Озодии виҷдон ва эътиқод

Эълом доштани озодии виҷдон ва эътиқодро аз ҷумлаи музаффариятҳои муҳимтарини инсоният медонанд. Ҳар як давлати ҳозираи демократии ҳуқуқбунёд пеш аз ҳама озодии виҷдонро таҳким бахшида, кафолат медиҳад.

Озодии виҷдон яке яз ҳуқуқҳои асосии шахсии (шаҳрвандии) инсон буда, озодии шахсият аз ҳама гуна назорати идеологӣ, ҳуқуқи ҳар касро барои мустақилона баҳри худ интихоб кардани низоми арзишҳои маънавӣ дар назар дорад.

Озодии виҷдон ҳуқуқи фитрии бунёдии инсон буда, озодии уро баҳри интихоби чахонбинӣ пешбинӣ мекунад. Озодии вичдон ба хар кас аз лахзаи таваллуд мансуб буда, аз шахрвандй вобаста нест. Инсон ҳуқуқи худро ба озодии виҷдон амалӣ гардонда, худро инсон эҳсос мекунад ва ҳаёташ маънӣ пайдо карда, мавқеи худро дар зиндагӣ муайян месозад. Ба ин тарик, он яке аз муҳимтарин хуқуқҳои инсон аст, ки амалй гардонданаш ба шукуфоии давлат, барқарории ҷомеаи шаҳрвандй, амалишавии дигар ҳуқуқу озодиҳо таъсир мерасонад. Мафҳуми “озодии виҷдон” аз руи маъно бо мафҳуми “озодии афкор” хеле наздик буда, бисёр вақт дар ҳамбастагӣ истифода мешавад. Озодии афкор ва виҷдон хаҷман назар ба озодии эътиқод хеле васеъ аст, зеро аввалан, доштани аз ҷумла ақидаҳои атеистиро низ фаро гирифта, сониян, на танҳо ҷанбаи динӣ, балки ҳамаи ҷанбаҳои хаёти зехнй ва маънавии инсонро шомил месозад. Озодии афкор ва виҷдон хуқуқи мутлақи инсон буда, аз ҷониби давлат маҳдуд карда намешавад.

Атеист (эътнқоди динӣ надошта) одамест, ки ба мавҷудияти ҳама гуна қувваҳои фавқултабиӣ бовар надорад.

Озодии эътиқод яке аз унсурҳои озодии виҷдон аст. Он ба дин муносибати бевосита дошта, дар ҳамин соҳа амалӣ мешавад. Озодии эътиқод ҳуқуқи негативӣ буда, ҳимояи озодии дин аз ҷониби давлат таъмини гуногуннавъии диниро дар назар дорад. Давлат ҳуқуқ дорад танҳо вақте дахолат кунад, ки қоидаҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи рафтор дар ҷомеа, қонунгузории мамлакат вайрон карда мешаванд, ба ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хавф таҳдид мекунад. Озодии эътиқод яке аз ҳуқуқҳои асосии шахсии (шаҳрвандии) инсон аст, ки ҳуқуқи ба таври инфиродй ё якчоя бо дигарон эътиқод овардан ба ҳар дин, озодона интихоб намудан, доштан ва паҳн кардани эътиқоди динӣ ва тибқи он амал карданро фаро мегирад. Ба ин тариқ, озодии эътиқод инҳоро дар бар мегирад: ҳуқуқи эътиқод овардан ба ҳар дин; ҳуқуқи ба чо овардани расму оинхои динй; ҳуқуқи иваз кардани дин; ҳуқуқи паҳн кардани иттилоот дар бораи таълимоти динӣ; ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти динӣ; ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолияти хайру эҳсонкорӣ; ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолияти динии фарҳангӣ- маърифатй; озодй аз табъиз бо асосхои динй.

Эҳтиром ба ҳуқуқҳои инсон ба озодии виҷдон ва эътиқод бо ҳақ баровардани ҳама гуна амалҳои динӣ ва ҷазодихӣ нисбат ба одамони алоҳида, ё ба ташкилотҳои динӣ номувофиқ аст. Чунончӣ, ҷавобгарии чи гражданӣ ва чи ҷиноятӣ наметавонад ба тамоми ташкилоти динӣ паҳн шавад, танҳо ба ин сабаб, ки як ё якчанд аъзои он ба ҳуқуқвайронкунй ё чиноят айбдор карда мешаванд.

Дар давоми асрҳо муносибатҳои байниҳамдигарии эътиқодмандон ва эътиқод надоштагон (чун намояндагони динҳои гуногун) басо мураккаб буд. Замонҳое буданд, ки эътиӯодмандон барои муҳаббати худ ба Худованд дучори азобу укубатҳо мешуданд. Аз чумла дар ин хусус ба хотир овардани тақдири насрониёни аввалин дар Рими қадим кофист. Дар асрҳои миёна, дар замони бартарияти комили эътикодмандй ҳоли онҳое, ки умуман ва ё ба андозаи зарурй эътикод надоштанд, хароб буд. Дар Аврупо судҳои инкивизитсия бар хилофи аҳкоми маҳакии насронии “накуш” озодфикронро хеле “муваффақона” нобуд месохтанд. Нучумшинос ва риёзидони бузург Мирзо Улуғбек (солхои 1394-1449) низ чун бисёр олимони он замон ба он сабаб, ки ба инкишофи чунин илмхои дақиқ, чун нуҷумшиносӣ ва риёзӣ, мусоидат карда, мавқеи чойгиршавии ситораҳоро меомухт, таблитсаи астрономй мураттаб сохта, дар як гушаи Самарқанд нахустин расадхонаи чаҳонро бунёд намуд, ба “бехудоӣ” айбдор карда шуд. Ба андешаи руҳониён фақат Худованд кодир буд, ки ситораҳо ва кайҳонро омузад. Онҳо барои тозагии дин мубориза бурда, муваффақ шуданд, ки ба писари Улуғбек Абдулатиф таъсир расонанд ва у барои куштани падараш розигӣ диҳад. Ҳамин тавр, Мирзо Улуғбек соли 1449 аз дасти қотили зархарид Аббос кушта шуд. Дар асри XX дар як катор мамлакатҳои сотсиалистӣ ба дин зарбаи ҳалокатбор зада шуд. Дар Иттиҳоди Шуравӣ муносибати руҳониён бо Давлати Советӣ ба таври драмавӣ сурат гирифт. Аз Инқилоби Октябр вақти зиёде нагузашта, Декрет дар бораи ҷудо кардани калисо аз давлат ва мактаб аз калисо кабул шуд. Он ба эътиқодмандон ва атеистон ҳуқуқҳои баробар дод. Вале дар амал эътиқодмандон ва ходимони дин беш аз пеш дучори таъқиб, маҳдудсозиҳои ҳуқуқҳояшон мегардиданд, зеро идеологияи расмии Иттиходи Шуравӣ ба атеизм асос ёфта буд. Дар даҳсолаҳои аввали мавҷудияти ИҶШС намояндагони ҳамаи конфессияхои динӣ дучори таъқибу ҷазодихӣ гардида, бисёре аз онҳо нест карда шуданд. Ба таври оммавӣ вайрон кардану мурдорсозии калисоҳо, масҷидҳо, аҳром ва синагогҳо, ки бисёре аз онҳо ёдгориҳои таърихию меъморӣ буданд, шуруъ ёфт. Одами ошкоро эътиқодманд аз ҷумла умеди иштирок кардан дар мақомоти хокимият ва идоракунӣ, ишғол кардани вазифаҳои роҳбарикунандаро надошт. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ руҳониён худро аз нигоҳи ватандустӣ нишон доданд ва таъқиби онхо андак сусттар шуд. Вале дар солхои 60-ум пушидашавй ва вайронсозии иншоотҳои динй характери харобиовар касб кард. Баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон асосҳои ҳуқуқии озодии вичдон ва эътиқодро таҳким бахшиданд. Чунончӣ, тибқи моддаи 18-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар “ҳар як инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад; ин ҳуқуқ аз тағйири озодонаи дин ва эътиқод, пайравии озодонаи дин ё эътиқоди худ чи бо тартиби инфиродй ва чи якчоя бо дигарон, ба таври оммавй ё хусусй дар таълим гирифтан, ибодат намудан ва расму оинҳои динй ва маросимиро иҷро кардан иборат аст”. Ин ҳуқуқ озодии доштан ё қабул кардани дин ё эътиқодро мувофиқи интихоб ва озодии ибодат кардан ба дину эътиқоди худ чи танҳо ва чи якчоя бо дигар одамон, ба таври оммавй ё хусусй, интиқоли дин, иҷрои расму оинҳо ва таълимоти динию маросимӣ фаро мегирад”. Мувофиқи санади мазкури байналмилалӣ- ҳуқуқӣ касе набояд дучори маҷбурсозие гардад, ки озодии уро нисбати доштан ё қабул кардани дин ва эътиқодмандӣ аз руи интихоби худ мекоҳонад. Аз охири солҳои 80-ум вазъият дар соҳаи дин дар мамлакати мо ру ба беҳбудӣ овард. Ибодатхонаҳо барқарор мегарданд, ба эътиқодмандон баргардонда мешаванд, ҷамоаҳои нави динӣ ба миён меоянд. Ходимони дин имконияти ҳар чи бештари ба таври оммавӣ баён кардани фикри худ, иштирок кардан дар ҳаёти ҷамъиятӣ доранд. Ҷамъият ба дарки нуктае наздик мешавад, ки ҳуқуқ ба озодии виҷдон шарти ҷудонопазири мавҷудияти шоистаи инсон аст. Дар Конститутсияи ҳозираи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ озодии виҷдон ва эътиқод кафолат дода мешавад, ки музаффарияти муҳими мамлакат дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқ бунёд ва демократӣ мебошад.

Дар мамлакати мо ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро ба дин мустақилона муайян намояд. Агар дар замони шуравӣ соле ҳамагӣ 30 нафар ба ҳаҷ мерафта бошанд, холо хамасола чунин имкониятро беш аз 2 ҳазор мусулмонони Тоҷикистон доранд. Давлат ба зиммаи худ уҳдадорӣ мегирад, ки дар асосҳои қонунӣ ҳуқуқҳои баробарӣ эътиқодмандон ва одамони эътиқоднадошта, намояндагони як динро бо ашхоси пайрави эътиқоди дигар таъмин менамояд

Озодии омурзиш ба дин ва эътиқодро чун ҳуқуқу озодиҳои асосии дигар одамон барои нигаҳдории амнияти ҷамъиятӣ, тартибот, тансиҳатию ахлоқ тибқи тартиботи муқарраршуда маҳдуд кардан мумкин аст. Яъне маҳдуд кардани озодии виҷдон ва эътиқод, агар дар асоси қонун эътироф шавад, ки кадом як дине характери зидди инсондустона, барои саломатӣ, маънавият ва амнияти чамъиятӣ зараррасон дорад, мумкин аст. Ин ҷо сухан пеш аз хама дар бораи тариқатҳо ё сектаҳои (мисли “Аум-Сенрикё” ва ғайра) ба тариқи сунъӣ аз ҷониби васвосиҳо -мутаъаллимин таъсисёбанда, расму оинҳои одамонро таҳқиркунанда ва ғайра меравад.

Секта (аз лот.Secta -таълимот, самт, мактаб) гуруҳ ё ҷамоаи диннест, ки аз калисои ҳукмрон чудо шудааст.

Ин ҷо ҳамчунин созмонҳои майли экстремистӣ доштаеро чун “Ҳизб- ут-таҳрир-ал-исломӣ” шомил сохтан мумкин аст, ки ислом барояшон фақат чун ниқоб, усули муваффақшавӣ ба ҳадафҳои “ифлосашон” аст. “Ҳизб-ут-таҳрир-ал-исломӣ” ҳизби экстремистии радикалии сиёсиест, ки кушиш дорад, бо роҳи ғасби ҳокимият ва маҳв сохтани одамони ба онҳо эътиқоднадошта дар тамоми чаҳон давлати исломӣ барпо намояд. Дар ин маврид ҷонибдорони ҳизби мазкур аз қафоравии архаистонаи хеш ба гузашта шарм намедоранд. Онҳо бо ғояи эҳёи чунин диндорие қаллобӣ мекунанд, ки озодии виҷдон, яъне дастовардҳои ҳозираи тамаддуни ҷаҳонӣ ва демократия, меъёрҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро намегузорад. Фаъолияти чунин ҳизбҳо ва ҳаракатҳо дар қаламравии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодняҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабҳоро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гуруҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо карда шудаанд ва наметавонанд, ки ба корҳои давлатӣ мудохила кунанд. Идеологияи ягон ҳизб, ягон дин ҳамчун давлатӣ эътироф карда намешавад. Давлати дунявӣ тавсифи конститутсионӣ-ҳуқукӣ давлатест, ки маънии чудоии дин аз давлат, маҳдуд будани соҳаҳои фаъолияти онро дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 1 характери дунявӣ доштани давлатро эълон карда, муқаррар намудани ягон динро ба сифати давлатӣ ё ҳатмӣ манъ мекунад. Ҳоло дар мамлакати мо бисёр ҷомеаҳои динӣ фаъолият дошта, ҳамаи онҳо дар назди қонун баробаранд ва ҳуқуқҳо, озодиҳо ва вазифаҳои баробар доранд.

Моҳияти «давлати дунявӣ» манфиатҳои ҳамаи табақаҳои ҷомеа, ҳамаи гуруҳҳои одамон- мусулмонон, насрониҳо ва намояндагони дигар динҳо, ҳамчунин онҳоеро, ки эътиқоди динӣ надоранд, ифода мекунад. Дар фаҳмиши имрӯза моҳияти дунявӣ маънии таъмини ҳамзистии осоштаи динҳо ва давлатро дорад, ки ба корҳои якдигар халал намерасонанд, ба ҳуқуқу вазифаҳои якдигар даъвогар нестанд. «Дунявӣ» маънии «зиддидинӣ» ё «зиддиатеистӣ» надорад. Давлати дунявӣ муқобилмаънои (антоними) мафҳуми«давлати исломӣ» нест. Қонунҳои Тоҷикистон озодии эътиқоди динӣ ва фаъолияти муассисаҳои диниро эътироф мекунанд. Дар ин фаҳмиш «моҳияти дунявӣ» эҳтирому ҳифзи «эътиқодҳои динӣ», чаҳондарккуниҳои гуногун ва ҳимояи онро аз рақибон» инъикос менамояд. Ҳангоми муайянсозии мавқеи ислом ва ҳизбҳои динӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба назар гирифтани нуқтаҳои пешбиникардаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймони байналхалқӣ дойр ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар хусуси он, ки ҳар як одам на танҳо ба озодии фикр, виҷдон ва эътиқод ҳуқуқ дорад, балки табъиз низ дар заминаи динӣ раво нест, басо муҳим аст. Барои мамлакати мо, ки тули дахсолҳои зиёд бехудосозии маҷбурии аҳолиро аз cap гузаронидааст, ҳануз иҷрои корҳои зиёде дар пеш аст, то ки муносибатҳои динӣ моҳияти мувофиқ ба давлати мутамаддинро соҳиб шаванд.

Шӯъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

08.07.2020     6107
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php