Ифротгароӣ ва терроризм- зуҳуроти номатлуби замони муосир

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Тероризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш- таҳдид ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё конистутсионӣ дар мамлакат, касби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ  ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамиятӣ, тарсонидани аҳоли ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зуроварӣ, зулм фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозҳо ба вуҷуд овард, ки он мумкин ба ифротгароӣ сабзида расад. Чӣ тавре, ки ҷараёни таърихи нишон медиҳад, ѓояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияӣ нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо гурӯҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихи ва рисолати шаҳрванди истиқлолияти миллӣ ва чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳаби, пос доштани сатҳи фарҳангӣ- сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқи аҳолии кишвар, хусусан зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Бинобар ин мо – шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятшинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкимбахшидани миллӣ саҳмгузор бошем. 

Мавриди аввал вақте, ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад, ки бар зидди беадолати мубориза барад. Мавриди дуюм: дар мавриде, ки барои ҳокимият мубориза бурда мешавад.

Ифротгарои динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки бо зуран ѓасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.

Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки хадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тавриқаандози миёни ифроди миллат нест. Вагарна бо чи сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ- иҷтимоии ватан канорҷӯи мекунаду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯву харобкориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористи ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи « қаҳрамонӣ», «фидокорӣ», ташбеҳ мекунанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманони худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷӣ худро иҷро намоянд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам таълошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихи миллати худ, фориѓболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии он шахсро бо инкори ҳақиқат гузашта, ба бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад. 

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарѓиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгири аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оѓози амалҳои ѓаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ –маънавӣ (ахлоқию динӣ)- ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ мебошад.

Дар вақти таълими фаннҳои таърих ва ҳуқуқ ва корҳои тарбиявию беруназсинфӣ дар масъалаи хавфи терроризм дар ҷаҳони имрӯза ва ҳушёрию зиракии наврасон дар масъалаи гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористи эътибор дода мешаванд.

Г.С.Ҷумаева , М.Қ.Муродова, 

омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷӣ ва лотинӣ



15.10.2020     720
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php