобаҷо кӯчонида шуда, шакли он аз нав сохта шуд. Дар атрофи ҷасад шохи оху ба шакли ҳалқа гузошта шудааст, ки шояд ҷасад ба нияти муайяне дафн бошад.

Дар наздикии Тошканд дар маҳалли Оби Раҳмат ва дар водии Сирдарё (байни Хуҷанду Навкати Кайроққум) низ бозёфтҳои давраи мусте дарёб шудаанд. Бозёфтҳои ин осор аз пуштакӯҳи Сомғор то деҳаи Навкат мерасад, ки ба маданияти Кайроқум мансуб аст. Дар ин ҷо 24 маҳалли ин маданият муайян шудааст. Садҳо олотҳои сангӣ дарёфт шуд. Ин ёдгорӣ 100-50 ҳазор сол пеш аз милод вуҷуд дошта, аз тарафи бостоншинос А.П. Окладников омӯхта шудааст. Дар ин ҷо ҳам монанди мағори Тешиктош аксари олот сангӣ мебошад. Танҳо фарқ дар он аст, ки ин олот на аз санги чақмоқии зудшикан, балки аз санги сумоқ (порфирит) сохта шудаанд.

Дар ғори Оғзикичики ноҳияи Данғара корд ва белчаҳои хушсохт ёфт шудаанд, ки онҳоро неандерталҳо сохтаанд. Дар баробари ҳайвонҳои маъмул дар ин ҷо устухонҳои карки дарозпашм ва асп дучор мешавад. Қароргоҳи дигар дар Қаробура дар соҳили дарёи чапи дарёи Вахш -37 км, ҷанубу ғарбии Кӯрғонтеппа воқеъ аст, ки аз тарафи В. А Ранов кашф ва омӯхта шудааст. Олоти палеолитӣ дар самти шимолии теппаҳо дар суфаҳои давраи геологии плейтосини боло боқӣ мондааст. Аз 9 маҳал дар ҳудуди 2.5 км қариб 800 олот (чоппер, чопинг, нуклеус ва ғайра) ҷамъ оварда шудааст. Бозёфтҳои Қаробура мувофиқи шакл ва усули тайёр кардан ба маданияти самти Покистон ва шимолу- ғарбии Ҳиндустон андаке монанд буда, аз рӯи такмил ҳамчун олоти маданияти мусте фарқ мекунад. Аз ин сабаб бозёфтҳои Каробураро чун ягона шакли мустақили давраи мустеи Осиёи Марказӣ ҷудо кардан ва шартан ба ҳазорсолаҳои 70-50 то милод нисбат додан мумкин аст. Одамони давраи мустеро одамони давраи неандерталӣ меноманд аз он сабаб, ки намуди аввалини онҳо дар наздикии шаҳри Неандертали Германия ёфт шудааст. Одамони неандарталӣ намуди ягонаи одами давраи мусте буда дар Осиё, Аврупо, Африқо ёфт шудааст. Ҳаҷми косахонаи сари неандертал ба ҳаҷми сари одами ҳозира баробар мебошад. Онҳо пешонии ҳамвор, абрӯи барҷаста доштаанд.

Намуди одами ҳозира (ҳомо-сапиенс) пайдо шуд.

Сохтани олоти устухониро ёд гирифтанд.

Нишони аввалини дин пайдо шуд.

Нишони санъат ҳувайдо гардид.

3. Палеолити боло аз ҳазорсолаи 35 то ҳазорсолаи 10 пеш аз милод давом кардааст. Дар ин давра ташаккули одами боақл (ҳомо сапиенс) сурат гирифтааст. Олотсозӣ аз санг ва устухон такомул меёбад, васоии шикор беҳтар мегардад.

Дар ин давра ташаккули қабилаҳо оғоз меёбад. Ҳокимияти модаршоҳӣ, ки аз гурӯҳҳои экзогамӣ (одате, ки аз қабила, қавм ё гурӯҳи иҷтимоии худ якдагӣ мекунанд) иборат буданд, ҳувайдо шуд. Одамон бо риштаҳои хешӣ ва умумияти насаби моддӣ бо ҳам пайваст фароҳам омада буд. Одамони он замон дар истгоҳҳои машҳур, чайла ва заминканҳо зиндагӣ мекарданд, ки дарозии заминканҳо то 6 метр, чуқуриаш то 3 метр мерасид. Ингуна заминканҳо дар Осиёи Марказӣ ёфт шудаанд. Баробари заминканҳо одамон он давра аз ғорҳо низ истифода мебурданд. Дар давраи палеолитӣ боло санъат тараққӣ карда, одамони ибтидоӣ аз устухонҳои мамонт муҷассамаи ҳайвонҳоро месохтанд. Одамон ба ҳайвонҳои муайян саҷда карда, аз онҳо барори шикори худро дархост мекарданд, бештар акси мамонтро дар рӯи лавҳаҳои устухонӣ мекашиданд. Дар охири давр сохтани ҳайкали занҳо низ ба тариқи воқеӣ зуҳур меёбад. Сохтани манзилгоҳҳои калон, зиндагии умумӣ дар чайла, дар заминканҳо одамонро маxбур мекунад, ки ба гурӯҳи алоҳидаи ба ҳам наздик xудо шаванд. Мардон асосан ба шикор, занҳо ба ғунучини мева, мӯйсафедон ба сохтани яроқ машғул буданд. Дар байни авлод хешигарии авлодӣ пайдо мешавад.         

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ



18.06.2019     39