ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ: ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ ОН

Ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ яке аз хатарҳои мудҳиши ҷаҳони муосир ба шумор меравад, ки доираи амали он аз як мамлакат берун баромада хусусияти умумиҷаҳонӣ мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ оқибатҳои даҳшатноки ин падидаро аз сар гузаронид.

          Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои қаблии худ ба Маҷлиси Олӣ ба ифротгароӣ ва терроризм ҳамчун як падидаи номатлуб, хатарнок ба сулҳу осоиштагӣ ва оромии ҷомеа, ва ба террорист ҳамчун фарде, ки “ватан, мазҳаб ва дин” надорад баҳо доданд, инчунин роҳои гуногун ва дастаҷамъонаи муборизаро ба муқобили ин вабои аср таъкид карданд.

           Аз ҷумла дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26.12с.2018 омадааст: “Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.

           Ин таъкидҳо моро ба хулосае меорад, ки барои мубориза бурдан алайҳи ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ нерӯи якҷояи дастаҷамъона лозим аст, ки дар он бояд оила, мактаб, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ходимони дин дар маҷмӯъ ҳар фарди солимфикру масъулиятшиноси ҷомеаи Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд.

Барои исботи он ки экстремизм ва терроризм як падидаи хатарзо ва ҷангҷӯ ба шумор меравад пеш аз ҳама бояд мо ба мазмуни ин мафҳумҳо сарфаҳм равем. Маънои луғавии Экстремизм (ифротгароӣ) – тундравӣ, ақида ё мафкураеро аз ҳад боло гузоштан, аз андоза гузаштан, ба ақида ё мафкураи дигаре созиш накардан мебошад. Терроризм низ маҳсули мафкура ё андешаи ифротгароёна мебошад, ки таърихи дуру дароз дорад.

             Бо усули террор (суиқасд) аз байн бурдани рақиби сиёсӣ аз замонҳои қадим вуҷуд дошт. Дар дунёи қадим ва асрҳои миёна шоҳон, императорҳо, амирон дучори террор мегаштанд. Аммо ин падида дар он замонҳо ҳамчун террори шахсӣ (индивидуалӣ) буд ва он хусусияти сиёсӣ надошт, бештар барои ба ҷойи як ҳоким ҳокими дигарро овардан буд.

             Коршиносон дар замони муосир экстремизмро ба навъҳои зиёд ҷудо мекунанд, аммо бештари онҳо ифротгароиро дар се шакл – динӣ, сиёсӣ ва миллӣ эътироф мекунанд. Агар мо ба таҷовузкориҳо ва истилогариҳое, ки дар таърих ба амал омадаанд назар кунем бештари онҳо дар заминаи ифротгароии динӣ, сиёсӣ ва миллӣ рӯх додаанд, ки оқибатҳои манфии он ҳалок шудани мардуми зиёди бегуноҳ, валангор гаштани шаҳрҳо ва минтақаҳои обод, нест гардидани осори фарҳангии халқу миллатҳои гуногун мебошад.

          Агар мо ба таърихи инсоният фақат дар асри XX назар афканем ба хулосаи аниқе меоем, ки сиёсати фашизм дар Олмони солҳои 30–ум хусусияти ифротгароии миллӣ ва сиёсӣ дошт, ки натиҷаи он ҶДҶ буд, ё сиёсати сионизм дар Шарқи наздик, то ҳол сабаби нооромии ин минтақа гардидааст.

            Таъсисёбии созмонҳо ва ташкилотҳои экстремистӣ руй додани амалҳои даҳшатафканӣ дар гушаву канорҳои олам аз рӯйи хусусият ва мақсадҳои худ коршиносонро ба хулосаемеорад, ки дар ҷаҳони муосир ин падида бештар хусусияти динӣ гирифтааст.

             Таълимот ва мафкураҳои ифротгароӣ, ки аз ҳама зиёд дар давлатҳои Ироқ, Сурия, Афғонистон, Покистон, Лубнон зуҳур када, амалҳои террористии ин созмонҳо ҳатто дар ҳудудҳои Фаронса, Олмон, Белгия, Украина амалӣ гаштаанд. Ҷунбишҳо ва амалҳои экстремистию террористӣ дар замони муосир хусусияти сиёсӣ дошта, мақсади асосии онҳо суст гардонидани пояҳои сохти конститутсионӣ, даҳшату ваҳм ба вуҷуд овардан миёни мардум ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ мебошад.

          Аз мисолҳои дар боло зикршуда, чунин хулосаи аниқи илмӣ баровардан мумкин аст, ки дар он мамлакатҳое, ки ҷунбишҳои экстремистӣ ва террористӣ фаъолият доранд, ҷангҳои шаҳрвандӣ солҳо идома доранд (Сурия, Ироқ) ва дар қисме аз онҳо даҳсолаҳо ноустувории сиёсӣ давом дорадва осоиштагии ҷомеа зери хатар мебошад. Хусусияти манфӣ ва даҳшатноки экстремизм ва терроризм боз дар он зуҳур меёбад, ки бо ин ҷунбишҳо ва ҳаракатҳо муросо ва ризояти миллию сиёсӣ ба даст овардан барои манфиатҳои умумиҷамъиятӣ хеле мушкил ва ҳатто номумкин мебошад.

              Дар ҷаҳони имрӯза миқдори иттиҳодияҳо ва ҷунбишҳои ифротгароию террористиро аниқ муайян кардан хеле мушкил аст, аммо аксарияти ин ташкилотҳо ва ҳаракатҳо амалҳои даҳшатафкании худро бо шиорҳои динӣ ба анҷом мерасонанд.

         Дини ислом яке аз динҳои ҷаҳонӣ башумор меравад. Ин дараҷаи баландро дини мубини ислом бо доштани арзишҳои баланди ахлоқию суннатӣ ва ҳуқуқӣ, ба монанди баробарии ҳамаи инсонҳо, некукорию дасти мадад дароз кардан ба муҳтоҷон, ятимон, ва дигар табақаҳои ниёзманд, эҳтиром ва эътирофи суннат ва оинҳои дигар халқу миллатҳо, дустию ваҳдат миёни инсонҳо, эҳтирому пос дории сулҳ ва рафъ намудани низоъҳо, таҳаммул ва бахшиши гуноҳҳо, шинохти ҳақи занон ва эҳтироми падару модар ва калонсолон соҳиб гардидааст.

             Амалҳои даҳшатафкание, ки имрӯзҳо дар минтақаҳои гуногуни олам рӯӣ медиҳад ва дар онҳо на рақибони сиёсӣ ҷудо карда мешаванд, балки бештар одамони бегуноҳ ҳалок мегарданд. Аз ҷониби дигар ифротгароён ин кирдорҳои худро бо шиорҳои динӣ “асоснок” мегардонанд. Ин падида хилофи асосҳои маънавию ахлоқӣ ва ҳуқуқии дини мубини ислом буда кирдорҳои ифротгароён фақат бадном кардани ин дини шариф ва поку наҷиб мебошад.

            Ҷомеаи кунунии Тоҷикистонро лозим аст, ки ба муқобили ин падидаи хатарноки аср муборизаи дастаҷамъона бурда ва ҳарчи бештар шомилшавии ҷавононро ба ташкилотҳо ва ҷунбишҳои экстремистию террористӣ пешгирӣ намоянд.

            Дар амалисозии ин мақсади наҷиб пеш аз ҳама ҳар як оила саҳми калон гузошта метавонад чунки дар оила асосҳои маънавии тарбияи ҳар як фард бунёд меёбанд.

        Дар мубориза ба муқобили ифротгароӣ ва терроризм муассисаҳои таълимӣ дар ҳамаи зинаҳо, миёнаи махсус, донишгоҳу донишкадаҳо саҳми калон гузошта метавонанд, чунки кормандони ин муассисаҳо имкон доранд, ки ба толибилмон мақсад ва моҳияти экстремизм ва терроризмро шарҳ диҳанд ва шомилшавии ҷавононро дар ин раванд пешгирӣ намоянд.

         Ходимони дин низ метавонанд дар мубориза алайҳи экстремизм ва терроризм саҳми босазо дошта бошанд, чунки шинохти чеҳраи ҳақиқии ифротгароӣ ва даҳшатафканиро пеш аз ҳама онҳо метавонанд шарҳ диҳанд ва дар пешгирӣ намудани амалҳои террористӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

         Ҳар яки моро лозим аст, ки бо эҳсоси баланди ватандустию масъулияти шахсӣ муқобили ин падидаи манфӣ муборизаи дастаҷамъона барем, то ки суботу оромии ҷомеаи ватани маҳбубамон пойдор бошад ва имконият барои рушди хоҷагии халқи мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии халқамон, барои тарбияи насли навраси ояндасозу бунёдкор шароити моддию маънавӣ фароҳам оварем.

                                                    

Худойдод Исматов, Қиматзода Рустам

Маркази омодагии қаблӣ

 


16.12.2019     950
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php