ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ ВА ПРОБЛЕМАИ НОРАСОИИ ОН ДАР ҶАҲОН

Сиёсати давлати Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақа нигаронида шудааст. Дар ин самт Тоҷикистон аз минбарҳои бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ пешниҳодоти мушаххас ироа намуда, ҳоло аз ҷониби ҷаҳониён ҳамчун ташаббускори ин соҳаи ҳаётан муҳим шинохта шудааст. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси дигари Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намуд. Бинобар дар тамоми кураи Замин беш аз 240 дарёи сарҳадгузар мавҷуданду аз онҳо зиёда аз 170 кишвари мухталифи дунё истифода менамоянд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки муҳимияти масъалаи мазкур 21 июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «СММ — об» оид ба масоили самаранок истифода бурдани об суханронӣ намуданд. Маҳз ҳамин ташббус ва пешниҳодоти Сарвари давлатро ба инобат гирифта, Маҷмаи Умумии СММ 20 декабри 2010 соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон кард, ки он аз ҷониби 190 кишвари олам дастгирӣ ва пуштибонӣ ёфт.

Иқдоми чаҳоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмааи Умумии СММ бо ҳаммуаллифи 177 кишвари аъзои ин созмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид.

Мушкилоти норасоии оби тоза дар олам ба мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст. Мувофиқи иттилои сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид «Соли 2030 700 миллион одамон аз норасоии оби ошомиданӣ гуреза мешаванд. Ин омил, пеш аз ҳама, ба он даъват мекунад, ки ин захираи табиӣ сарфакорона истифода бурда шавад».

Тибқи иттилои сарчашмаҳо, дар марҳилаи имрӯза қариб тамоми минтақаҳои дунё, ҳатто давлатҳои пешрафтаи Аврупо аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Вале вазъият дар қораи Африқо, бахусус дар қисмати ҷануби Сахара нигаронкунанда мебошад. Мутахассисони соҳа ба он назаранд, ки тағйирёбии иқлим, хушксолӣ, афзоиши босуръати аҳолӣ ва коҳиши захираҳои обӣ Сахараро яке аз минтақаҳои осебпазиртарини дунё намудааст. Дар ин минтақа тақрибан 340 млн. нафар ба оби ошомидании босифат дастрасӣ надоранд.

Дар баробари ин имрӯз зиёда аз 663 миллион нафар одамон дар назди ҷойи истиқомати худ ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Барои он ки ба об дастрасӣ пайдо кунанд, онҳо маҷбуранд вақти зиёд сарф намуда, ба навбат истанд ва ё масофаи дуру дарозро пиёда тай намоянд.

Имрӯз зиёда аз 60%-и захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон мавҷуд мебошанд. Аз ин хотир, ҷониби Тоҷикистон ҳамеша ба давлатҳои минтақа дар ин ҷода изҳори ҳамкорӣ менамояд. «Сиёсати давлати Тоҷикистон дар соҳаи об, дар айни замон, ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ низ нигаронида шудааст. Мо омодаем, ки захираҳои бузурги оби нӯшокиамонро ба манфиати минтақа мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем. Такроран таъкид месозам, ки истифодаи оқилонаи танҳо захираҳои нодири кӯли баландкӯҳи Сарез, ки 17 миллиард метри мукаабро дар бар мегирад, имкони таъмини дарозмуддату устувори аҳолии минтақаи моро бо оби босифати нӯшокӣ медиҳад», — иброз доштанд Пешвои миллат зимни ирсоли Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат дар соли 2018.

Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020» мавриди амал қарор дорад, ки мақсади асосии он таъмин намудани аҳолии мамлакат бо оби нӯшокӣ мебошад.

Мамлакати биҳиштосои мо дар баробари дорои пиряхҳои азим, кӯлҳои нодир ва обанборҳои зиёд буданаш макони дарёҳои зиёди обҳои мусаффо ва ошомиданӣ мебошад, ки ба гуфтаи мутахассисон, оби ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон аз рӯи тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ ошомиданӣ эътироф гардидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз рӯи маълумот 25 ҳазору 200 дарё ба ҳисоб гирифта шудааст. Аз ин шумора дарёҳое, ки зиёда аз 10 км дарозӣ доранд, 947 адад мебошанд. Вобаста ба он, ки баъзе сойҳои аз ҳисоби чашмаҳо ғизогиранда ва мавсимиро, ки маҷрои доимӣ надоранд, ҳисоб намекунанд, ба шумораи умумии дарёҳо аз 25 ҳазору 200 то 28 ҳазору 500 тағйирот ворид шудааст. Дарозии умумии дарёҳои калони Тоҷикистон ба 28 ҳазору 500 км баробар мебошад. Яке аз хусусиятҳои хоси дарёҳои Тоҷикистон ин аст, ки оби ҳамаи онҳо аз рӯи тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ ҳамчун оби ошомиданӣ эътироф гардидааст.

Ёдовар бояд шуд, ки тибқи Қатъномаи СММ, ки моҳи июли соли 2010 қабул гардидааст, ҳар як инсон барои эҳтиёҷоти шахсӣ ва маишии худ ҳуқуқ дорад дар як шабонарӯз аз 50 то 100 литр об дастрас намояд.

Бахтовар Мавлонов  -  устоди кафедраи тарбияи ҷисмонӣ

 



04.12.2020     3917

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php